Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ-и мамнуъ дар хориҷи кишвар

Ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ-и мамнуъ дар хориҷи кишвар

Ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ-и мамнуъ дар хориҷи кишвар

Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ҷаласаи Шӯрои олияшро баргузор кардааст.

Дар ин бора Бобоҷони Қаюм дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки худро узви раёсати олии ин ҳизб муаррифӣ мекунад.

Вай ҳамчунин чанд акси ин ҷаласа ва баёнияеро бо муҳри ҲНИТ паҳн кард, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари гурезаи ин ҳизб ва чанд тани дигарро дидан мумкин аст. Бино ба иттилои манбаъ, ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ тӯли чор рӯзи ахир то 2-юми майи соли ҷорӣ дар яке аз кишварҳои хориҷӣ идома доштааст.

Дар баёния аз ҷумла омадааст: “Роҳбарияти кишвар барои рӯпӯш кардани камбудиҳои хеш ва кашонидани зеҳни ҷомеа аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба самти мушкилоти амниятӣ, талош дорад, ки кишварро ҳамеша дар ҳолати буҳронҳо ва чолишҳои амниятии дохилӣ ва минтақаӣ нигаҳ бидорад”.

Раёсати ҳизби мамнуъ “миллатро дар рубарӯи як хатари бузург” дидааст ва гуфтааст, ки акнун “барномаҳои ояндаи худро бо назардошти ин хатарҳо бояд тарроҳӣ кунад”.
Ҳизб гуфтааст, ки бо сабраш тавонист садди роҳи мусибатҳои бештар шавад. Вай боздошти беш аз 200 узви ҳизбро талафоти бузург номидааст, вале навиштааст, ки “бо ин сиёсати худ тавонист пеши роҳи мусибати бузургтареро бигирад, ки қатли оми мардум аз тарафи мақомот буд”.

Дар ҳамоиши ахир қарор шудааст, ки “вобаста ба шароити имрӯза ислоҳот ва тағйироти лозимиро дар сохторҳои ҳизб ворид кунад. Аз ҷумла, салоҳиятҳо ва вазифаҳои Анҷумани ҳизб то вақти баргузории он ба уҳдаи Раёсати Олӣ вогузошта шуд. Инчунин, салоҳиятҳои машваратӣ ва тасмимгирии Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба Раёсати Олӣ ва салоҳиятҳои иҷроияи он ба уҳдаи Шӯрои иҷроияи ҲНИТ вогузор гашт. Ҳамин тариқ, аз чор ниҳоди идоракунанда ва иҷроияи ҳизб, дар даврони ҳиҷрат ду ниҳод, Раёсати Олӣ ва Шӯрои иҷроия ҳамаи салоҳиятҳоро барои тасмимгирӣ ва иҷрои вазифаҳои ҳизб доро мебошанд”.
Қарор қабул шудааст, ки “ба хотири омода намудани Платформаи муштараки фаъолият ҳамоҳангӣ бо тарафҳои гуногун ҷоннок карда шавад. Манфиатҳои миллӣ, самимият ва шаффофият аз меъёрҳои аслии ҲНИТ барои ҳамкорӣ бо тарафҳои дигар шинохта шавад”.

Тазаккур бояд дод, ки ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олӣ ҳизби мамнуъ ва террористӣ эълон шудааст.
Аз 16-уми сентябр 13 нафар аз узви Раёсати олии он дар ҳабсанд ва мурофиаи додгоҳии онҳо ҳоло ба таъхир афтодааст.

http://www.tojnews.org/ru/node/11493