Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар мавриди навори ахири ВКД

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар мавриди навори ахири ВКД

Шоми 4- сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД), филми наверо бо номи “Гирдоб” дар робита ба ҳодисаи қатли бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиш гузошт, ки дар он мақомот бори дигар иттиҳомоти беасоси худ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) — ро такрор карданд.
ҲНИТ, қаблан ба тартиб дар таърихи 31.07.2018, 02.08 ва 06.08.2018 бо маҳкум кардани ин амали террористӣ ва ноҷавонмардона, узви ин ҳизб будани тарроҳон ва омилони онро рад намуда, талаб карда буд, ки барои таҳқиқи дурусти ин ҷиноят як гурӯҳи тафтишотии байналмилалӣ бо ширкати кишварҳои марбут ташкил шавад ва ҲНИТ барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҷиноят омодаи ҳамкорӣ аст.
Иттиҳоми беасоси наве, ки моқомоти Тоҷикистон дар навори ахир бар дурӯғҳои худ илова кардаанд, узви Раёсати Олии ҲНИТ муаррифӣ кардани Юсуфов Давлатбек, бобои ду нафар аз ҳамлагарони ҳодиса мебошад.
ҲНИТ, таъкид мекунад, ки фарде бо номи Юсуфов Давлатбек натанҳо узви Раёсати Олии ҲНИТ нест, балки касе бо ин ному насаб ҳечвақт узви қатории ҳизб ҳам набуд. Раёсати Олии ҲНИТ аз 58 нафар иборат буда, ҳамеша руйхати онҳо дар сомонаи расмии ин ҳизб дар дастраси умум қарор дорад.
Филми ахири ВКД бори дигар нишон медиҳад, ки ҳукумат майле барои пурра ошкор шудани ин ҷиноят ва муайян кардани иҷрокунандагон, супоришдиҳандагон, сабабҳо ва ҳолатҳои вокеъии ин ҷиноятро надорад ва талош мекунад онро ҳамчун василаи навбатии мубориза алайҳи гуногунандешон ва мухолифини сиёсии худ истифода намояд.
ҲНИТ муътақид аст, амали мақомоти кишвар фарқе бо амали ҷинояткорони ҳодисаи Данғара надорад, зеро ин амал фиреб ва гумроҳ кардани мардуми кишвар буда, маълум мекунад, ки мақомот дар ошкор шудани дастандаркорони аслии ҳодиса манфиатдор нестанд.
Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ бори дигар тамоми иттиҳомоти ахири мақомоти кишварро, ки дар ин навор аз забони Абдусамадов садо доданд рад намуда, талаб менамояд, ки ҳарчи зудтар як гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо ҷалби мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст, ташкил шавад ва натиҷаи таҳқиқоти худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Таъхир дар ташкили чунин гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ метавонад боиси аз байн бурдани далелҳо ва поксозии изи омилони аслии ин ҷиноят аз тарафи доираҳои манфиатдор гардад.
Раёсати Олии ҲНИТ
06. 09. 2018