Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораи ҳамлаи террористии Зеландияи Нав

Изҳороти ҲНИТ дар бораи ҳамлаи террористии Зеландияи Нав

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ ба масҷиди “Нур” — и шаҳри Крайстчерч ва масҷиди шаҳри Ливунд дар Зелендияи Нав – ро, ки дар пайи он даҳҳо нафар ба шаҳодат расида ва иддаи зиёде маҷруҳ шудаанд, ба шиддат маҳкум намуда, ҳамдардии худро ба давлат ва мардуми Зеландияи Нав иброз медорад.

Хушунат ва куштор дар ҳама дину оин ва мактабу ҷаҳонбиние маҳкум ва нописанд мебошад. Бо вуҷуди ин ҳастанд касоне, ки тамоми меъёрҳо ва арзишҳои инсониро зери по мегузоранд ва даст ба хушунату куштор мезананд.
ҲНИТ, бори дигар бо маҳкум намудани ин амали ваҳшиёна, аз даргоҳи Худованд барои шуҳадои ин ҳодиса биҳишти барин, барои бозмондагонашон сабри ҷамил ва барои маҷруҳин шифои оҷил талаб менамояд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
16.03.2019