Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Ба муносибати зодрӯзи Раҳматуллоҳи Раҷаб

Ба муносибати зодрӯзи Раҳматуллоҳи Раҷаб

Имрӯз зодрӯзи падарам ҳаст. Инак 5 сол мешавад, ки зодрӯзҳояш дар зиндон мегузарад. Ӯ имрӯз ба синни 62 солагӣ расид. Дар ин панҷ соли дар банди маҳбас чӣ тавр мавлудашра ҷашн мегирифт ва ё аслан барои як зиндонӣ мавлуд гуфтани чизе ҳаст? Ва дар асл як нафари бегуноҳе, зиндонӣ мешавад дар ин рӯзҳо чӣ эҳсосе дошта бошад?

Намедонам дар ин ҳолат ӯ аз дӯстонаш ва аз рӯзҳои хӯше, ки бо ҳампешагонаш дошт ёде мекунад? Замони фаъолиятҳои хабарнигориашро дар нашрияҳову ҳафтаномаҳои вақтӣ, дар "Чароғи Рӯз", "Миллат", телевизиони мардумии замони пас аз пошхурии Шуравӣ соли солҳои 90-91. Синнам хурд буд он вақт 7 сол доштам. Яке аз гузориши телевизионияшро тамошо мекардем, ки аз сокинони он замон мусоҳиба мегирифтанд. Хеле вақтҳои ҳассосу ваҳим авҷи ҷангҳои шаҳрвандӣ буд.

Сокинон ҳамин, ки микрофонро дидан баробар фирор мекарданд ва ҳарфе намезаданд. Барномаашон ҳам оиди таксафонҳои дар нуқтаҳои кишвар ҷойдошта буд. Аз давраҳои халта-халта рӯзномаи "Чароғи Рӯз"ро, ки аз Москав ба Душанбе тавассути Роҳи оҳан, ба фикрам ҳафтае як маротиба меомад. Онро чӣ гуна тақсим мекарданд. Як рӯз худам ҳамроҳашон барои тақсимот кӯмак кардам. Аз истгоҳи маҳаллаи Зарафшон (Ресторани Заравшон) дохили автобуси зарди "гормошка"-аш мегӯфтанд, хатсайри 22 то истгоҳи Қаряи Боло даҳ адади болои курсиҳои истгоҳҳо мегузоштем. То ба мардум дастрас бишавад. Ва чӣ гуна аз пушти ин рӯзнома гирифтори мушкилиҳо пинҳон шудан аз кормандони КГБ-и он вақта ягон замони муносиб қисса хоҳам кард. Ҳоло бо чанде фаъолиятҳои замонашон гуфтам. Аз муборизаҳояш баҳри истқлолияти кишварамон ҳамроҳи чандин фарҳехтагон, ки имрӯзҳо аксар дар қайди ҳаёт нестанд. Худо раҳматашон кунад шодравон Тоҳири Абдуҷаббор ба хонаамон меомаданд. Аҳмадшоҳи Комилзода, Раҳматкарими Давлат, Хайриддини Қосим ва даҳҳо шахсони дигаре исму қиёфаҳояшонро дар хотир надорам, ки хеле заҳматҳо кашиданд... Кош синнам 7-8 сола неву бузургтар мебуд, то дар хотираам беҳтар сабт мешуду имрӯз ба шакли дақиқтар менавиштам. Хуб ҳоло мегзарам ба асли мақсадам, ки фақат табрикӣ гуфтан буд.

Падари азизам, медонам, ки зиндонӣ шуданатон ин муборизаҳоятон баҳри адолат аст. Омӯзишу дарсгуфтанҳоятон ба номзадҳои ҷавон аз қонуни интихоботҳои пралумонӣ баҳри шаффофияташ аст. На касеро молашро ғорат кардеду на ҳаққашро поймол. Вале имрӯз дар банди зиндон ҳастеду зодрӯз доред. Шуморо бо мавлудатон табрик ва дар хаёлам дастатонро мебӯсам. 62 солагӣ муборак!

Барояш пайвандон ба зиндон кейк бурданд. Бигзор имрӯз ҳамроҳи ёронаш гарчанде зиндон аст вале ба хотири раҳоияш дар рӯзҳои наздик хӯш бизгарад!

Бидуни таҳрир. Дар ҳолати беқарориву ошуфтагӣ навишта шудааст. Узр агар ҷое ба касе ноҷо навишта бошам.

Аз саҳифаи фейсбукии Шуҳрати Раҳматулло