Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Бедории миллӣ фарозу нишеб дорад, аммо хомӯш намешавад....

Бедории миллӣ фарозу нишеб дорад, аммо хомӯш намешавад....

Мусоҳибаи Паём бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар бораи таҳаввулоти ахир дар кишвар, митақа ва ҷаҳон

– Шумо соли 2019-ро соли бедории миллат номидед ва мисолашро ҳам эътирози мардум ба гароншавии қимати сим-корти интернет гуфтед. Аммо дар масъалаи монополиясозии интиқоли пул аз тарафи домоди раисҷумҳур, ки зарараш ба кисаи мардум ба маротиб бештар аст, миллат хомӯширо тарҷеҳ дод. Метавонем гӯем, ки ҳукумат тавонист чароғи бедориро дубора хомӯш кунад?
– Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Ман соли 2019-ро оғози бедории миллӣ номидам ва ин раванд аст бо фарозу нишебҳо, кунду тунд шуданҳо. Нишонаҳои ин равандро мо зиёд мебинем, танҳо як ё ду ҳолат нест. Муносибати мардум ба нархи симкорт танҳо як мисоли он буд. Чаро мардум ба маҳдудиятҳо дар интиқоли пул зиёд вокуниш накард? Чун ҳанӯз ҳам моҳият ва ҳаҷми зарари онро ба ҷайби худаш дарк накардааст. Дар ҳолати симкорт ҳукумат мустақим ба ҷайби мардуми дохил даст дароз карданӣ шуд. Мардум инро зудтар ҳис кард, чун даст ба ҷайби онхо даромад. Аммо, дар ҳолати дуввум дасти ҳукумат ба ҷайби муҳоҷирин медарояд ва мардуми дохил ин зарарро мустақиман ҳис намекунанд. Агарчи ҳаҷми ин зарар аз симкорт камтар нест. Муҳоҷирин бошанд қишри аз ҳама фаъол, вале хеле парокандаи ҷомеъаи мо ҳастанд. Ҳукумат тавонист бо контроли диаспораҳои тоҷикон дар хориҷ ва ворид кардани одамони нуфузии худ байни лидерони муҳоҷирин ин парокандагии муҳоҷиринро бештар кунад ва ҳоло ҳар коре ки бихоҳад бо ин қишр бидуни кадом ҷавобгарӣ анҷом медиҳад. Аммо, ин ба маънои хомӯш кардани чароғи бедорӣ нест, балки ҳамон фарозу нишебҳоест, ки дар аввал гуфтем.
– Агар ҳатто эътирози мардум ба ин ду тасмими ҳукуматро аввалин нишонаҳои бедории миллат номем, ин раванд бисёр кунд пеш меравад. Фикр намекунед, ки бо ин ҳол замоне мардум бедор шуд дигар дер шудаву кишвар аз даст рафтааст?
– На, ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Дуруст, ки мо фурсатҳоро аз даст медиҳем ва ҳар соли аз дастрафтаи имрӯз арзиши як даҳсолаи фардоро дорад. Мо вақте пурра бедор шуда ба худ меоем, ки ҳамсоягони мо, мисли қирғизхо, ӯзбекҳо ва ҳатто, афғонҳо хеле пеш рафтаанд ва мо хеле тулонӣ дар вазъи аутсайдери минтақа боқӣ хоҳем монд. Омили суръат ва замон хеле муҳим аст, аммо, саросемагӣ хам осебҳои худро дорад. Мо набояд коре кунем, ки ин раванди бедорӣ, агар кунд ҳам бошад, боз зарба бихӯрад. Ҳукумат думболи баҳона барои саркӯби навбатии миллат аст, ҳамеша бояд бо баҳонае вазъро амниятӣ ва хатарнок нишон бидихад. Ин ҳама барои тарсу ва залил нигаҳ доштани мардум аст, зеро инсони тарсу ҳеҷ гоҳ бедор намешавад. Агар бедор ҳам шавад, боз худро ба хоб мезанад, мисли ҳозир, ки гӯё чизе нашудаасту ҳама чиз барои онхо оддӣ аст. Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд боре гуфта буд, ки агар баробари кулоҳи сарам хоки кишварро дар ихтиёр дошта бошам ҳам муборизаамро барои ояндаи он давом медиҳам. Мо, ки ханӯз ҳама чизро аз даст надодаем ва ҳатто агар дар ҳамин марҳала хам тавонем вазъиятро ислоҳ кунем, метавон дар як муддати кӯтоҳ ҷойгоҳи кишварро ба чойи муносибаш баргардонд.
