Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар мавриди рӯзи зиндониёни сиёсии тоҷик

Баёнияи ҲНИТ дар мавриди рӯзи зиндониёни сиёсии тоҷик

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябрро “ҳамасола ҳамчун рӯзи ҳамдилӣ бо ин қаҳрамонони мазлум ва наздикону пайвандонашон” эълон карда, то мавзуъи маҳбусони сиёсии тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.

Инак 4 соли дигар аз эълони ин рӯз гузашт, вале садҳо фарзонаи миллат, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Зайд Саид, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва дигарон, дар кунҷи зиндон ба сар мебаранд ва танҳо гуноҳашон ин буд, ки барои миллату Ватан озодӣ ва як кишвари озоду демократӣ мехостанд.Гурӯҳи Кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона бо интишори хулосаҳои худ боздошти 15 нафар аз зиндониёнро ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ номида, хоҳони бе қайду шарт озод кардани онҳо шуд. Ин баёнгари он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули СММ, бонуфузтарин созмони байналмилалӣ, версияи ҳукумат ва иттиҳомоти онро на танҳо қабул надорад, балки онро ғайриқонунӣ ва уҳдаддориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.

Бо вуҷуди ин, ҳукумати Тоҷикистон ба ин қарорҳову хулосаҳои ин ниҳоди расмии СММ бетаваҷҷуҳӣ карда, аз озод кардани маҳбусони мавриди назар сарпечӣ кард.Таърихи миллатҳои озодаву огоҳ пур аз мавориди боздошту зиндонӣ кардани фарзонагон ва озодандешони ватандуст аст ва номҳои он фарзонагон дар таърих ҳамчун қаҳрамонони ҷонбакаф ёд шудааст ва ҳукуматдорони вақт ҳамчун хоинони миллату Ватан дар таърих сабт шудааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоми саъйю талоши худро баҳри озод гардидани тамоми зиндониёни сиёсӣ анҷом хоҳад дод ва бовар дорад, ки фишорҳо ба режими Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Бо умеди озоди тамоми зиндониёни сиёсӣ,

Раёсати Олии ҲНИТ16.09.2020