Абдуқаҳҳор Давлат
Абдуқаҳҳори Давлат (Давлятов Абдуқаҳҳор Абдукаримович), сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шӯъбаи равобити хориҷии ҲНИТ, журналист, собиқ сардабири нашрияи “Наҷот” ва директори Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии “Пресс-панорама” аст.
Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.
Абдулқаҳҳор 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румии кунунӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Таҳсил
Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа ва сипас факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ-ро хатм кардааст.
Ӯ сипас дипломи риштаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дарёфт намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ
Абдуқаҳҳори Давлат яке аз фаъолтарин ҷавонони ҲНИТ маҳсуб мешавад, ки дар маҳофили сиёсии кишвар ҷойгоҳи худро дорад.
Вай дар 15 соли ахир дар бахшҳои мухталифи Ҳизби наҳзат аз симати котиби дастгоҳ ва муовини раиси шуъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ то сардабири “Наҷот” ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб ифои вазифа кардааст.
Дар баробари фаъолиятҳои ҳизбӣ, ӯ ҳамчунин ба унвони ёвари директори хабаргузории “Мизон”, сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати саноати ҶТ, директори Маркази таҳлилии “Пресс-панорама” ва ғайра анҷоми вазифа намудааст.
Боздошт
Кормандони КДАМ шаби 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Абдуқаҳҳор донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 1 фарзанд аст.