Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи ҲНИТ оиди шиканҷаи бардавоми М. Ҳаит дар зиндон

Баёнияи ҲНИТ оиди шиканҷаи бардавоми М. Ҳаит дар зиндон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз шиканҷаву озори Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизб, вазъи саломатии ӯ ва наҳваи нигаҳдории тоқатфарсои ӯ шадидан ибрози нигаронӣ карда, ин амали ваҳшиёнаи мақомотро бар хилофи ҳамагуна арзишҳои миллӣ, динӣ ва инсонӣ медонад.

Ҳарчанд Гурӯҳи кории СММ оиди парвандаҳои боздоштҳои худсарона ҳанӯз моҳи майи соли 2018 боздошт ва ҳабси ӯро дорои ангезаи сиёсӣ ва бар хилофи чандин эъломияҳову аҳдномаҳои байналмилалӣ шумурда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буд, ки ӯро озод кунад, ҳукумати Тоҷикистон ин қарор ва тавсияи СММ-ро на танҳо нодида гирифт, балки шиканҷа алайҳи ӯ ва дигар зиндониёни сиёсиро ташдид кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит дар замони фаъолияти худ ба хотири озодӣ ва некуаҳволии миллату кишвар ба таври ҳамешагӣ ва хастанопазирона мубориза мебурд ва дар зиндон, ки чаҳорум сол аст ки онҷо ба сар мебарад, ба таҳдиду фишори мақомдорони ноҷавонмард ҷиҳати гирифтани эътирофоти маҷбурӣ аз ӯ алайҳи ҳамсангарони худ таслим нашуд ва нахоҳад шуд. Амале ки аз ҷонфидоӣ ва азхудгузаштагии ӯ ҳикоят мекунад.

Миллати тоҷик ҳечгоҳ заҳамот ва ҷонбозию фидокории ӯ ва дигар озодандешони тоҷик дар ин мақтаъи замониро фаромуш нахоҳад кард ва аз ҷиҳати дигар номи омилони шиканҷаву фармондеҳонашон дар таърих мисли дигар золимон сабт хоҳад шуд.

Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон вазъияти зиндониёни сиёсӣ, бахусус Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайри қобили таҳаммул хонда, дар сурати зарар расидан ба ҷони Маҳмадалӣ Ҳаит ва ҳамсари ӯ дар пайи расонаӣ шудани вазъияти тоқатфарсояш, Э. Раҳмон президент, С. Ятимов, раиси Кумитаи амният ва Мансурҷон Умаров, раиси зиндонҳоро масъули он хоҳад донист.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, ИА, САҲА, Салиби Сурхи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва кишваҳои дуст дархост мекунад, ки саҳми хешро дар озод кардани ӯ ва дигар маҳбусони сиёсӣ гузошта, ҳамчунин барои манъи шиканҷаҳои систематикӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва фиристодани ҳайатҳо ҷиҳати боздид аз вазъияти зиндониён кушиш намоянд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
12.03.2019