Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, сардабири нашрияи “Наҷот”, собиқ сухангӯи ҲНИТ, собиқ узви КМИР, журналист ва таҳлилгар аст.
Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.
Сайфуллоҳзода 1-уми марти соли 1950 дар деҳаи Арғанкули ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз тарафи кормандони КДАМ дар хонааш боздошт шуд.
Таҳсилот
Сайфуллоҳзода соли 1975 Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст.
Ӯ аз соли 1975 то 1991 ба ҳайси муаллим ва баъдан директори мактаби мусиқии ш. Панҷ воқеъ дар ҷануби кишвар фаъолият намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ
Вай авоили даҳаи 90-ум ба ҲНИТ пайваст ва яке аз фаъолтарин масъулини ҳизб дар маҳофили расонаии кишвар дар даҳсолаи ахир маҳсуб мешавад.
Ӯ дар ҷаласаи музокироти сулҳ дар Хустдеҳи Афғонистон, ки он заминаи асосии Созишномаи сулҳи тоҷиконро муҳайё кард, ширкат кардааст. Сайфуллоҳзода аз соли 1997 то 2000 раиси Маркази матбуотии ИНОТ-ро ба уҳда доштааст.
Вай аз соли 1999 то 2004 ба унвони узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) фаъолият намудааст.
Ӯ ҳамчунин дар авоили солҳои 2000-ум ба унвони раиси дастгоҳи ҲНИТ ва ҳамзамон сухангӯи ҳизб будааст.
Сайфуллоҳзода аз соли 2010 то кунун сардабири нашрияи ҳизб “Наҷот” аст.
Боздошт
Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Сайфуллоҳзода донандаи забонҳои русӣ ва форсӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.