Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Қиёмиддини Аваз

Қиёмиддини Аваз

Қиёмиддини Аваз

Қиёмиддини Аваз (Авазов Қиёмиддин Курумҷонович), сиёсатмадор ва фаъоли ҷавон, раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе, собиқ раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб, собиқ корманди Дастгоҳи ҳизб ва мутахассиси забони арабӣ аст.

Вай узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Қиёмиддин 24 -уми июни соли 1973 дар деҳаи 1 -уми Майи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Таҳсил

Ӯ пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 2002 Донишкадаи исломии Либиро дар риштаи забон ва адабиёти араб хатм кардааст. Қиёмиддин сипас дипломи магистратураи факултаи иқтисод ва идораро аз ДДМТ дарёфт намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Қиёмиддин аз даврони ҷавонӣ ба ҲНИТ пайваст ва пас аз итмоми таҳсилоти олӣ, аз соли 2003 то 2005 ҳамчун масъули бойгонии Дастгоҳи ҲНИТ фаъолият кардааст.

Ӯ аз соли 2006 то 2007 ёвари раиси Дастгоҳи ҳизб ва сипас аз 2008 то 2012 раиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ будааст.

Қиёмиддин соли 2012 ба ҳайси муовини раиси шуъбаи ҳизб дар Душанбе интихоб шуда, сипас аз ибтидои 2014 то кунун раиси бахши мазкур аст.

 

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Қиёмиддин донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.