Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон алай

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи иттиҳомоти беасоси ҳукумати Тоҷикистон алай

Ахиран Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор намуд, ки ҲНИТ дар Афғонистон пойгоҳҳои низомии худро бунёд мекунад. Инчунин, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон дар мақолае навишт, ки ҳизб намояндагиҳои худро дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, Русия, Узбекистон ва ғайра боз кардааст.

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин даъвоҳоро рад намуда, изҳор медорад, ки ҳизб ҳеч барномае барои бунёди пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон ё ҳар нуқтаи дигар надорад. Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза танҳо роҳи муборизаро дар василаҳои мусолаҳатомез ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебинад. Пойбандӣ ба василаҳои мусолаҳатомези муборизаи сиёсӣ, эҳтиром ба меъёрҳои байналмиллалӣ ва иҷрои қонунҳои кишварҳои мизбон аз усулҳоест, ки ҲНИТ онҳоро қотеъона риоят хоҳад кард.
Хабари боз кардани намояндагиҳо дар кишварҳои номбурда низ комилан беасос буда, ҲНИТ аз қабл расман эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар дохили Тоҷикистон ва байни шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои Муштаракулманофеъ қатъ кардааст. ҲНИТ ҳамагуна хабарҳо ва тахминҳоро дар ин масъала қотеъона инкор мекунад.

Ҳамзамон ҲНИТ изҳор медорад, ки бо ҳама кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳизбу ҳаракатҳо, ки ҲНИТ-ро ҳамчун як ҳизби сиёсӣ бо дидгоҳҳо ва равиши муътадил мешиносанд, ҳамкорӣ ва робитаҳои худро идома хоҳад дод ва инро ҳаққи раднашавандаи худ медонад.
Пас аз нокомиҳои паёпай дар сатҳи ҷаҳонӣ барои сиёҳ кардани ҲНИТ, Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ҳадди ақал дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба натиҷае бирасад. Аз ин хотир, бо паҳн намудани ин намуд хабарҳои беасос мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳои минтақаро, ки аз хатарҳои воқеъии ифротгароӣ ва терроризм нигаронанд, ба тарафи ҲНИТ равона созад. Бо ибораи дигар, мисли солҳои қаблӣ мехоҳанд миллати тоҷикро бори дигар саркуб ва ҳокимияти хонаводагиро мустаҳкам намоянд.

Раёсати Олии ҲНИТ бо изҳори қадрдонӣ аз мавқеъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, кишварҳои минтақа, ки то имрӯз иттиҳомоти ҳукуматдорони Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ-ро напазируфтаанд, бори дигар таъкид мекунад, ки фаъолияти ҳизб танҳо ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон равона шудааст, на ба кишварҳои дигари минтақа. Мо ба он бовар ҳастем, ки Тоҷикистони пешрафта, демократӣ ва озод аз ҳокимияти хонаводагӣ на танҳо ба нафъи миллати тоҷик, балки ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистони холӣ аз коррупсия, камбизоатӣ ва диктотураи як шахс субот ва амнияти минтақаро ба маротиб болотар ходад бурд. Дар сурате, ки Тоҷикистони камбизоат ва фурурафта дар коррупсия, бо доштани як ҳокимияти хонаводагии нолоиқ ва ноком сарчашмаи хатарҳои зиёд, аз ҷумла, хатарҳои марбут ба экстремизм ва терроризм, боқӣ хоҳад монд.

ҲНИТ, ки худ қурбонии терроризми давлатӣ мебошад ва борҳо аз тарафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мавриди ҳуҷум ва таҳдид карор гирифтааст, мубориза бо ин падидаи шумро аз масъулиятҳои асосии худ медонад. Ҳамзамон, сӯистифодаи ҳукумати Тоҷикистонро аз ин вазъият барои мубориза ва саркуб кардани мухолифини сиёсӣ ва мусолаҳатомези худ шадидан маҳкум намуда, ин амалҳоро хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои минтақа медонад.

Раёсати Олии ҲНИТ
28. 05. 2018