– Сафи мухолифон ҳам бисёр бо кундӣ меафзояд. Дар се соли охир шумори бисёр ками мардум ба мухолифат пайвастаанд. Фикр намекунед, ки рӯзе будаҳо ҳам аз бепарвоии мардум ба тақдири худаш хаста шуда, тарки мубориза хоҳанд кард? Оё ин масъала дар Паймони миллӣ боре матраҳ шудааст, ки шояд дар напайвастани мардум ба мухолифат камбудии худи опоозисиюн ҳам ҷой дорад?
– Агар дар сиёсат гоҳо шумора нақши муҳим мебозад, дар вазъияти мо сифат муҳимтар аст. Авлавияти мо имрӯз бояд ин бошад, ки киро дар паҳлуямон дорем, на чи қадар дорем. Бигзор омадан ба самти мо кунд бошад, аммо огоҳона ва бо ҳадафи мушаххас бошад. Ёдамон наравад, ки дар сиёсат омадану рафан як амри табиист. 20 сол пеш дар саҳнаи сиёсии кишвар касони дигар буданд, имрӯз саҳнаро чеҳраҳои нав пур мекунанд. Бархе хаста мешаванд, бархе шикаст мехӯранд, бархе ноумед мегарданд ва думболи баҳона барои рафтан ё тағйири роҳ мегарданд. Ман дар таҷрибаи кӯтоҳи сиёсиам ҳамаи ин ҳолатҳоро дар сиёсати кишвар дидаам ва ҳанӯз ҳам мебинам. Аммо, мутмаин бошед, ки саҳна ҳеҷ гоҳ холӣ нахоҳад монд. Ҷои хасташудаҳоро чавонони пур аз нерӯ ва ангеза хоҳанд гирифт ва ин қонуни зиндагӣ ва мубориза аст.
Албатта, мухолифин ҳам дар масъалаи ҷалби нерӯҳои мардумӣ бе камбудӣ нестанд. Ҳамоне, ки то ҳол байни мо гуфтугӯйи солим вуҷуд надорад ва ҳамеша аз шеваи баҳсу пархош бо якдигар истифода мекунем, бузургтарин камбудии мухолифин аст ва дили мардумро сард мекунад. Сабри мо ва парҳез кардан аз баҳсу пархош дар баробари дигар нерӯҳои мухолифин кофӣ нест, чун мардум думболи натиҷа мегардад, на думболи он, ки кадом нафар ё нерӯ дар ин парокандагӣ гунаҳкор аст ё кадоме не. Мардуми оддӣ моро як мебинад ва ҳамеша саволаш ин аст, ки чаро ин нерӯҳо ҳади ақал бо ҳам сӯҳбат намекунанд? Аз тарафи дигар, имрӯз фазоро тавре сохтаанд, ки мухолиф будан, яьне душман, хоин, террорист ва ғайра. Дар чунин шароит на ҳама ҷасорати ҳамкорӣ ва пайвастанро дорад. Ҳол он, ки аксарияти мардум аз сиёсатҳои ҳукумат норозианд ва ба як маънои дигар, мухолифанд. Яке мухолифи ошкор ва расмӣ аст, дигаре мухолифи пинҳон ва мунтазир.
