Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар мавриди маҳкум кардани ҳамагуна амалҳои зуроварӣ ва зиддидавлат

Баёнияи ҲНИТ дар мавриди маҳкум кардани ҳамагуна амалҳои зуроварӣ ва зиддидавлат

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори дигар нигаронии амиқи худро аз ҳодисаҳоирухдода изҳор намуда, ҳамагуна амалҳои ғайриқонунӣ, зӯроварӣ ва зиддидавлатиро маҳкум менамояд. Инчунин ба хонаводаҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Худованди маннон барояшон сабри ҷамил таманно дорад.

Ҳамзамон Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз маъракаи таблиғотии густарда дар расонаҳои давлатӣ ва қисме аз расонаҳои мустақил, ки шабоҳат ба »ҷанги иттилоотӣ»-ро дорад, изҳори нигаронӣ намуда, онро заминасози як паёмади нохуше барои миллат ва давлат медонад. Маълум аст, ки ин маъракаи таблиғотӣ барои барангехтани кинаву адоват нисбати як ҳизби сиёсӣ, роҳбарият ва аъзои он равона гардида, ҷиҳати омодасозии зеҳнҳо барои амалҳои зишт ва саркӯбгароёнаву ғайриқонунӣ алайҳи як қисме аз шаҳрвандон мебошад. Ин ҳолатро кишвари мо солҳои навадум аз сар гузаронида буд ва маҳз тавассути фазосозии матбуотӣ доираҳои манфиатдор кишрҳои гуногуни миллатро ба якдигар душман сохтанд, ки боиси куштор, таҷовуз ва амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа нисбати ҳамватанон гашт. Эҳсос мешавад, ки баъзе доираҳо мехоҳанд аз ин василаи зишт бори дигар истифода намоянд ва бо нашри матолиби пур аз кинаву адоват ва таҳрикдиҳандаи амалҳои зишт, заминаи зӯроварӣ ва хушунатро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд. Боиси таассуф аст, ки расонаҳои хабарии давлатӣ ва қисман ғайридавлатӣ, огоҳона ё ноогоҳона ба ин оташ равған мерезанд, ҳол он ки вазифаи давлат ва аҳли ҷомеа паст кардани шиддати кинаву адоват ва ҳамдигарнофаҳмӣ аст, на боло бурдани он.

Бо вуҷуди он, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар изҳороти қаблии худ даъвои ВКД ҶТ дар бораи узви ҲНИТ будани генерал Назарзода ва бархе аз ҳамроҳонашро бо санад ва мантиқ рад карда буд, ин даъвои беасос боз ҳам дар расонаҳои давлатӣ ба такрор нашр мешаванд. Ҳол он, ки ҳамагон медонанд, тибқи қонунгузории кишвар хидматчиёни сохторҳои низомӣ ҳаққи узвият дар ҳизбҳои сиёсиро надоранд ва инро пеш аз ҳама бояд худи мақомоти давлатӣ инкор мекарданд. Агар ҳар шаҳрванде даст ба ҷиноят мезанад, пас дар назди қонунгузорӣ новобаста аз мансубияти ҳизбияш масъулияти инфиродӣ дорад. Замоне дар ҳайати ИНОТ будани ин афрод маънии онро надорад, ки онҳо узвияти ҲНИТ-ро дошта бошанд. Ҳамчуноне ки дар ҳайати Фронти халқӣ будани дигар генералҳо ва афсарони исёнгар, амсоли Маҳмуд Худойбердиев, Ёкуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Гулмурод Ҳалимов маънии онро надорад, ки онҳо узви ҲХДТ мебошанд, агарчи аксари роҳбарияти имрӯзаи ин ҳизб аз роҳбарону ҳамсафони ин афрод буданд ва то рӯзи содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ ҳамкору дӯст боқӣ монданд. Ин даъвоҳо натанҳо мантиқи солим надоранд, балки ғайриқонунӣ ва ғаразнок буда, мақсадашон ба ҳар васила рабт додани ин афрод ва ҳодисаҳо ба ҲНИТ мебошад.

Гузашта аз ин, расонаҳои давлатӣ, мисли АМИТ «Ховар”, роҳбарияти ҳизбро муттаҳам ба даст доштан дар »кӯшиши табаддулоти давлатӣ» дониста, бо ин амал парда аз ниятҳои нохуби баъзе доираҳо нисбати ҳизб ва аъзову ҷонибдоронаш бардоштааст. Ҳол он ки раиси ҳизб шаш моҳ боз дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва даъват намудани чанде аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб ва масъулон барои баррасии фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба анҷуман як кори маъмулӣ барои ҳар ҳизб мебошад ва онро ҳамчун омодагӣ барои »табаддулоти давлатӣ» қаламдод кардан беасос ва ғайримантиқӣ аст. Дар сурате ки ҳайати ирсолшуда назди раиси ҳизб аз тарафи худи Шӯрои сиёсӣ интихоб шуда буд ва масъалаҳои матраҳшуда ҳам аз тарафи худи ин ниҳод муайян гаштаанд.

