Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
BBC: Намояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

BBC: Намояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ фаъъолият мекунад.

ҲНИТ 20 октябри соли 1991 таъсис шуда ва дар моҳи декабри ҳамон сол дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон расман сабти ном шуд.

Он замон раёсати ин ҳизбро Маҳмадшариф Ҳимматзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта ва дар соли 1999 Сайид Абдуллоҳ Нурӣ раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

Аз замони фавти Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар моҳи августи соли 2006 то ба ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раёсати ҲНИТ-ро ба дӯш дорад.

Раҳбарони ҲНИТ мегӯянд, ки дар 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, мулаққаб ба “Қорӣ Муҳаммадҷон”, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро бо номи “Наҳзати ҷавонон” таъсис карда буданд, ки ба таври махфӣ дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон фаъъолият мекард. Ба ҳамин далел дар соли ҷорӣ мақомоти ин ҳизб аз 40-умин солгарди таъсиси ҲНИТ таҷлил карданд.

Пайравӣ аз Паёмбари ислом, эътимод ба нерӯю хиради мардум, талош барои бунёди ҷомеъаи пешрафта, озод ва босубот, волоияти қонуну адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва умумибашарӣ аз аҳдофи Ҳизби назҳати исломӣ унвон шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи ҲНИТ теъдоди аъзои ин ҳизб болиғ бар 40 ҳазор нафар арёзбӣ мешавад. "Наҷот", нашрияи ҲНИТ буда, ҳамчунин, ин ҳизб дорои сойти интернетии "nahzat.tj" ва ду маҷалла аст. Талошҳои ин ҳизб барои роҳандозии шабакаи телевизиюнӣ натиҷае надодааст.

Бобоназарова
Image captionАнҷумани ҲНИТ Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард

Дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 ҳизби наҳзат якҷо бо ҳизби демукрот ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи нерӯҳои давлати феълии Тоҷикистон набард карда буд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи олиии Тоҷикистон фаъъолияти ҲНИТ-ро дар Тоҷикистон мамнӯъ карда ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора дар ин кишвар ба фаъъолият пардохт.

Номзади ҲНИТ дар интихобот

Барои аввалин бор Давлати Усмон , номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 1999 ширкат карда ва 4 дарсади орои раъйдиҳандагонро касб карда буд. Ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 номзади худро пешниҳод накард.

Ин ҳизб дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 ширкат карда ва ҳар бор ду курсии порлумонро соҳиб шудаанд.

Дар остонаи интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ якҷо бо Ҳизби сусиёл-демукрот ва чеҳраҳои саршиноси сиёсии кишвар Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро таъсис дода ва ин ниҳод Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷикро ба унвони номзади ягона ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикист он баргузид ва анҷумани ҲНИТ номзадии хонуми Бобоназароваро ба мақоми раиси ҷумҳуриро пазируфт.