Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи суханони ахири Додситони кулли Тоҷикистон

Баёнияи ҲНИТ дар бораи суханони ахири Додситони кулли Тоҷикистон

Раёсати Олии ҲНИТ аз суханони ахири Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи 113 нафар ва идомаи корҳои фаврӣ нисбати бақияи онҳо (ададашонро зикр накард) бо гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва бекор кардани “маратория ба ҳукми қатл” ибрози нигаронӣ карда, онро идомаи саркуби дигарандешон ва ишора ба поймолшавии бештари ҳуқуқи инсон дар оянда медонад.

Тибқи гузориши расонаҳои кишвар аз рӯзҳои аввали моҳи январ мақомот боздоштҳои густардаеро оғоз карданд, ки бештар ба қишри зиёӣ ва равшанфикрон равона шуда аст. Бо таъкиди худи Прокурор то ҳол зиёда аз 20 устодони донишгоҳ, чандин тоҷир, намояндагони мақомоти давлатӣ, донишҷӯён ва ғайра боздошт шудаанд ва қисме ҳам дар пайгард қарор доранд. Ин суханони Додситон дақиқан фазои соли 37- ро ба ёд меоварад. Фазое, ки дар он ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон аз муҷозоту зиндон ва эҳтимолан дар оянда ҳукми қатл ҳам дар амон нахоҳад буд.

Раёсати Олии ҲНИТ аз авоқиби вахими ин боздоштҳои беравия ва расондани вазъият ба монанди соли 1937 ҳушдор дода, таҳдиди ғайримустақими Юсуф Раҳмонро таҳдид ба вазъияти бе он ҳам вахими ҳуқуқи башар медонад. Чунин амалҳо танҳо диктатура ва авторитаризмро тақвият мебахшанд, ки боиси ақибмондагӣ ва нобудии миллатҳо ва кишварҳо мегардад.

Ин ҳамлаи ҷадид ва саркубиҳо боиси фирори бештари мағзҳо аз кишвар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки бо оғози ин мавҷи ҷадиди боздоштҳо шумори муҳоҷирон ба Аврупо ҳам хоҳад афзуд ва мардуми бештаре ба хотири наҷоти ҷони худ аз кишварҳои озоду демократӣ талаби паноҳандагӣ хоҳанд кард.

Бо назардошти вахомати вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аҳволи бади боздоштшудагон ва хонаводаашон, Раёсати Олӣ чунин дархост мекунад:

- аз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар даъват менамояд, ки дар муқобили ин зулм сокит ва бетафовут набошад;

- аз тамоми хонавода ва бастагони боздоштшудагони ахир дархост мекунад, ки ба ваъдаҳои мақомот бовар накарда, садояшонро ба гуши созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонанд. Ҳамчунин, номҳои шиканҷагарони фарзандону наздиконашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр кунанд, то онҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ дар руйхатҳои сиёҳ ворид ва мавриди таҳрим қарор бигиранд;

- аз созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳои дуст даъват менамояд, ки нисбат ба сарнавишти инсонҳои бегуноҳ бетафовут набошанд ва барои пойбанд мондани ҳукумати Тоҷикистон ба уҳдадориҳояш ба он фишор оваранд;

- аз созмонҳои ҳуқуқи инсон ҳамчунин дархост менамояд, ки барои ворид кардани номи Юсуф Раҳмон (Додситони кул), Саидмумин Ятимов (Раиси КДАМ) ва Рамазон Раҳимзода (Вазири корҳои дохила), ки дар боздоштҳои ахир нақши бевосита доранд, ба руйхати поймолкунандагони ҳуқуқи башар шомил кардан талош намоянд ва пеши роҳи саркуб, шиканҷа ва куштори бештарро бигиранд.


Раёсати Олии ҲНИТ
29.01.2020