Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳукми зиндони Наимҷон Самеев

Баёнияи ҲНИТ дар бораи ҳукми зиндони Наимҷон Самеев

Додгоҳи шаҳри Исфара дар як ҳукми ноодилона ва ғайримунсифона собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара Наимҷон Самеевро ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Раёсати Олии ҲНИТ ин ҳукми золимонаро маҳкум намуда озодии фаврии Наимҷон Самеевро талаб менамояд.

Қазияи Домулло Наимҷон Самеев сар то по бӯҳтон, дурӯғ ва тӯҳмат аст. Дар ибтидо мақомоти одамдузди кишвари мо вайро аз Русия дуздида ба Тоҷикистон бурданд ва маҷбураш карданд, ки дар як сӯҳбати видеоӣ эълон кунад, ки бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон баргашта аст.

Ҳоло агар Наимҷон Самеев ба ихтиёри худаш баргашта бошад, чаро мисли дигар касоне, ки бо ихтиёри худашон баргашта буданд ӯро низ озод накарданд?

Раёсати Олии ҲНИТ эълон мекунад, ки дар боздошт ва зиндонӣ кардани Наимҷон Самеев мақомоти ҳукумати Тоҷикистон даст ба чанд ҷиноят ва ваъдахилофӣ задаанд, ки ҳамаи мардуми кишвар бояд аз он огоҳ бошанд.

1. Мақомоти Тоҷикистон даст ба одамрабоӣ задаанд. Одамрабоӣ аз қаламрави як кишвари дигар характери ҷинояти байналмилалӣ дорад. Мардуми азизи кишварамон огоҳ ҳастанд, ки ин бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба ин ҷиноят мезанад. Бинобар ин дар зудтарин фурсат бояд парвандаи одамрабоии ҳукумати Тоҷикистон ба яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ супурда шавад.

2. Мақомоти Тоҷикистон тариқи фишор ва таҳдид аз Наимҷон Самеев иқрор гирифтаанд, ки гӯё бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон баргаштааст. Далели қотеъи вуҷуди шиканҷа ва таҳдид дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳам метавонад ҳамин қазия бошад, ки ҳарчӣ зудтар бояд дар ин бора ҳам ба созмонҳо шикоятномае тақдим карда шавад.

3. Мақомоти Тоҷикистон бори дигар собит карданд, ки ба ягон ваъдаи худ содиқ нестанд. Агар даъвои онҳо дар бораи ихтиёран ба Ватан баргаштани Наимҷон Самеев дуруст мешуд, бояд ӯро озод мекарданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам дурӯғи мақомот собит мегардад. Ё Наимҷон Самеев ихтиёран барнагаштааст ё инки ваъдаи мақомот маҳз ба хотири фиреби мухолифон аст ва дар асл бо вуҷуди баргашти ихтиёрӣ ҳам бахшида намешаванд.

Илова бар нуктаҳои боло, таъкид мегардад, ки Наимҷон Самеев аз соли 2014 ба баъд ҳеҷ гуна фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия машғули корҳои шахсӣ ва тиҷорат буд.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ, ҳукми зиндони ӯро золимона ва ноодилона дониста аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва омбудсмен талаб менамояд, ки барои озодии ӯ талош намоянд.

Раёсати Олии ҲНИТ

11.04.2019