Абдусамад Fайратов
Ҳоҷӣ Абдусамад Ғайратов (Fайратов Абдусамад Исмо-илович), сиёсатмадор ва фаъоли сиёсӣ, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва соҳибкор аст.
Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.
Абдусамад соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябр тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуд.
Таҳсил
Абдусамад пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кардааст.
Фаъолияти сиёсӣ
Вай аз ҷавонони собиқадори ҲНИТ ба шумор меравад ва собиқ раиси шуъбаи Кӯлоб аст.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Абдусамад донандаи забони русӣ ва форсӣ буда, оиладор аст.