Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Домулло Неъматуллоҳ Ишонов

Домулло Неъматуллоҳ Ишонов

Домулло Неъматуллоҳ Ишо- нов соли 1949 дар деҳаи Ҳоити минтақаи Рашт дар оилаи деҳ- қон ба дунё омадааст. Хо- наводаи онҳо як моҳ қабл аз ҳодисаи даҳшатноки замин- ларзаи Ҳоит, ба минтақаи Вахшонзамин кӯчида бу- данд. Аз сабаби он ки падару модараш аҳли илм бу- данд, домулло Неъматуллоҳ улуми ибтидоии диниро аввал дар назди падараш омӯхт. Падари меҳрубонаш ӯро дар руҳияи диндӯстӣ тарбия мекард,. Ҳамчунин амакаш Мулло Сайидаҳрориддин низ дар таълим до- дани ӯ нақши муҳим дорад. Сипас домуло Неъматул- лоҳ дар назди мулло Икром, аз деҳаи «Пахтакор» ва баъдтар дар назди домулло Таваккал касби илму маърифати исломӣ намуд.

Соли 1965 мактаби миёнаро хатм намуд ва аз со­ли 1967 ба мақсади шогирди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ шудан, ба шаҳри Душанбе омад. Дар ибтидо дар назди яке аз шогирдони мавлавӣ домуло Сиё- миддин таҳсил намуд ва баъдтар дар назди худи Мавлавӣ. Бо Устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки яке аз шогирдони мавлавӣ буданд, шинос мешавад ва дар

миёни онҳо дустӣ ва муҳаббати самимӣ ба вуҷуд меояд. Пас аз ин дӯстии онҳо то рафт қавитар мегар- дад ва ҳангоми суҳбат ва муноқишаҳо дар бисёре аз масъалаҳо бо ҳам ҳамфикр мешаванд. Маҳз ҳамин ҳамфикрӣ ва дӯстии самимии онҳо боиси он мегар- дад, ки бо ҳам атрофи масоили муҳими сиёсӣ ва иҷтимоъии ҷомеа баҳс мекунанд.

Замоне, ки дар назди Мавлавӣ таҳсил менаму- данд, аз тарафи КГБ Домуло Неъматуллоҳ ва 11 на- фар аз шогирдони Мавлавӣ, ки дар миёни эшон Устод Нурӣ низ буд, дар маҳаллаи Ипподром дар ҷои дарс дастгир мешавад. Баъди ин ҳодиса Мавлавӣ маҷбур мешавад шогирдони худро ҷавоб диҳад ва бо ҳамин дарси ӯ дар назди Мавлавӣ ба поён мерасад. Эшон ба ҷои истиқомати аслияш шаҳри Қӯрғонтеппа бармегардад ва ба густариш додани афкор ва таъ- лимоти исломӣ машғул мешавад.

Соли 1973 Домулло Неъматуллоҳи ҳамроҳ бо устод Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, Одинабек ва Ҳоҷӣ Қаландар Созмони ҷавонони исломии Тоҷикистонро ба таври пинҳонӣ таъсис медиҳанд. Домулло Неъма- туллоҳ олими парҳезгор, инсони ҳалим, шахсияти бо- фарҳанг ва дурандеш мебошад.

Оиладор ва соҳиби шаш фарзанд мебошад.