Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Бону Зарафо Раҳмонӣ

Бону Зарафо Раҳмонӣ

Бону Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ (Зарафо Хӯҷаева Раҳмоновна), бонуи сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, муассиси ташкилоти “Нишот” ва яке аз фаъолтарин бонувони тоҷик аст.

Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ мебошад.

Хонум Зарафо 23-юми феврал соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Рӯзи 16-уми сентябр тавассути кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.

Таҳсил

Ӯ пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1999 Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм карда, сипас соли 2008 дипломи факултети ҳуқуқшиносиро аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дарёфт намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Хонум Зарафо аз 2000 то 2003 дар нашрияи “Наҷот” ва аз соли 2003 то 2008 ба ҳайси корманд ва сипас сардабири маҷаллаи бонувони ҲНИТ ба номи “Найсон” ифои вазифа кардааст.

Вай аз соли 2008 то 2011 раиси шӯъбаи фарҳанг ва таблиғи ҲНИТ, сипас ба муддати як сол муовини раиси дастгоҳи ҳизб буда, аз соли 2012 то кунун мушовири ҳуқуқи раиси ҳизб аст.

Хонум Зарафо ба ҳайси вакили дифоъ дар парвандаҳои пурсарусадои бархе чеҳраҳои мухолифин, аз ҷумла Ҷамолиддини Маҳмуд, маҳбуси сиёсии ҲНИТ будааст.

Ӯ ба унвони бонуи фаъол ва ҳуқуқшинос ҳамкории хуб бо созмонҳои байналмилалӣ дорад ва дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ширкат ва суханронӣ кардааст.

Хонум Зарафо узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2003), Академияи “Муколамаи дину давлат” (2004), Клуби мукаломаи занон дар шароити иҷтимоию сиёсӣ (2005), “Гузоришгарони зан дар ҷаҳони ислом” (2010) ва мураббии “пешгирӣ аз нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД” дар миёни созмонҳои мазҳабӣ мебошад.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Хонум донандаи забонҳои русӣ ва форсӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.