Наздикони Исломиддини Файзалӣ гуфтаанд 4 рӯзи пеш мақомоти қудратӣ ӯро бо худ бурдаанд ва то ҳол аз ӯ хабаре нест. Исломиддини Файзалӣ дар гузашта узви РО ҲНИТ ва корманди Академияи Илми ҲНИТ буд. Аммо пас аз баста шудани ҲНИТ дигар ҳеҷ фаъолияти сиёсии дигаре надошт ва бо ҲНИТ дар иртибот ҳам набуд. Мақомот далели боздошти ӯро ҳам то ҳол шарҳ надодаанд.
Аммо ҳукумат маъмулан аз вуҷуди аъзои боқимондаи ҲНИТ дар дохили кишвар ҳамчун гаравгон истифода мекунад ва ҳар вақт зери фишор қарор гирифт бо зур аз онҳо навор сабт намуда, алайҳи ҲНИТ пахш мекунад. Ин раванд аз чанд соле ҳаст, ки идома дорад. Ҳамонгунае, ки аз волидон ва хешу наздикони мухолифон ҳамчун гаравгон истифода мекунад.
Дар асл ин раванд идомаи татбиқи ҳамон протоколи 32.20 мебошад, ки то ҳол идома дорад. Ба хусус пас аз суханронии Раҳмон дар ҷашни Ваҳдат ин раванд авҷ гирифт ва пас он буд, ки филми саросар туҳмату дурӯғ бо номи “Хиёнат” ҳам нашр гардид.
Бинобарин паёмади ин амалҳо низ ба души шахси Раҳмон ва дигар мақомоти кишвар хоҳад буд.
Б. Қаюмзод сухангӯи ҲНИТ