Мо дар Паймон ҳама корро мекунем, то ин фосилаҳо камтар шавад, аммо садо аз ду даст меояд, на як даст.
– Сабаби тарси аксарият аз баланд кардани садояшонро бархе коршиносон ҷанги шаҳрвандӣ медонанд, ки мардум ҳанӯз даҳшатҳои онро фаромӯш накардааст, аммо мо шоҳиди онем, ки дар Ироқу Сурия, ки ҳанӯз куштор идома дорад, мардум аз эътирозу гирдиҳамоӣ даст намекашад. Ба андешаи шумо ҷуръати мардами тоҷикро чӣ омиле бурдааст?
– Захмҳои ҷанги шахрвандӣ ва тарс аз он яке аз омилҳои беҷуръатии миллати точик аст ва асосӣ ҳам нест. Ҳади ақал миллати мо 500 соли охир дар ҳолати саркӯбиву фирору муҳоҷират қарор дорад. Мо дар ин 500 сол ҳамчун миллат дар фикри пешрафт ва озодӣ набудаем, балки ҳамеша дар фикри зинда мондан ва амният будаем. Ҳатто 70 соли шӯравӣ ҳам, ки зоҳиран сохтану обод кардану пешравиро дошт, амалан ҳар як инсон дар умқи фикраш талош мекард аз “тройка”- ву “душмани халқ” будан наҷот ёбад. Ба хусус, афроди рӯшанфикр ва миллатдӯст. Ҳатто роҳбарони Ҳизби коммунист ҳам, мисли Шотемур ва Нусратулло Махсум, ки бо фарқ аз дигар коммунистҳо як каме фикри миллӣ доштанд, худро натавонистанд аз қудрати саркӯбкунандаи ҳукумат наҷот диҳанд ва ҳамчун душмани халқ муаррифӣ шуданд.
Мо танҳо як муддати кӯтоҳ дар охири солҳои шӯравӣ имкон доштем ҳамчун миллат сар баланд кунем, ки боз саркӯб шудем. Имрӯз ҳам ҳукумат ҳамон давраи кӯтохро ҳамчун оғози ҳамаи бадбахтиҳои кишвар муарриф мекунад, то миллат ҳамеша нисбати озодихоҳӣ ва озодихоҳон нафрат ва тарс дошта бошад. Шумо ба калимаҳо ва вожаҳои асосӣ дар лексикони ҳукуматдорон ва тарафдоронашон аҳамият диҳед, баъд мефаҳмед, ки ин ҳолати миллати мо аз куҷо реша мегирад. Шукрона, амният, ҷанги шаҳрвандӣ, терроризм, душманони миллат, хоинон, хоҷагони хоричӣ ва мисли ин муҳимтарин калимоти ҳукуматдорон ва тарафдоронаш мебошанд. Ин калимаҳо, ки ҳар рӯзу шаб аз расонаву шабакаҳо, роҳбарону мансабдорон шунида мешавад, дар ниҳоят тафаккури ҷамъиятӣ ва миллиро шакл медиҳанд. Оё метавон аз ин миллат дар чунин шароит интизори ҷуръату ҷасорати бештарро дошт?
