Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ дар мавриди талаби СММ барои озодии Муҳаммадалии Ҳаит

Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ дар мавриди талаби СММ барои озодии Муҳаммадалии Ҳаит

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хулосаи Гурӯҳи кории Созмони Милал оиди боздоштҳои худсарона дар мавриди бидуни қайду шарт озод намудани муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Маҳмадалӣ Ҳаитро, ки чанд рӯз пеш содир шуд, як чархиши муҳим дар шинохти ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъияти Тоҷикистон ҳисобида, ин муваффақиятро ба миллати озодихоҳ ва шарифи кишвар муборакбод мегӯяд.

Раъйи қотеъонаи Гурӯҳи кории муҳимтарин созмони ҷаҳонӣ муваффақияти байналмилалии танҳо ҲНИТ набуда, балки натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳамкориҳои ҳаматарафаи созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ва пеш аз ҳама, устувориву матонати зиндониҳои сиёсии кишвар ва наздикони онҳо мебошад.

Хулосаи Гурӯҳи кории СММ пас аз омузиш ва таҳқиқи санадҳои ҳуқуқии мавҷуда дар бораи боздошт, бозҷуйӣ ва муҳокимаи судӣ, инчунин, ҳукми содиркардаи Суди Олии кишвар нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит ва то кадом дараҷа мутобиқат кардани ин ҳукм ба санадҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва уҳдадориҳои Тоҷикистон қабул гашт. Ин хулоса баёнгари он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ҳукми содиргашта нисбати Маҳмадалӣ Ҳаит, балки ҳамаи зиндониҳои сиёсии кишвар, бахусус, касоне, ки бо Маҳмадалӣ Ҳаит парвандаи муштарак доранд, эътироф намекунад. Ин хулоса, ҷавоби муштараки беш аз 200 кившари узви СММ ба туҳматҳо ва сохтакориҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи мухолифин, бахусус, зиндониҳои сиёсӣ мебошад.

Пас аз шикасти пайдарпайи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва нокомиҳо дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ҳукуматдорон бо ташкили саҳнаҳои масхараомез алайҳи мухолифин ва бархе кишварҳои дигар мехоҳанд диққати ҷомеаро ба самти дигар бикашонанд ва мисли ҳамеша душмантарошӣ кунанд.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ аз мақомоти кишвар талаб менамояд, ки ба ҷои ворид кардани иттиҳомоти бепояву беасос ва афкандани тухми нифоқу таблиғи ҷанги мазҳабӣ, талаботи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гурӯҳи кории СММ-ро дар бораи фавран озод намудани Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар зиндониҳои сиёсӣ дар давоми 6 моҳи ҷудогашта иҷро намояд.

Бо қадрдонӣ аз мавқеъи Гурӯҳи кории СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, Раёсати Олии ҲНИТ даъват мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи вахими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик таваҷҷуҳи бештар намояд, то пеши роҳи қонуншиканиҳои мақомоти кишвар нисбати мардум гирифта шавад.

Раёсати Олии ҲНИТ
22.05.2018