Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Ҳимматзода истеъфо дод

Ҳимматзода истеъфо дод

 

Ҳимматзода истеъфо дод

Ҳимматзода

Ба далели беморӣ оқои Ҳимматзода борҳо хостори қатъи ваколати намояндагӣ дар порлумон шуда буд

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ваколати намояндагӣ дар Маҷлиси намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони ин кишвар даст кашидааст.

Масъулини ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, оқои Ҳимматзода зимни як нома унвонии Маҷлиси намояндагон ва Коммисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон далели ин амрро ба фишор болои ӯ аз сӯйи мақомоти порлумону давлат марбут хондааст.

Дар ин нома омадааст: дар пайи чопи матлаби интиқодии Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар «Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзат дар мавриди нукоти қонуни ҷадиди «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба дастури раиси Маҷлиси намояндагон ӯ аз истифодаи утумубили хидматӣ маҳрум шудааст.

«Магар ман ба унвони намояндаи порлумон дар бораи қонуне, ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад ҳаққи ибрози назар карданро надорам?»-суол кардааст оқои Ҳимматзода.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи вай дар панҷ соли ахир ба иллати бемори бистарӣ буданаш панҷ маротиба расман хостори қатъи ваколаташ аз порлумони Тоҷикистон шуда ва ҳамеша ҷавоби рад дарёфт кардааст.

Дар ин нома таъкид шудааст, Саъдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ҳар дафъа далели посухи радро ба бистарӣ будани оқои Ҳимматзода ва ба утумубили хидматӣ ва маош ё ҳуқуқи намояндаи порлумон ниёз доштани ӯ марбут донистааст.

Вале Муҳаммадшариф Ҳимматзода мӯътақид аст, ки илали аслии пазируфта нашудани дархостҳои ӯ дар бораи қатъи ваколати намояндагӣ навъи эҷоди монеъ барои вуруди намояндаи дигари ҳизби наҳзат ба порлумон будааст.

Зеро ба навиштаи оқои Ҳимматзода фарде, ки ба ивази ӯ дар иҷлои порлумон ширкат мекунад, мумкин аст дар баррасии қавонин назари интиқодӣ иброз кунад ва ин вазъ барои мақомоти порлумон хушоянд нахоҳад буд.

Додоҷонов

Оқои Додоҷонов гуфт, ки дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода пазируфта нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи коршиносон тасвиби қонуни «Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ихтилофи назарҳои миёни ниҳодҳои давлат ва ҳизби наҳзати исломӣ ва баҳсҳои доғ дар ҷомеаи ин кишвар мунҷар шудааст.

Дар даҳаи 1990 миёни давлати Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба радди сабти номи ин ҳизб мухолифатҳое буруз кард ва дар ниҳоят, мунҷар ба эътирозҳо ва нооромиҳо дар ин кишвар шуда буд.
Дархости Ҳимматзода пазируфта нахоҳад шуд

Дар ҳамин ҳол, масъулони Маҷлиси намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумон гуфтанд, ки дар мавриди ин иқдоми Муҳаммадшариф Ҳимматзода иттилоъ надоранд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи ин маҷлис таъкид кард, ки тибқи қавонини Тоҷикистон дархости оқои Ҳимматзода дар бораи қатъи ваколати намояндагӣ нахуст бояд ба Коммисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон ирсол шуда ва пас аз баррасӣ дар он ҷо ба иҷлоси порлумон пешниҳод гардад.

Ҳамзамон, Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Коммисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон таъкид кард, ки дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода пазируфта нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Додоҷонов бар асоси моддаи 57-и қонуни «Интихоботи Маҷлиси Олӣ» дар замони камтар аз як сол то баргузории интихоботи порлумонӣ намояндаи ҷадид ба маҷолиси порлумон интихоб намешавад ва ин тақозои қонун ба намояндагони порлумон, ки тибқи феҳристи ҳизбӣ интихоб шудаанд, рабт мегирад.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, имкон дорад Маҳмадалии Ҳаит, фарди сеюм дар феҳристи ин ҳизб ҷойгузини Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар порлумони ин кишвар шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ва намояндаи порлумони Тоҷикистон гуфт, ки Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломӣ дар ин замина тасмим хоҳад гирифт.

Муҳаммадшариф Ҳиматзода ва Муҳиддин Кабирӣ бар асоси феҳристи ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, дар интихоботи порлумонӣ дар соли 2005 узвияти Маҷлиси намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистонро касб карда буданд

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2009/04/090414_mm_hemmatzadeh.shtml