То он рӯзе, ки калимаҳои ҳуқуқ, озодӣ, каромат, адолат ва баробарӣ дар гуфтугӯ ва зиндагии мо бештар такрор нашаванд ва арзиши бештар надошта бошанд, мо дар ҳамин ҳолат боқӣ хоҳем монд. Набояд фаромӯш кунем, ки ҷуръат ва ҷасорат хоси инсони озод аст, хашму ғазаб хоси ғуломон. Вақте ғулом қиём мекунад, пас хашмгин шудааст ва омодааст ҳама чизро дар роҳи интиқом нобуд кунад. Мисле, ки либиягиҳо бо Каддофӣ ва Либия карданд. Он инқилоби як миллати озод набуд, он қиёми як тӯдаи хашмгин ва таҳқиршуда аз тарафи хоҷа буд, ки то имрӯз касе наметавонад онро хомӯш кунад. Ҳам ҳукумат ва ҳам мо мухолифин имрӯз бештар аз адабиёти хашму ғазаб дар муқобили якдигар истифода мекунем. Раҳмон кишвар ва миллатро ба самти як инқилоб аз намунаи либиягӣ мебарад, мо бояд талош кунем, ки як инқилоб аз намунаи тунисӣ, гурҷӣ, арманӣ, ҳади ақал қирғизӣ дошта бошем. Албатта, агар ҷуз инқилоб дигар роҳе боқӣ намонда бошад ва мисле, ки Раҳмон интихоби дигаре барои мардум боқӣ намондааст.
– Оё Паймони Миллӣ барномае ҷуз фаъолияти расонавӣ барои бедор кардани мардум дорад?
– Мо се самти авлавиятнокро барои Паймон таъйин кардем. Кор бо мардум, ки расона яке аз василаҳо дар ин самт аст, самти дипломатӣ ва сиёсӣ, самти ҳуқуқӣ, ки аз ду бахш иборат аст: дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои мардум ва пайгирии парвандаи мансабдорони ҷинояткор дар сатҳи байналмиллалӣ. Кори расонаӣ зуд маълум мешавад ва шумо мебинед, ки дар ин соли охир чи ҷадар шабакаву расонахои нав пайдо шуданд. Аммо, самтҳои дигар кори ором ва доимиро талаб мекунад ва шояд одамони оддӣ натиҷаи онро зуд эҳсос накунанд. Бояд бигӯям, ки натичахои ин самтҳо аз расонаҳо камтар нестанд, агар бештар набошанд ҳам.
– Қазияи Нилуфар Раҷабова торафт ҷаҳонӣ шудан дорад, аммо ҳукумат то ҳол ба он вокунише нишон надодааст. Танҳо аз кор гирифтани Истамзода сарусадоҳоро камтар мекард ва шояд ҳатто аз байн мебурд. Чаро ҳукумат ҳозир нест барои ҳифзи обрӯяш аз баҳри ҳатто як афсари пулис гузарад?
– Зеро, аз нигохи ҳукумат, Истамзода кори баде накардааст, ки ӯро ҷазо диҳанд. Ӯ супориши худи ҳукуматро иҷро кардааст. Магар мешавад як нафарро барои иҷрои супориш ҷазо дод? Албатта, барои хокпошӣ ба чашми мардум ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ метавонист ин корро бикунад. Аммо, шумораи Истамзодаҳо он қадар зиёд аст, ки агар ҳукумат ҳар кадоми онҳоро ҷазо бидиҳад, рӯҳияи саркӯбгарии худи ҳукуматро аз байн мебарад. Ҷасорати мардум ва ҳақталабиашон бештар мешавад. Ин масъала ба мавзӯъи болотари сӯҳбати мо, яъне ҷуръати миллӣ рабт дорад. Ҳукумати имрӯза ба Истамзодаҳо ниёз дорад ва ҳар касе ҷои Истамзода биёяд, мисли ӯ рафтор хоҳад кард. Вагарна, система ӯро мисли як ҷисми бегона берун мепартояд. Мо набояд иллатро дар Истамзода бубинем, иллат дар он системаест, ки ҳар рӯз Истамзодаи нав тарбия мекунад.
– Осиёи Марказӣ дар ҳоле, ки байни чанд ғӯл қарор дорад, аз равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ бо шиддат ақаб мемонад. Оё имкони ин вуҷуд дорад, ки чанд сол пас харитаи ОМ тағйир кунад?
