Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи иттилоияи Додгоҳи Олии кишвар

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи иттилоияи Додгоҳи Олии кишвар

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) иттилоияи Додгоҳи олии кишварро дар бораи узви ҲНИТ эълон кардани 5 нафар ҳамлагарони ҳодисаи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода, тамоми иттиҳомотро беасос медонад ва шадидан маҳкум мекунад.

Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали содир шудани ин ҷиноят, ДИИШ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт. Дар мурофиаи додгоҳӣ, гумонбари аслии ин парванда Ҳусейн Абдусамадов дар сухани охири худаш ҳам эътироф кардааст, ки ин амали ҷиноятиро бо дастури ДИИШ анҷом додааст, аммо мақомоти кишвар аз ҷумла Додгоҳи олӣ ин эътирофотро нодида гирифта, боз ҳам ба иттиҳомоти беасоси худ алайҳи ҲНИТ пофишорӣ мекунанд.

Пештар ҳам Раёсати Олии ҲНИТ зимни маҳкум кардани ҳодисаи Данғара, на танҳо иттиҳомоти мақомоти кишварро дар бораи даст доштан дар ин ҳодиса рад намуда буд, балки хостори ташкили гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса шуд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон иттиҳомоти Додгоҳи олиро низ идомаи сиёҳкориҳо алайҳи худ дониста онро шадидан маҳкум мекунад.

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
27. 10. 2018