Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Баёнияи ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Дар сафари ахираш Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бдахшон(ВМКБ), бори дигар иттиҳомоти мақомоти кишварро такрор намуда, ҳодисаи террористии ҳамла ба сайёҳони хориҷиро кори дасти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), унвон кард.

ҲНИТ қаблан тамоми ин иттиҳомотро рад намуда, бо маҳкум намудани ин амали террористӣ, талаб намуда буд, ки барои таҳқиқи бетарафонаи ин ҷиноят як гурӯҳи тафтишотии байналмилалӣ бо ширкати кишварҳои зидахл ташкил карда шавад. ҲНИТ омодагии худро барои ҳамагуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳ низ эълон карда буд.

Ба хусус пас аз онки Носирхуҷа Убайдовро мақомот узви ҲНИТ эълон карданд, ба дастури раҳбарияти ҳизб таҳқиқоти дохилиҳизбӣ сурат гирифта натиҷаи таҳқиқот ҳам эълон шуд, ки шахсе бо ин мушаххасот ҳаргиз узви ҲНИТ набудааст.

Такроран садо додани ин иттиҳомот аз забони Э.Раҳмон дар ВМКБ, маънои онро дорад, ки тафтишоти бетарафона ва ошкор шудани омилони аслии ин ҷиноят ба нафъи раҳбарияти кишвар нест ва намехоҳанд ин ҳодиса мавриди таҳқиқи бетарафона қарор гирифта омилони аслии он ошкор шаванд.

Дар зимн, даъвати Э.Раҳмон ба истифода аз нерӯҳои мусаллаҳ дар ВМКБ нигаронкунанда ва хилофи қонун аст. Зеро дар натиҷаи чунин сиёсати ғалат ва носанҷида дар соли 2012, даҳҳо афроди бегуноҳ кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ, бори дигар тамоми иттиҳомоти мақомоти кишварро рад намуда ҳамзамон талаб менамояд, ки ҳукумати кишвар аз таҳдид ва истисофодаи неруҳои мусаллаҳ бар зидди мардуми осоишта, даъват ба хушунат ва муташанниҷ кардани авзоъи кишвар даст кашида, ба фикри ислоҳи вазъ ва баргардонидани суботу оромиш ба кишвар бошанд.
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
17.09.2018