Бо баҳонаи зодрӯзи Раҳмутллои Раҷаб
Дар бораи омадан ва пайвастани чанд нафар ба ҲНИТ бояд ҷиддӣ суҳбат кард. Меарзад, ки чигуна омаданашон ба ҲНИТ ва чигуна узви РО шуданашонро таҳлил кард. Муҳаммадалии Ҳаит, Ҳикматулло Сайфуллозода, Воҳидхон Қосиддинов ва чанд нафари дигар бо шумули Раҳматуллоҳи Раҷаб. Онҳо аз ибтидо узви ҲНИТ набуданд, балки баъдан дар замоне ба он пайвастанд, ки ҲНИТ дигар на ҳамчун як ҳаракат, балки ҳамчун як ҳизб фаъолият мекард. Ин гурӯҳ аксаран дар сохторҳои давлатии замони Шуравӣ ва баъдан дар ҳаракатҳои даврони озодихоҳии солҳои 90 фаъолият кардаанд. Яъне тасодуфан вориди он нашуда буданд, балки санҷида ва ҳадафмандона ворид шуданд ва дар сафи он барои озодиву ободии кишвар заҳматҳои зиёде кашиданд. Дар бораи нақши онҳо дар ҲНИТ дар оянда шояд дар фурсатҳои дигар нависам. Аммо имрӯз мехоҳам дар бораи Раҳматуллои Раҷаб нависам, ки имрӯз зодрӯз дорад.
Ӯ дар даврони истиқлол дар сафи созмони мардумии Растохез мубориза мебурд. Танҳо ҳадафаш озодии миллат ва истиқлоли кишвар буд. Дар созмони мардуми “Растохез” ҳамроҳ бо дигар ҳамсафонаш талошҳои зиёде кард. Як муддат дар Кумитаи Радио ва телевизион ҳам ҳамроҳ бо М. Ҳаит, А. Комилзода, Х. Қосим ва дигарон фаъолият кардааст. Собиқаи кор дар нашрияҳои “Чароғи рӯз” ва “Миллат”ро низ дорад.
Дар замони Шуравӣ ӯ дар риштаи иқтисод таҳсил кардаву дар “кумитаи омор” кор кардааст. Собиқаи кор дар “Ҳукумати Муросои Миллиро” низ дар корномааш дорад.
Аммо пас аз имзои созишномаи сулҳ ӯ орзӯҳо ва ҳадафҳояшро аз тариқи ҲНИТ амалишаванда дида буд. Ба ҳамин хотир ба он пайваст. Ӯ дар ҲНИТ чандин сол ба унвони масъули шуъбаи интихобот иҷрои вазифа кардааст. Таҷрибаи фаъолиятҳои омориашро дар ихтиёри ҲНИТ қарор дод ва боис шуд, ки кори шӯъба ба таври чашмрас рушд кунад.

Сипас ӯро масъули бахши НИТ таъйин карданд. Дар ин самт ҳам корҳояш назаррас буданд. Баъдан узви Раёсати ҲНИТ ҳам интихоб шуд ва роҳашро идома дод.
Баракси интиқоди хелеҳо ӯ мулло набуд. Балки як инсони мусалмон ва мутахассис буд, ки ормонҳояшро дар ҲНИТ пайдо карда буд. Ҳамеша барои расидан ба ҳадафаш талош мекард.
Шӯхиҳои Раҳматуллои Раҷаб барои аксарияти мардуми ҲНИТ ошно буд. Ҳамин ҳоло ҳам вақте дар бораи ӯ менависам, чеҳраи хандонаш бо планшете дар даст пеши назарам меояд, ки шухие мекарду мегузашт. Вақте фаҳмидам, ки имсол ӯ 63 сола мешавад хеле ғамгин шудам. Ин 6 умин сол аст, ки Раҳматуллоҳ ҳамроҳи дигар ҳамсафони бегуноҳаш дар кунҷи зиндон нишастаанд.
Ман медонам, ки ин синну сол барои ӯ чӣ аҳамияте дорад? Ба хотири ба синни мубораки паёмбар расиданаш ҳатман ин зодрӯзашро ба шакли дигар ҷашн мегирифт. Ҳамаро даъват мекарду дар ҳалқаи дӯстонаш бо шухиҳои хосси худаш онро дигаргуна мекард. Аммо афсус...
Вале ман ноумед нестам. Зеро медонам, ки ӯ шахсияти қавиву устувор ва иродаи фулодин дорад. Медонам, ки ӯ таслими сахтиҳо намешавад, чуноне, ки то ҳол нашудааст. Бовар дорам, ки рӯзе ӯ бо сари баланд озод мешавад. Зеро насими озодӣ аз ҳар тараф ба вазидан шурӯъ кардааст. Он рӯз дур нест!
Замоне ба мо дар бораи шиканҷа шудани Билолу Аммору Сумайя мегуфтанд ва мегӯянд. Баъдан дар бораи шуҷоату ҷавонмардии Умар Мухтору дигарон филмҳо медидем.
Ҳоло мо ба фарзандонамон дар бораи шуҷоату ҷасоарт ва мардонагиву матонати Раҳматуллои Раҷабу Маҳмадалӣ Ҳаит, Сайдумар Ҳусайниву Зубайдуллоҳи Розиқ, Махсуми Абдусаттору Сино Ҳасанзода мегӯем.
Қиссаи родмардони озодихоҳи Тоҷикистони муосир барои ҳамеша дар таърих сабт хоҳад монд.
Аз ин пас ҳамеша номи Раҳматуллои Раҷаб бо номи зиндонии сиёсии тоҷик, бо номи озодихоҳии тоҷик, бо номи адолатхоҳии тоҷик, бо номи ҷасорату мардонагии тоҷик якҷо ва ҳамроҳ хоҳад буд.
Зудрӯзи адолату шуҷоату ҷасорати тоҷик муборак!
Зодрӯзи муборизаву сарбаландиву шаҳомати тоҷик муборак!
#Зодрӯзи Раҳматуллоҳи Раҷаб муборак!
#IRPT
#ПИВТ
#ҲНИТ
#Тоҷикистон
#зиндониисиёсӣ
#politicalprisoners