Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти  ҲНИТ оиди ҳамалоти террористии маргбор дар Шриланка

Изҳороти ҲНИТ оиди ҳамалоти террористии маргбор дар Шриланка

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамлаи террористии маргбор ва даҳшатнок ба калисоҳо ва маконҳои гардишгарӣ дар Шриланкаро, ки боиси кушта шудани беш аз 320 нафар ва захмӣ шудани беш аз 500 нафар шуд, шадидан маҳкум намуда, ин амалро мухолифи тамоми арзишҳои умумибашарӣ медонад.

Вақте аз нигоҳи Қуръони карим қатли як инсон баробар бо қатли омми башарият дониста мешавад, пас душманиву нафрат нисбат ба шаҳрвандони бегуноҳ дар Ислом ҳеҷ ҷое надорад.

Бидуни шак ин ҷинояти зиддибашарӣ ба ҳеч ваҷҳ қобили тавҷеҳ нест.

ҲНИТ зимни арзи тасаллият ба мардуми Шриланка ва бозмондагони ин ҳодисаи ғамангез, барои маҷрӯҳон шифои комил орзуманд аст.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
23.04.2019