Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ оид ба иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон

Изҳороти ҲНИТ оид ба иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон

Изҳороти ҲНИТ оид ба иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иқдоми ахири ҳукумати кишвар, яъне пахши барномаи махсуси телевизионӣ дар бораи ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро қотеъона маҳкум намуда, тамоми иттиҳомоти овардашуда алайҳи ҳизбро такзиб мекунад. Ин иқдом бори дигар исбот намуд, ки ҳукумати кишвар на танҳо ба қонунгузории кишвар, Созишномаи сулҳ ва Санади ҳамдигарбахшӣ пойбанд набуд ва нест, балки, тӯҳмат, дурӯғ ва эҷоди нафрату нобоварӣ дар ҷомеъа ва минтақаро шеваи асосии фаъолияти худ қарор додааст. Илова бар ин, талош дорад, то доманаи тӯҳмат ва фитнаангезиро аз дохили кишвар ба сатҳи минтақа бикашонад, ки ин иқдомҳо на танҳо бар амну суботи дохилӣ таъсири манфӣ дорад, балки манфиатҳои миллии моро низ таҳдид мекунад.

 
​Дар остонаи баргузории нишасти навбатии Созмони Хамкориҳои Шанхай ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бори дигар кишвархои узви ин созмонро мутақоид ба террористӣ эътироф кардани ҲНИТ кунад, то талошҳои номуваффақи қаблии хешро ҷуброн карда бошад. Ба хусус, ба миён кашидани ҳодисаҳои куштори афсару сарбозони дивизияи 201-уми Русия дар он солҳо ва талош барои барангехтани ҳиси бадбинии русҳо нисбати қишре аз ҳамватанони мо ва кишварҳои минтақа мисли Эрон, як иқдоми зиддимиллӣ ва зидиахлоқӣ мебошад.

 
​Албатта, Ҷумҳурии Исломии Эрон посухи худро ба ин тӯҳматҳо хоҳад дод, аммо ин амали ноҷавонмардона наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ баёнгари мавқеъи миллати точик бошад. Зеро, миллати тоҷик қадри талошҳо ва кӯмакҳои ҳамаи кишварҳои саҳим дар раванди сулҳи тоҷикон ва пеш аз ҳама, Эрону Русияро хуб медонад ва қадршиносӣ мекунад. Ба хусус, кишвари дӯсту ҳамзабони Эрон, ки на танҳо мизбони якчанд даври гуфтушунид буд, балки дар ёфтани роҳи ҳалҳо ва дар барқарориву бозсозии кишвар пас аз марҳалаи созиш кӯмаки зиёди молӣ ва сиёсӣ кардааст. Чунин сиёсатҳои бехирадона ва фурсатталабонаи ҳукумат танҳо ба хотири тамаллуқкорӣ ва дарёфти кӯмакҳои молии бештар аз доираҳоест, ки чунин мавқеъгирӣ имрӯз ба манфиати геостратегии онҳост.

 
»Далел»-у »эътирофот»-и дар ин филм овардашуда комилан сохта ва бардурӯғ буда, тарзи пешкаши онҳо як талоши номуваффақе барои воруна нишон додани фактҳо, ҳодисаҳо ва ҷиноятҳои содиршуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Мақомот талош кардаанд на танҳо ҳодисаҳои то ҳол ошкор нашудаи он замон, балки ҷиноятҳои содирнамудаи худро низ бар дӯши одамони фавтида, зиндониҳо, гурӯҳҳои берун аз кишвар ва ҳатто кишварҳои хориҷ бор кунанд.
Таҳқиқоти аввалия нишон дод, ки афроди дар ин филм хамчун »шоҳид» ва ё »иҷрокунандаи» он кушторҳо овардашуда ҳеҷ рабте ба ҲНИТ надошта, ҳатто, бархе аз онҳо бештар аз 10 сол боз дар зиндон мебошанд. Илова бар ин, нисбати бархе аз ин парвандаҳо солҳои қаблӣ ҳукми додгоҳ содир гашта, иҷрокунандагони он ба ин ё он ҷазо, аз ҷумла, эъдом маҳкум гаштаанд. Суол ба вуҷуд меояд, ки агар даъвои имрӯзаи ҳокимият воқеъият дорад, пас ҳукмҳои қаблан содиргашта ва зиндонӣ ё эъдом кардани ашхоси дигарро оид ба ҳамин парвандаҳо чӣ гуна маънидод хоҳанд кард?