– ОМ-ро тағйирёбии харитаи сиесӣ дар кул таҳдид намекунад. Истисно, Точикистони мост, ки аз ин ҳукумат ҳама чизро интизор шудан мумкин. Харитаи сиёсӣ ва ҷуғрофии мо аллакай ба самти камшавӣ тағйир кард ва маълум нест, ки боз чи қадар ва аз кадом гӯша тағйир хоҳад кард. Аммо, харитаи иқтисодии минтақа дар ҳоли тағйиребии доимӣ аст, ки ин чандон бад ҳам нест ва набояд аз он тарсид. Дар умум, то вақте, ки ОМ дар панҷаи чанд диктатор боқист, ин минтақа садо ва сиёсати ягонаи ҳамоҳангшуда нахоҳад дошт. Ин вазъият ба нафъи Чин ва Русия ва то ҷое Ғарб ҳам ҳаст. Бо чанд диктатор бозӣ кардан осонтар аст, аз он, ки бо чанд миллат бозӣ кунед. Яке аз мусибатҳои миллати мо ҳам ин аст, ки дар иҳотаи кишварҳои диктотурӣ қарор дорем ва бархе фикр мекунанд, ки мо роҳе чуз мунтазир мондан надорем. Яъне, то ҳамсоягонамон табдил ба кишварҳои демократӣ нашаванд, мо чунин имконро надорем. Ман шахсан ба ин фикр мухолифам ва инро ҳам ҷузъи ҳамон сиёсати ноумед кардан ва дар сархамӣ нигаҳ доштани миллат медонам. Бисёр хуб мешавад, агар мо бо ҳам тағйир кунем ва як минтақаи ягонаи озоду пешрафта дошта бошем, мисле, ки аврупоиҳо сохтанд. Ҳоло қирғизҳо як қадам пештаранд ва узбекҳо ҳам шанс доранд ба ин самт ҳаракат кунанд, агар Мирзиеев ба ақаб нагардад. Аммо, ҳамеша ба суйи дигарон нигоҳ кардан хуб нест, бояд роҳи худро рафт ва бигузор дигарон ба мо пайравӣ кунанд.
– Қатли Қосим Сулаймонӣ чӣ паёмадҳое ба минтақа ва ҷаҳон метавонад дошта бошад?
– Паёмадҳои хеле ҷиддӣ ва бад хоҳад дошт. Фикр намекунам ҳатто худи Трамп то охир паёмадҳои ин корашро тасаввур мекарда бошад. Ӯ ду мушкилӣ дорад дар оянда – интихобот ва импичмент. Агар ин кушторро ба хотири тағйири афкори умум аз ин ду мушкилиаш кард, пас ҳисобу китобаш ғалат баромад. Чун Амрикоро дар доме афтонд, ки аз он баромаданаш кори осон нест. Масъала танҳо атрофи шахсияти Сулаймонӣ нест. Шояд назари худамро атрофи падидае бо номи Қосими Сулаймонӣ пас аз фурӯкашии ин ҷабҳагирихои эҳсосотӣ дар фурсати муносиб бигӯям. Масъала ҳоло сари қонунҳои байналмиллалист, ки ба таври ошкор помол шудааст ва намояндаи СММ ҳам бар он он таъкид кард. Масъала эҳтироми истиқлолияти Ироқ чун кишвар аст, ки дар хоки он намояндаи расмии кишвари дигар ба таври ошкор кушта шуд. Ҳар кишвари дигар ҳам метавонад дар оянда барои худ душман таъйин кунад ва дар ҳар куҷое ки бихоҳад ӯро бикушад ва касе ҳам натавонад ӯро барои ин амалаш сарзаниш кунад. Ин танҳо зарба ба истиқлолияти Ирок ва обруйи Ирон нест, балки зарба ба назми ҷаҳонӣ ва суботи бе ин ҳам заъифшудаи ҷаҳон аст.
– Метавон гуфт, ки ҷаҳон дар остонаи ҷанги нав аст?