Вақтҳои охир барои асоснок кардани фишорҳо ва таҳдидҳо болои ҲНИТ андешаеро дар расонаҳо матраҳ месозанд, ки гуё бар хилофи қабл, роҳбарияти имрӯзаи ҳизб мавқеъҳои нисбатан интиқодӣ нисбати ҳукумат гирифта, ки сабаби мушкилоти феълии ҳизб гашта бошад. Шӯрои сиёсии ҲНИТ ингуна мавқеъгирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаро мухолиф ба арзишҳои демократӣ ва гуногунандешӣ медонад, зеро мавқеъи интиқодии ин ё он ҳизб набояд боиси фишору таъқиб болои он гардад. Сониян, ҳеҷ далеле барои ингуна тафсир вуҷуд надорад ва боре ҳам нашудааст, ки роҳбарияти ҳизб дар масоили марбут ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилӣ мавқеъи мухолиф ва ё интиқодӣ гирифта бошад. Баръакс, роҳбарияти ҳизб борҳо аз тарафи коршиносон ва расонаҳои дохиливу хориҷӣ барои чунин мақеъгириаш мавриди танқиди шадид ва ҳатто муттаҳам ба »ҳизби ҳукуматӣ» будан гаштааст. Сабру таҳаммул ва интиқоди сахт накардан аз ҳукумат, пуштибонӣ аз сиёсатҳои роҳбарияти кишвар боиси он гашт, ки ҳатто кашида гирифтани моликияти раиси онро ҳамчун як бозии пасипардагӣ ва саҳнасозӣ бештар надонистанд. Зеро, бовар кардан душвор буд, ки ин ҳама фишору таҳдид болои як ҳизб бошаду боз роҳбарияташ аз сабру таҳаммул истифода намояд. Аз ин бармеояд, ки ин ҳама фишорҳо барои шикастани сабру таҳаммули роҳбарияти ҳизб будааст, то муттаҳам кардани он ба ифротгароиву радикализм осонтар шавад. Чун ин ба даст наомад, имрӯз аз ин ҳодисаи нохуш ва амалҳои зиддидавлатии як гурӯҳ суистифода намуда, он »айби» аз қабл омодашударо мехоҳанд ба ҳизб ва роҳбарияти он бичаспонанд.

Аммо интиқодҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси ҲНИТ нисбати масоили рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангии кишвар, инчунин, баъзе қонунҳои қабулшуда, як амри табиӣ ва оддӣ барои ҳар як кишвар мебошад, ки дар он камтарин меъёрҳои демократӣ вуҷуд дошта бошад. Интиқод ва пешниҳодҳои ҲНИТ ҳамеша созанда ва барои ислоҳи камбудиҳо ва пешгирӣ аз падидаҳои манфӣ дар ҷомеа равона шуда буданд. Инро ҲНИТ вазифаи ҷонии худ медонист ва дар оянда ҳам ин мавқеъи созандаро ҳифз хоҳад кард.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ вазъияти кишварро баъд аз рух додани ин ҳодисаи ғайричашмдошт, душвор ва печида медонад ва мисли ҳамеша омода аст, ки дар ин рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат дар амри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ дар паҳлӯи мардум ва давлат бошад.

Ҳамзамон лозим аст, ки баъзе мақомоти давлатӣ аз баёнияҳо ва фазосозиҳои эҳсосотӣ ва кинабарангез нисбати ҲНИТ худдорӣ намуда, фазои сиёсиро аз ин бештар вориди марҳалаи беэътимодӣ ва душманӣ нагардонанд. Танҳо дар ин сурат талошҳои роҳбарияти ҲНИТ ва Ҳукумати ҶТ барои ба эътидол овардани вазъият метавонад натиҷаи мусбат диҳад.

Инчунин Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз тамоми аъзову ҷонибдорон ва мардуми кишвар даъват менамояд, ки ба фитна ва дасисаҳо дода нашаванд ва барои ба эътидол овардани вазъият бо мақомоти давлатӣ ва масъулини маҳаллӣ ҳамкории лозимаро ба роҳ монанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ,

шаҳри Душанбе, 11.09.2015