 
Дар мавриди террори нухбагони сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷик, ки дар ин филм, Ҳукумат бо овардани “далел”-ҳои сохтаву ғайримантиқӣ масъулияти онро ба дӯши афроди марбут ба ҳизб гузоштанӣ шудааст, ҲНИТ бо қотеъият ин иттиҳомотро рад намуда, онро боз як талоши навбатии хиёнаткорона барои эҷоди фосила ва низоъ байни қишрҳои миллати тоҷик меҳисобад. Ҳукумат, ки то имрӯз бо татбиқи сиёсати »тафриқа андозу ҳокимият кун» арзишҳои миллӣ ва мазҳабии мардумро муқобили ҳам мегузорад, бо иттиҳоми Ҳизби Наҳзати исломии Точикистон дар кушторҳои ноҷавонмардонаи як идда аз нухбагони илмӣ, фархангӣ ва сиёсии кишвар, мехоҳад ин шикоф ва нобоварӣ васеътар ва амиқтар гардад. Дар сурате, ки ҳамагон муносибатҳои неку самимии роҳбарияти ҳизб дар гузашта ва имрӯз бо қишрҳои гуногуни ҷомеъа, ба хусус, бо нухбагони сиёсӣ, илмӣ, динӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро хуб медонанд. Бо фарқ аз режими ҳукмрон, ки на танҳо даҳҳо нафар аз ин нухбагонро танҳо ба хотири мавқеъи сиёсиашон террор кардааст, балки ҳазорҳо нафари дигар аз зулми режим ба кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд ва ин раванд давом дорад. Ҳама нафароне, ки куштори онҳоро режим мехоҳад ба дӯши Наҳзати исломӣ бор кунад шахсиятхои озодандеш, ҳақгӯ ва мустакил буданд, ки ҳукумати имрӯза ҳаргиз тоқати дидану шуниданашонро надошту надорад. Ба хусус Отахон Латифӣ, ки на танҳо як чехраи милли ва инсони озодандеш, балки аз нафарони калидии ИНОТ буда, дар музокироти сулҳ ва Комиссияи Оштии Милли аз он намояндагӣ мекард. Ва агар касе ҳам марги ӯ ва мисли ӯро мехост, касоне буданд, ки бо у мухолифи сиёсӣ буданд, на шарику ҳамсангар.

 
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори дигар аз ҳукумати кишвар тақозо мекунад, ки аз коштани тухми нифоқу нафрат дар ҷомеъа, тӯҳмат бар миллат ва помол кардани ҳама санадҳои имзошудаи сулҳ даст бардорад. Дар сурате, ки худи Раҳмон ва бархе аз мансабдорони имрӯза дар содир кардани ҷиноятҳои сангин алайҳи истиқлолияти давлатӣ бо роҳи истифода аз артиш ва нерӯҳои хоричӣ, ғасби ҳокимият бо роҳи тақаллуби интихоботҳо, ғасби моликияти давлативу хусусӣ, кушторҳои дастаҷамъона ва инфиродӣ даст доштаанд ва миллат инро дар хотира ва санадҳо сабт кардааст.
Ҳамзамон, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ба хусус, кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон дархост мешавад, ки бо масъулияти бештар ба ҷиноятҳо ва зиедаравиҳои режими худкомаи Раҳмон муносибат кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки вазъи душвори кишварро аз ин бадтар бигардонад.
ҲНИТ чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ҳамагуна амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳкум намуда, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва равишҳои мусолаҳатомези муборизаи сиёсиро роҳи ягонаи расидан ба ҷомеъаи озоду пешрафта медонад.

 
Раесати Олии ХНИТ
10. 08. 2017