– Ҷанг шояд ҳанӯз барвақт аст, аммо кор ба зарбаҳои мутақобил ҳатман мекашад. Агар зудтар барои хомӯш кардани ин таниш иқдом нашавад, ҳади ақал мо ҷанги минтақаӣ хоҳем дошт. Миллатгароёни серб ҳам дар аввалҳои асри гузашта шоҳзодаи Австрияро барои худ душман таъйин карданд, ки дар Сараево террор шуд ва ҷанги якуми чаҳонро сабаб гашт. Сулаймонӣ президент ё шоҳзода набуд, аммо таъсираш аз бисёре роҳбарони кишварҳо дар минтақа бештар буд ва ин бояд ба назар гирифта мешуд. Мехоҳем ё не, минтақаи Ховари Миёна вориди марҳалае шуд, ки ман онро “пасосулаймонӣ” меномидам ва он дигар минтақае нест, ки Амрико мехост бубинад. Ҳади ақал, Ироқ дигар он Ироқе нахоҳад буд, ки Амрико барояш миллиардҳо доллар харҷ кард, балки наздиктар ба он Ироқе мешавад, ки Ирон онро мехост бубинад. Қосим Сулаймонӣ ду вазифаи асосӣ дошт, яке қавӣ кардани нуфузи Ирон дар минтақа ва дигаре, пешгирӣ аз нуфузи Амрико ва ҳампаймонҳояш дар минтака. Ӯ дар зинда буданаш аз ичрои вазифаи аввал ба хуби баромад ва имрӯз ҳузури пурнуфузи Иронро дар Ховари Миёна касе инкор намекунад. Ҳоло ин нуфуз чи қадар мусбат ё манфӣ будааст, масъалаи дигар аст. Вазифаи дуюм ба маротиб душвортар буд ва мисле, ки Сулаймони пас аз шаҳодаташ онро аз Сулаймонии зинда беҳтар анҷом хоҳад дод.
– Оё ин бӯҳрон роҳи ҳале дорад? Трамп бо як ракета онро оғоз кард, кӣ бояд ҷамъаш кунад?
– Метарсам, ки мушаки шилликшуда дар фурӯдгоҳи Бағдод ҳанӯз пурра кори худро тамом накардааст ва ҳанӯз маълум нест, ки қурбонии аслии он ки хоҳад буд. Бозӣ ҳоло дар дасти роҳбарияти Ирон ва қисми огоҳ ва масъулиятшиноси ҷомеъаи Амрикост. Дуруст аст, ки Трамп президенти амрикост ва қудрату салоҳияти бузурге дорад ва мо дидем, ки ин салоҳияташро чи гуна истифода мекунад. Амрико бояд салоҳиятҳои амалиётии Трампро барои ҷанг дар хориҷ маҳдуд кунад, вагарна мо шоҳиди тасмимҳои ғалати дигари ӯ хоҳем шуд.
Роҳбарияти Ирон ҳам таҳти фишор аст ва бояд интикоми ваъдадодаашро иҷро кунад, вагарна дар баробари мардумаш ҷавобгӯ хоҳад буд. Агар танҳо қисме аз ҷомеъаи Амрико аз ин куштор пуштибонӣ кунанд, дар муқобил аксарияти қотеъи ирониҳо аз ҳар гуна иқдоми интиқомҷӯёнаи роҳбарияташон пуштибонӣ хоҳанд кард. Зеро, худро мазлум ва ҳақдор барои ҷавоб медонанд. Дар ҳоле, ки Ирон ба хулосае наомадааст чи гуна ҷавоб диҳад ва бо хар далеле онро ба таъхир меандозад, фурсати хубест барои доираҳое, ки мехоҳанд миёнҷигарӣ кунанд. Ман тарафи муносибтарин барои ин кор Иттиҳоди Аврупо ё ҳади ақал чанд кишваре мисли Фаронса ва Олмонро мебинам. Талошҳои Қатар ва Уммон ҳам хубанд, аммо Ирон онҳоро ҷиддӣ нахоҳад гирифт. Агар Аврупо мехоҳад нақши миёнҷигариро бозӣ кунад, дар ин лаҳзаи ҳассос набояд дар яке аз ҷабҳаҳо қарор бигирад. Табиист, ки ҳам Амрико ва ҳам Ирон интизор доранд дар ин шабу рӯзҳои ҳассос дӯстони тақлидиашонро дар паҳлӯи худ бубинанд, аммо масъала болотар аз он ки, ки касе бихоҳад дар ин рӯзҳо имтиҳони садоқат ба Амрико ва ё Ирон нишон бидиҳад. Аммо, то ин лаҳза Аврупо бештар зарбахӯрдаро насиҳат ба хештандорӣ ва оромиш мекунад, аз он, ки тарафи занандаро маҳкум карда бошад. Табиист , ки чунин мавкеъгирӣ имконияти манёврро аз Аврупо барои анҷоми нақши миёнҷигарӣ маҳдудтар мекунад.
