Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ

Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ

Раёсати Олии ҲНИТ 31.07.2018 пас аз изҳороти ВКД- Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои ахири кишвар ҷаласаи изтирорӣ даъват кард.

Раёсати Олии ҲНИТ бори дигар ба хонаводаи қурбониён ва кишварҳое, ки шаҳрвандони худро дар ин ҳодисаи мудҳиш аз даст доданд, ҳамдардӣ баён мекунад. Ҳамзамон, такроран ин ҷинояти зиддибашариро шадидан маҳкум намуда, онро мухолиф ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва динии мардуми Тоҷикистон меҳисобем.

Инчунин, Раёсати Олии ҲНИТ иттиҳомоти бепоя ва ғайримантиқии ВКД-Тоҷикистонро дар бораи даст доштани ҲНИТ дар ин ҳодисаро қотеъона инкор ва маҳкум мекунад. Ва онро як тӯҳмати бешармона ва ғайримантиқӣ медонад. Боиси таассуф аст, ки мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша талош намуданд, то аз ин мусибати инсонӣ ва миллӣ боз ҳам фоидаи сиёсӣ ба даст биёранд ва онро алайҳи мухолифини мусолиҳатомези худ истифода намояд.

Чунин мавқеъгирии ғайривоқеӣ ва ғайриахлоқӣ баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон на танҳо дар фикри мубориза бо терроризм нестанд, балки талош мекунанд аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ ҳам намоянд. Дар сурате, ки тарроҳон ва иҷрокунандагони ин амалиёти мудҳиш сароҳатан даст доштани худро дар ин ҷиноят ба ҷаҳон эълон намуданд, мақомоти Тоҷикистон бешармона онро нодида гирифтанд. Ҳатто, як ишора ҳам дар изҳороти ВКД-и Тоҷикистон ба тарафи эътирофкарда нест. Ин нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд то диққати чомеаро аз тарроҳон ва омилони аслии ин ҳодиса ба самти дигар равона кунанд ва онро ҳамчун як баҳонаи дигар барои сафед кардани саркӯбгариҳои худ алайҳи мухолифин истифода намоянд.

Таъсири манфии ин рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунии мақомоти кишвар камтар аз ҷинояти содиршуда нест. Зеро, ин як навъи пинҳон кардани ҷиноят ва пуштибонӣ аз терроризм мебошад.

Аз тарафи дигар, ин рафтори мақомоти Тоҷикистон камтарин бовариро ба фарзияҳои пешниҳодкардаи расмӣ аз байн бурда, эътимодро ба ояндаи таҳқиқот ва натиҷаҳои он заиф мекунад.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ талаб менамояд, ки ҳарчи зудтар як гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо ҷалби мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст, ташкил шавад ва натиҷаи таҳқиқоти худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Таъхир дар ташкили чунин гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ метавонад боиси аз байн бурдани далелҳо ва поксозии изи омилони аслии ин ҷиноят аз тарафи доираҳои манфиатдор гардад.

Раёсати Олии ҲНИТ
31.07.2018