Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, раиси шуъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ, донишманди динӣ, собиқ хатиби масҷид дар ноҳияи Ғозималик (Хуросони кунунӣ) ва собиқ сардабири “Наҷот”аст.
Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.
Домулло Зубайдуллоҳ соли 1946 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 тавассути кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Таҳсил
Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, омузиши улуми диниро дар назди рӯҳониёни машҳури кишвар, аз ҷумла Сайид Абдуллоҳи Нурӣ касб намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ
Домулло Зубайдуллоҳ яке аз собиқадорони ҲНИТ ва донишмандони мазҳабии кишвар ба шумор меравад.
Ӯ дар тӯли фаъолиятҳои сиёсиаш дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ аз сардабири “Наҷот”, раиси Шӯрои уламои ҳизб то раҳбарии Академияи исломии ҳизб ва раисии шуъбаи илм ва кор бо уламои Наҳзат фаъолият кардааст.
Дар баробари масъулиятҳои идории мазкур, ӯ соҳиби қалами хуб буда, ҳамеша дар нашрияи “Наҷот” мақолаҳо менависад.
Ҳамчунон, вай ҳамроҳи рӯҳониёни наҳзатии дигар, то замони бастани масҷиди воқеъ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар ин масҷид хутбаҳои ҷумъаро ба навбат ироа мекарданд.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Домулло Зубайдуллоҳ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.