Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ оиди муҳокимаҳои ғайбӣ

Баёнияи ҲНИТ оиди муҳокимаҳои ғайбӣ

Таҷрибаи баргузории маҳкамаҳои пушида ва бидуни ширкати расонаҳо, шоҳидон ва нозирон аз тарафи мақомоти режими худкомаи Тоҷикистон нав набуда, солҳои ахир нисбати аксари мухолифини сиёсӣ истифода шудааст. Аз ҷумла, баррасии парвандаи маҳбусони сиёсӣ, мисли Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Мақсуд Иброҳимов, ҳамаи роҳбарону аъзои ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф ва аксари рӯҳониёну диндорони тоҷик дар шакли пушида ва бидуни ширкати нозирону рӯзноманигорон баргузор гаштаанд. Баргузории чунин маҳокимаҳо борҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд, вале талабу эътирозҳо на танҳо ин равиши ғайриодилонаро қатъ накард, балки мақомот усулҳои аз ин ноодилонатарро пеш гирифтаанд.

Пас аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишвар, вақтҳои охир маҳокимаҳои мухолифини режим дар ғайби онҳо баргузор мегардад, ки муғойир ба тамоми меъёрҳои қабулгаштаи додгоҳӣ аст. Чунин таҷрибаи ноодилона танҳо дар чанд кишвари ғайридемократӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо низоми додгоҳи одилона ва мустақил вуҷуд надорад.

Оғози баррасии парвандаи Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, дар ғайби ӯ ва ба таври пушида дуввумин ҳолатест, ки тайи чанд рӯзи ахир мақомоти кишвар ба чунин равиши муҳокимаи мухолифини худ даст задаанд. Чанд рӯз пеш, нисбати узви Раёсати Олии ҳизб, Шамсиддин Саидов низ ба ҳамин шева ҳукми ҳабс ба муддати 15 сол эълон гашт.

Надоштани факту далел ва тарс аз ошкор гаштани туҳмату сохтакорӣ дар парвандаҳо водор кардааст, ки мақомот аз ин шеваи баргузории маҳкамаҳо нисбати мухолифини сиёсии худ истифода намоянд. Аз тарафи дигар, ҳамкорӣ накардани мақомоти додгоҳии кишварҳои мутамаддин ва дорои низоми одилонаи судии ҷаҳон бо режими худкомаи Тоҷикистон дар масъалаи истирдоди мухолифини сиёсӣ, боиси истифода аз ин василаи ғайриодилона гаштааст.

Ин нишон медиҳад, ки ҳукуматдорони имрӯза ба хотири ҳифзи қудрат ба ҳеч қонуне, меъёре ва арзише пойбанд набуданд ва нахоҳанд буд ва раванди бадтар шудани вазъи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ идома хоҳад дошт.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳокимаҳои баргузоргаштаи қаблӣ ва ояндаро нисбати ҳамаи маҳбусон ва мухолифини сиёсии кишвар ва ҳукмҳои содиргаштаро ботил меҳисобад ва роҳбарону масъулини Наҳзат фаъолияти худро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ормонҳои миллати тоҷик идома хоҳанд дод.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
02.02.2018

Хабарҳои Паём.нет
Akhbor.com
Ozodi.org
Www.news.tj