Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Азия-Плюс:Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз манотиқи ҷумҳурӣ боздид мекунад

Азия-Плюс:Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз манотиқи ҷумҳурӣ боздид мекунад

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз сафар ба ноҳияҳои Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон баргашт. Дар ноҳияҳои номбурда ӯ бо фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ шинос гардида, бо аҳолии ноҳияҳо як қатор вохӯриҳо доир сохт.

Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода изҳор дошт, ки ин нахустин сафарест, ки М.Кабирӣ ба сифати раиси ҳизб анҷом дод.

«Дар вохӯриҳо аҳолӣ аз мушкилоти рӯзмарраи худ ҳарф заданд, - гуфт сарчашма. - Аз ҷумла, дар ноҳияи Шӯрообод масъалаи тақсими ноодилонаи замин, дар ноҳияи Ховалинг масъалаи таъмини маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ бо нафақа то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст».

Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки аҳолӣ мехост, назари раиси ҲНИТ-ро нисбат ба «салафиён» бифаҳмад, вале М.Кабирӣ аз шарҳи он худдорӣ кард.

«Ин дафъа байни ҲНИТ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ нофаҳмие рух надод, - идома дод мнбаъ. - Илова бар ин, раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов шахсан бо М.Кабирӣ мулоқот намуд».

Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 20-уми июл раиси ҳизб аз вилояти Суғд боздид мекунад: 11-уми июл ӯ бо аҳолии ноҳияи Айнӣ, 12-уми июл бо аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва 13-уми июл бо аҳолии ноҳияи Панҷакент чунин вохӯриҳо барпо месозад.

«М.Кабирӣ 20-уми июл бо аҳолии шаҳри Хуҷанд мулоқот хоҳад кард ва бо ҳамин сафари ӯ ба вилояти Суғд ба анҷом мерасад», - афзуд Ҳ.Сайфуллозода.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20080708/raisi-izbi-na-zati-islomii-ikiston-az-manoti-i-um-ur-bozdid-mekunad