– Сафари мақоми баландмакоми амрикои ба Точикистон бо чӣ ҳадафе буда метавонад? Оё метавон тағйирёбии сиёсати ИМА нисбати ОМ дар пасманзари густариши таъсири Чинро мунтазир шуд? Ин тағйирёбӣ чӣ паёмаде дар пай дошта метавонад?
– Сафари хонум Уэлс ба Тоҷикистон дар чорчӯби сафарҳои доимии мақомоти Амрико ба Тоҷикистон аст. Солҳои охир ҳамеша яке аз муовинони ёвари котиби давлатии Амрико ба Тоҷикистон сафар мекунад, дар сурате, ки ба Узбекистон, Белорусия ва дигар кившархои минтақа худи Котиби давлатӣ сафар хоҳад кард. Аллакай аз хабарҳо маълум, ки бештар масоили амниятӣ ва низомӣ баҳс шудаанд. Ин сафар дар авҷи ихтилофоти Амрико бо Ирон сурат мегирад ва табиист, ки мавзӯъи Ирон ҳам матраҳ аст.
Эҳсос мешавад, ки Амрико ҳузури камтари худ дар ОМ дар давраи аввали раёсати Трампро мехоҳад ислоҳ кунад. Аммо, оё дар чунин шароити бӯҳронӣ дар Ховари Миена метавонад дар ОМ муваффақ бошад, саволи дигар аст. Эҳтимол дорад сафари Пампео ба минтақа ҳам ба таъхир афтад.
– Ҷунбиши Ислоҳот ва рушд, ки яке аз созмонҳои дохили ПМТ аст, ахиран масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иутисодии Авруосиёро бардоштааст ва болои он пофишорӣ дорад. Ин сиёсати Паймони миллӣ аст, ё танҳо ин ҷумбиш? Худи ПМТ ба ин масъала чӣ назар дорад ва оё болои он пофишорӣ хоҳад кард?
– Мо назари Ҷумбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои Паймон шунидем ва ин пешниҳод таҳлил шуд. Мо дар Паймон ба ин натиҷа расидем, ки воридшавии Тоҷикистон ба ин иттиҳод паҳлӯҳои мусбат ва манфии худро дорад ва набояд онро як икдоми сирф фоиданок донист. Танҳо далели қавие, ки Тоҷикистон метавонад ба хотири он вориди ин Иттиҳод шавад, ин вазъи беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст, ки нисфи ММД-и кишварро таъмин мекунад. Бинобар ин, Паймон дар умум воридшавӣ ба ин иттиҳодро бо гузоштани шартҳои мушаххас пеши ин созмон ҷонибдорӣ мекунад. Аз чумла, ҳақи бо роҳи содатар баромадан аз Иттиҳод дар сурати барои иқтисоди кишвар бесамар будани ин узвият, ҷузъи ин шартҳо бошад.