Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Ҷавоби ҲНИТ ба муроҷиати муҳоҷирони тоҷик оиди таъсиси ТВ

Ҷавоби ҲНИТ ба муроҷиати муҳоҷирони тоҷик оиди таъсиси ТВ

Ҷавоби ҲНИТ ба муроҷиати муҳоҷирони тоҷик оиди таъсиси ТВ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Чанде пеш аз номи як идда ҳамватанони муқим дар Русия номае ба унвонии роҳбарияти ҲНИТ расид, ки дар он пешниҳод шудааст то як телевизиони моҳвораӣ барои расонидани афкор ва андешаҳои гуногун ба мардум таъсис шавад.

Роҳбарияти ҲНИТ ба муаллифони муроҷиатнома изҳори ташаккур намуда, онҳоро мутмаин месозад, ки пешниҳоди онҳо ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад гашт. Худи пешниҳод баёнгари он аст, ки таъсиси як телевизиони мардумии озод ва ҳирфаӣ барои расонидани афкор ва маьлумотҳои алтернативӣ ниёзи ҷомеъаи имрӯз аст.

Бояд таъкид кард, ки таъсиси як телевизиони ҳирфаӣ дар  шароити ҳиҷрат кори чандон осон нест. Таҷрибаи таъсиси телевизиони мустақил дар гузашта аз тарафи афроди алоҳида нишон дод, ки танҳо хоҳиш ва зарурат барои роҳандозии он кофӣ набуда, имконоти моливу техникӣ ва аз ҳама муҳим, кадрҳои мутахассис, шарти асосии фаъолияти як телевизиони муваффақ мебошанд.

Дар баробари ин, роҳбарияти ҲНИТ эътиқод дорад, ки телевизиони мардумии озод набояд мутааллиқ ба ин ё он ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ бошад. Он бояд минбари воқеъии тамоми қишрҳо, гурӯҳҳо ва шаҳрвандони кишвар гашта, ба мардум воқеъиятҳоро бирасонад ва довар худи миллат бошад, на муассисон ва кормандони расонае мисли телевизион. Бинобар ин, ҲНИТ танҳо метавонад дар таъсис ва фаъолияти чунин телевизионе саҳми худро дар қатори дигар гурӯҳҳо, ҷараёнҳо ва афроди дилсузи миллат бигзорад ва бояд гуфт, ки ин раванд алакай оғоз шудааст. Мо умедвор ҳастем, ки ин раванди оғозгашта дар нимароҳ намонда, аз тарафи ҳамватанон , ба хусус, ҳамватанони муҳоҷир мавриди пуштибонии ҳаматарафа қарор хоҳад гирифт.

Роҳбарияти ҲНИТ бори дигар барои пешниҳод ва омодагии пуштибонӣ аз таъсиси чунин як телевизион ба муаллифони муроҷиатнома изҳори миннатдорӣ намуда, машваратҳои худро бо мутахассисони миллии соҳа ва омодаи хидмат ба миллат суръат хоҳад бахшид.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Сухангӯи ҲНИТ