Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Даргузашти нобаҳангоми узви Раёсати олии ҲНИТ Муҳаммадалиев Фахриддин

Даргузашти нобаҳангоми узви Раёсати олии ҲНИТ Муҳаммадалиев Фахриддин

Мо ҳама аз Худоем ва ба суи ӯ бармегардем. Раёсати олии ҲНИТ бинобар даргузашти узви Раёсати олӣ ва собиқ муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон, Муҳаммадалиев Фахриддин ба наздикону пайвандони онкас ҳамдардии худро мерасонад ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Марҳум 08. 02. 1981 дар вилояти Хатлон собиқ Қурғонтеппа ба дунё омадааст, оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Мухаммадалииев Фахриддин соли 2015 дар қатори дигар аъзоёни РО аз тарафи мақомоти қудратии кишвар боздошт шуда, мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифта буд ва бинобар сабаби беморӣ баъди як мудат озод гардид. Ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози ҷумъа дар зодгоҳаш баргузор мегардад. Аз даргоҳи Худои мутаъол барои бародари азиз Фахриддин ҷаннатул фирдавсро хоҳонем .

Раёсати олии ҲНИТ
18 — 01 — 2018