Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар бораи фишорҳо болои хонаводаи Ҷана

Изҳороти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар бораи фишорҳо болои хонаводаи Ҷана

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз афзоиши фишор болои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъол ва узви раёсти Олии ин ҳизб, нигаронии шадиди худро иброз намуда, ин амали ноҷавонмардонаи ҳукуматдорони Тоҷикистон ба хусус кормандони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллиро маҳкум менамояд.
Дар чанд моҳи охир бародарон ва хоҳарони Ҷанатуллоҳи Комил, ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ, борҳо аз тарафи мақомот боздошт ва ё бозпурсӣ шудаанд. Ахиран Комилов Раҷабалӣ, бародари ин фаъоли сиёсӣ ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ, падараш Комилов Иззатулло ва чанд афроди дигари ин хонавода аз сӯи ҷангиёни Фронти халқӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуда, то ба ҳол ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.
Соли гузашта бар асари фишорҳои шадид ба хотири ширкати Ҷаннатуллоҳ дар конфронси Дортмунд, Қулова Саймо модари 73 солаи Ҷанатуллоҳи Комил ҷони худро аз даст дод. Ҳамчунин зери фишору таҳдид аз Комилов Зубайдулло, бародари хурдии Ҷанатуллоҳ навореро ҳам сабт ва пахш карданд.
ҲНИТ, бори дигар таъкид менамояд, ки амалҳои зиддиинсонӣ ва ғайриқонунии мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла таъқиб, шиканҷа, фишори ҷисмӣ ва равонӣ нисбати наздикони фаъолони аъзои ин ҳизб, хилофи ҳама меъёрҳои қонунӣ ва башарӣ буда, маҳкум ба шикаст аст.

Шӯрои Иҷроияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

03.09.2018