Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Шӯрои сиёсии ҲНИТ иқдомоти ахири баъзе мақомот ва масъалагузории доираҳои ҷудогонаро дар бораи бастани фаъолияти ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор дода, онро як тарҳи фитнаомез, мухолиф ба қонун ва хатарнок барои субот ва сулҳу ваҳдати кишвар меҳисобад. Кашонидани доирахои динии кишвар ва аз забони онхо матрах кардани як пешниҳоди мухолиф ба Конституцияи ҶТ ва Созишномаи сулх баёнгари оғози як тарҳи фитнаомези дигар мебошад, ки оқибатҳои бади он бар зарари миллат ва давлат меанҷомад. Ҷои таъассуф аст, ки баъзе ташкилотҳои динӣ ва шахсиятҳо аз таҷрибаи рӯзгор ибрат нагирифта, аз нав ба васила ва бозичаи сиёсӣ табдил мегарданд ва бо ин амалашон зарбаи бештар ба ҷойгоҳ ва обрӯи ташкилотҳо ва пешвоҳои динӣ мезананд.

Фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидошта меъёри конститутсионӣ буда, натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулху ваҳдат дар кишвар мебошад. Илова бар ин, ҲНИТ хамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили сиесӣ маъруф гаштааст. Қобили зикр аст, ки маҳз мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намудааст. Аз рӯзи расидан ба сулҳ ва созиши миллӣ то имруз ҳатто ягон ҳолате ҳам набудааст, ки ҲНИТ дар сиёсатҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ мавқеъи мухолиф бо мақомоти расмии кишвар дошта бошад. Ҳатто, ҳангоми амалишавии бархе аз сиёсатҳои ғалат ва мухолиф ба манфиатҳои миллии мақомоти расмии кишвар, бештар аз василаҳое мисли фаҳмонидан ва ислоҳсозӣ истифода намудааст, на мавқеъгирии ошкорои манфӣ. Агарчи, ин ҳама солҳо болои ҲНИТ фишорҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доштаанд, роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд.

ҲНИТ тули фаъолияти хеш пас аз имзои Созишномаи сулҳ пойбанд ба аҳду паймони анҷомшуда будааст ва хоҳад монд, зеро ин ҳама аз арзишҳои миллӣ ва динии мо сарчашма мегиранд. Ва ҳамеша умедвор будааст, ки шарикони сулҳ ва ҳамватанони аҳдкарда низ бо ҲНИТ ва Созишномаи сулҳ чунин рафтор хоҳанд кард. Бояд қайд кард, ки гузаштҳои пайвастаи роҳбарияти ҲНИТ, сабру таҳаммул, лаҳни ором ва муътадили бархурд нисбати фишорҳо, таҳдидҳо ва қонуншиканиҳои мақомот пайваста аз тарафи доираҳои гуногун мавриди танқид қарор гирифтааст ва идома дорад. Интихоботи ахири пуртақаллуб ва ахиран, ин пешниҳоди садодода аз забони баъзе мақомоти ҳокимият ва кормандони ташкилотҳои динӣ баёнгари он аст, ки баъзе масъулин сабру таҳаммули ҲНИТ- ро мавриди суйистифода қарор дода, дар амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайримиллии хеш ҷуръати бештар пайдо кардаанд. Ин амалҳо на танҳо ба ҲНИТ ва дигар ҳизбҳои мухолиф, балки ба ҷомеъа паём мефиристад, ки кишвар қадам ба қадам ба самти яккатозӣ, якандешӣ ва худкомагии мутлақ ҳаракат дорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин тарзи давлатдорӣ ҳамеша ба бунбаст гирифтор шуда, миллатҳоро дучори буҳронҳои амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардонад ва боиси низоъҳои тӯлонӣ мегардад. Оне ки ҷаҳони сеюм, ба хусус, кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ имрӯзҳо дучори буҳронҳои доманадор гаштаанд, натиҷаи фаъолияти ҳизбу гуруҳҳо набуда, балки натиҷаи давлатдориҳои бесамари диктаторӣ мебошад, ки ҳеҷ роҳеро барои таҳаввулоти мусолаҳатомези демократӣ барои мардум боқӣ намемонанд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ низ моломол аз мушкилоти иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки бояд роҳи ҳали худро пайдо намоянд. Тоҷикистони азизи мо низ таҳти таъсири ин омилҳои буҳронзо қарор гирифтааст ва танҳо якдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии мусолаҳатомези ҳамаи кишрҳо ва гуруҳҳо имкон медиҳад, ки пеши роҳи хатарҳо гирифта шаванд. Даст задан ба иқдомҳои фитнаангез ва рискдори сиёсӣ дар чунин шароит баёнгари он аст, ки баъзе мақомот аз воқеъиятҳо дур рафта, бо бардоштани масъалаҳои ҳассос, вазъи бе ин ҳам буҳрониро буҳронитар мегардонанд. Бешак, ингуна иқдомҳо бар зарари субот, амният ва рушди миллату кишвар мебошад, ки масъулияти оқибатҳои он бар души тарроҳон ва иҷрокунандагони он мебошад.

Бинобар ин, ҲНИТ аз мақомоти марбути давлатӣ тақозо менамояд, ки пеши роҳи чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад ва гунаҳкорон барои барангехтани низоъи сиёсӣ ва кинаву адоват байни кишрҳои гуногуни ҷомеъа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҳамзамон, ҲНИТ бори дигар аз ҳама доираҳои марбут даъват менамояд, ки дар ҳали масоили умумимиллӣ аз муколама ва фарҳанги сиёсиву ҳамзистии мусолаҳатомез истифода шавад, на аз таҳдиду фишор ва иғвоангезиву тафриқаандозӣ, ки вақтҳои ахир ҷои муколамаи созандаро гирифтааст.

ш. Душанбе 30,03,2015