Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Хотираи М. Кабирӣ аз роҳи Хуҷанд - Душанбе

Хотираи М. Кабирӣ аз роҳи Хуҷанд - Душанбе

Дишаб, хангоми бозгашт аз сафари серузаи вилояти Сугд дар агбаи Шахристон бо сабаби фуромадани тарма ва боридани барфи зиед мошинхо дармонданд. Катори чандинкилометраи мошинхо бехаракат буд ва мошинхои мо хам ба ин саф пайвастанд. Хавои сарди поени сифр, торикии шаб ва бехаракати табиист, ки хастагии сафарро бештар мекунанд. Аммо, кофи буд, ки ба ин вазъият бо чашми дигар, барои мисол, бо чашми дурбини аккоси нигох кунем, манзара комилан фарк кард. Ин хама катори мошинхои мунтазири харакат, барфу ях ва торики дар кухистони Точикистон тобиши зебое ба худ мегирад, ки чои дигар ва вакти дигар такрор нахохад шуд. Вакт сарфи асабоният не, балки сарфи тамошои манзараи нотакрори кухистони Точикистон мешавад, ки бо хамрохон ончо сипари кардем.
Ин холат бори дигар исбот кард, ки хамеша бояд мусбатнигар (позитивист) буд, хатто дар душвортарин вазъият хам. Факат кофист, ки зовияи нигохро ба ин ё он падида, хатто, ба як бухрон, тагйир бидихем. Онгох хохем дид, ки хатто дар хар як падидаи манфи пахлуи мусбате хаст, ки гохо чашми манфинигар онро эхсос намекунад. Хеч кадоме аз мо мусофирин дишаб намехостем дучори чунин як вазъияти душвор шавем, вале аз мо вобастагие надошт. Чуз сабру тахаммул чорае набуд. Хар як нафари чомонда он шаб вазъиятро аз зовияе медид. Оне, ки дишаб танхо барфу тармаву катори бехаракати мошинхоро медид, чуз ноумеди ва асабоният чизе надошт. Аммо, ончо як омезиши зебои ранги сияхи шаб бо барфи сафед ва салобати куххо дар партави нури чарогхои мошинхои катор вучуд дошт, ки шояд на хама медиданд. Вокеан, зебо буд он манзара. Зебогие, ки пардаи душвори ва бухронро мешикофт ва сардиву торикиву бехаракатиро ба як лахзаи чолибу нотакрори зиндаги табдил медод. Хама лахзахои зиндагии мо иборат аз хамрохии зебогиву зиштихо, некихову бадихо ва мусбатхову манфихост. Ин мо хастем, ки якеро мебинему дигаре не.
Точикистон на танхо табиаташ зебост, балки мушкилихояш хам зебогии хос дорад. Албатта, чашми дурбин натавонист хама он зебогихоро ба пурраги сабт кунад, чун чашми инсон нест. Аммо, бехтар аз чашми инсонест, ки танхо мушкилиро мебинаду пахлуйи манфиро.
Ин чанд аксро аз интизорихои дишаб барои дустон мемонам. Ба умеди он, ки дар хама холат мусбатнигариро хифз кунанд ва хамеша зебойиро бубинанд.

1506674_795674803856870_3122171709921133485_n 10391401_795674840523533_7955707760546014545_n 10984033_795674817190202_6760752920094121570_n 10996816_795674793856871_769646473987269183_n (1)