Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти Зуҳуров

Изҳороти ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти Зуҳуров

8 -уми апрели соли ҷорӣ, Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипалумонӣ дар кишвари Қатар суханронӣ намуда, гуфтааст, ки “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон шудааст”. Ш.Зуҳуров мисли худи раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мансабдорони Тоқикистон бидуни овардани далели мушаххасе, мехоҳад бо ин даъвоҳои подарҳавояш намояндагон дигар кишварҳоро фиреб диҳад.

Аз рӯи коғаз ва саросемавор хондани матлаби навишташуда аз тарафи Ш.Зуҳуров ва таваҷҷӯҳ накарданаш ба тазаккурҳои пайдарпайи раиси ҷаласа баёнгари он аст, ки ба ӯ дастур шудааст, то он навиштаро ҳатман қироат кунад.

Раёсати олии ҲНИТ ин иттиҳомоти Зуҳуровро маҳкум намуда барои равшан шудани қазия ба мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдоварии чанд нуктаро зарурӣ мешуморад.

Ш. Зуҳуров набояд фаромӯш созад, дар ҳамон парлумоне, ки ӯ чанд муддатест роҳбариашро ба дӯш гирифтааст, чанд нафар аз намояндагони ҲНИТ ҳам узв буданд ва дар канори ӯ фаъолият доштанд. Худи ӯ шахсан дар баромадҳояш борҳо аз таҳаммулгаро ва созанда будани ҲНИТ сухан гуфта буд.

ҲНИТ то ба охир ба бандҳои Созишномаи сулҳ содиқ монд ва ба хотири таҳкими слуҳу суботи ҷомеа тамоми нерӯҳояшро ба артиши ҳукумат шомил намуда, ҳамаи яроқу аслиҳаашро ихтиёран супорид.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ҷониби ҳукумат борҳо паймоншиканӣ намуд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи амният ва суботи кишвар гузашт намуд ва ҳаргиз даст ба хушунат назад.

ҲНИТ дар тӯли фаъолияташ ҳамеша барномаҳои созанда ва солим дошт. Ҳаргиз дар ягон бахши ҲНИТ ҳеҷгуна амал ва ё фаъолияти характери экстремистӣ дошта ба қайд гирифта нашудааст. Ба ҳамин хотир аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳизби муътадил ва миёнарав шинохта шуд, ки намояндагони аксари кишварҳо барои мулоқот ба қароргоҳи он ташриф меоварданд ва мулоқотҳо анҷом медоданд.

Агар ҲНИТ камтарин фаъолияти экстремистӣ медошт, ҳеҷ кишваре ҳозир намешуд ба аъзо ва ҷонибдоронаш паноҳандагӣ бидиҳад. Ё инки то ҳол онро созмонҳо ва кишварҳои бонуфуз ҳам ба листи созмонҳои экстремистӣ ворид мекарданд, аммо то ҳол чунин нашудааст.

ҲНИТ дар идораи кишвар шарик набуд, ки боиси ақибмондагии он шуда бошад. Ҳеч вазорат ё кумитае дар ихтиёри ҲНИТ набуд, ки будҷаашро дуздида ба бонкҳои офшорӣ фиристода бо ин кор пеши роҳи рушди кишварро гирифта бошад. ҲНИТ дар таъйини афроди нолоиқ ба мансабҳо, фурӯхтани мансабҳои давлатӣ, пулакӣ кардани роҳҳо, буҳрони иқтисодӣ даст надорад ва Зуҳуров набояд ҲНИТ — ро бо ҲХДТ иштибоҳ гирад.

Хуб мешуд, ҷаноби Зуҳуров ҳамчун раиси яке аз шохаҳои аслии ҳокимият ба фикри мустақилияти ниҳоди зертобеи худ ва иҷрои қонунҳо назорати бештар дошта бошад. Ҳамчунин ба ҷои тӯҳмат ба дигарон, аз ҳуқуқи муҳоҷироне дифоъ кунад, ки аз ҳисоби онҳо зиндагӣ ва фаъолият дорад. Ба ширкатҳои марбут ба хонаводаи раиси ҷумҳур имтиёзҳои беасос надиҳад, онҳоро аз ҳама гуна андоз озод накунад ва ба фасод ҷомаи қонунӣ напӯшонад.

Бо назардошти нукоти боло, Раёсати Олии ҲНИТ, суханони Ш. Зуҳуровро саропо дурӯғ ва беасос дониста, аз эшон талаб менамояд ки:

1. Ба хотири фиреби мардуми кишвар, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тӯҳмат задан ба ҲНИТ ба унвони яке аз нерӯҳои созанда ва муътадил, аз мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзову ҷонибдорони ҲНИТ узрхоҳӣ намояд;

2. Ҳамчун масъули яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳарчӣ зудтар ба фикри ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ шуда дар ин замина иҷроиши қонунҳои мавҷударо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад ва дар сурати лозим қонунҳои иловагӣ дар ҳимоят аз муҳоҷирон тасвиб карда шавад;

3. Ҳарчӣ зудтар дар парлумон гурӯҳе ташкил карда шавад, ки қазияи мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон ба хусус падару писари латукӯбшуда ва дигаронро зери назорати мустақим бигирад. Агарчӣ шуморо мардум интихоб накарда бошад ҳам, маошу тамоми имконотатон аз ҳисоби онҳост. Пас шумо аз мардум ба хусус ҳар як муҳоҷир қарздор ҳастед ва бояд ба вазифаатон амал кунед.

4. Ҳарчӣ зудтар барои таъмини роҳи алтернативӣ дар баробари роҳи пулакӣ иқдом намуда, пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо аз тарафи ширкатҳои худсар гирифта шавад. Яке аз вазифаҳои аслии парлумон пешгирӣ аз поймол кардани ҳуқуқи интихобкунанда мебошад. Мардуми кишвар ҳақ доранд дар баробари роҳи пулакӣ, роҳи бепул ҳам дошта бошанд ва таъмини ин ҳуқуқи мардум бар души Парлумони кишвар аст.

5. Парлумон бояд аз масъулини марбута дар бораи неругоҳи Роғун тавзеҳ бихоҳад ва асли қазияро барои мардум шарҳ диҳад. Зеро дар ин масала, масъулин бо эҳсосоти мардум бозӣ намуда, ҳатто аҳолиро бо барқ таъмин карда натавонистанд. Агар мушкиле дар он вуҷуд дорад бояд мардум аз он огоҳ карда шавад ва масъулини он ҳатман муҷозот шаванд, то бо сармояи миллат ва эҳсосоти мардум бозӣ накунанд.

Раёсати Олии ҲНИТ

12 — 04 – 2019