Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳори сипоси Муҳиддин Кабирӣ ба таслиятгӯяндагон

Изҳори сипоси Муҳиддин Кабирӣ ба таслиятгӯяндагон

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

انا لله و انا اليه راجعون

Ба ҳама дустон, бародарону хоҳарон ва ҳамватанони азиз, ки тайи чанд рӯзи ахир паёмҳои таслият ва ҳамдардии худро ба хотири реҳлати қиблагоҳи азизам бо василаҳо ва шаклҳои гуногун расониданд, аз номи худ ва ҳамаи фарзандону пайвандони қиблагоҳи марҳум миннатдорӣ баён мекунам. Дар чунин лаҳзаҳои барои ҳар кас сангин, таслият ва ҳамдилии шумо дарди фарзандону пайвандони муҳоҷир ва дар ватан боқимондаи марҳумро сабуктар гардонид ва аз Парвардигор истидъо дорам, ки гузаштагони ҳамаи Шуморо шомили раҳмати хеш гардонида бошад ва бозмондаҳоро тансиҳативу саодат ато кунад.

Некиҳои ҳамдеҳагон, хешу табор ва ҳама касоне, ки дар чунин шароит ишонро аёдат мекарданд ва дар маросими ҷанозаи марҳум ширкат карданд, ҳечгоҳ фаромуш нахоҳад шуд ва болои ҳамаи мо бозмондагон қарз боқӣ хоҳад монд.

Қиблагоҳ чи тавре, ки зиндагӣ карданд, ҳамон тавр рафтанд. Ҳамчун як тоҷик хеле соддаву самимӣ ва ҳамчун як муъмин хеле содиқу мухлис.

Фалсафаи зиндагияш ин буд, ки бо Худованд банда бош ва бо бандагони Худо инсон. Касеро душман намедонистанд ва ҳеч гоҳ ба касе дуъои бад ё фикри бад намекарданд. Ҳоло суханҳояшонро бо ҳайати 200 нафара, ки ду ҳафта қабл аз реҳлаташон ба манзилаш «ташриф» оварда буданд, калима калима ҷамъ дорем, вале он чи ки маълум аст, бо ашки чашм берун омадани қисме аз »касалхабаргирҳои ҳукуматӣ» (ибораи худи раҳматӣ) мебошад. Калимаи дустдоштаашон барои ҳама »ҷура» буд , ки дар паёми «ҳукуматӣ» -ашон ҳам маро ба ин калима хитоб кардаанд. Сахттарин танбеҳашон «сарзада» буд ва ҳама ин танбеҳашонро дуст медоштем. Худашон ҳам бештар «сарзадаҳо»-ро дуст медоштанд.

Лозим медонам, ки ба мақомоти давлатии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдат барои таъмини маросими ороми ҷаноза ва имкони ширкати аксари пайвандони мавҷуд дар Ватан ташаккур бигӯям. Барои он аксари пайвандон мегӯям, ки қисме аз онҳо тули якуним соли ахир ҳаққи зиёрати қиблагоҳро надоштанд. Аз ҷумла, келин ва се набераам, ки 5, 3 ва 1 солаанд ва дар масофаи 5 километрӣ аз манзили қиблагоҳ зиндагӣ мекунанд, тули якуним сол як бор ҳам иҷозати зиёрати қиблагоҳро дарёфт накарданд ва қиблагоҳу бародари ман ҳам иҷозати рафтан ба манзили келинро надоштанд. Агар иҷозат медоданд, ки пирамард абераҳову келинашро медид, фикр накунам, ки амнияти ягон гурӯҳ, ҳукумат ва ё фарде зери хатар мерафт. Ҳадди ақал, рӯзҳои бад шудани саломатии қиблагоҳ ва ҳатто, рӯзи ҷаноза ҳам ин ҳақро ба тифлону занон медоданд, аз савоб холӣ набуд. Марҳум ба Нурбону номи модари худашонро гузошта буданд ва хеле дуст медоштанд ӯро. Шояд хеле барояш сангин буд, ки ин ҳама муддат натавонад «модар»-и хурдсоли худро ва он ҳам дар масофаи 5 километрӣ як бор ҳам набинад.

Ҳоло ҳам, ки рӯзҳои фотеҳа дар пеш аст, шояд иҷозат диҳанд, ки келину тифлон манзили бобояшонро як бор бошад ҳам зиёрат кунанд. Ин дигар масъалаи сирф инсонӣ аст, на сиёсӣ, амниятӣ ё »мубориза бо терроризм».

Ҷумлаи охире, ки аз ӯ шунида будам, ин буд: «Худат медонӣ чи кор кунӣ, фақат рост бош! Дигар,  дидор ба қиёмат.»

Худованд шомили раҳмати хеш бигардонад ва аз мо ҳам бигзарад, ки натавонистем вазифаи фарзандии худро он тавр, ки мебоист, анҷом диҳем.

Муҳиддин Кабирӣ