Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ оид ба шарҳи Прокуратураи ҶТ  дар бораи ҳодисаи Данғар?

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ оид ба шарҳи Прокуратураи ҶТ дар бораи ҳодисаи Данғар?

Прокуратураи ҶТ дар таърихи 3. 08. 2018 шарҳи навбатии худро дар бораи ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ нашр намуд, ки дар он боз такроран ҲНИТ-ро масъули ин ҳодисаҳо хонд. Тибқи ин шарҳ, гӯё бо супориши ҲНИТ ин ҷиноят анҷом шуда, иҷрокунандагони он навори видеоиро дар бораи савганди худ ба ДИИШ махсус барои пинҳон кардани ин ҷиноят сабт ва нашр карда бошанд.
Инчунин, мақомоти амниятии кишвар филми ‘’мустанад’’-еро ахиран нашр карданд, ки тибқи он гуё ҲНИТ нақшаи ҳамла ба пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистонро доштааст.
Раёсати Олии ҲНИТ ҳамаи ин иттиҳомотро бори дигар рад намуда, тӯҳмат кардан ва дурӯғпароканиҳои мақомоти кишварро зидди ҲНИТ шадидан маҳкум мекунад.
ҲНИТ ин ҷиноятро як амали террористӣ дониста, на танҳо иҷрокунандагони он, балки талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои рӯпуш кардани омилони аслии ин ҷиноят маҳкум менамояд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки ҳукумат майле барои пурра ошкор шудани ин ҷиноят ва муайян кардани иҷрокунандагон, супоришдиҳандагон, сабабҳо ва ҳолатҳои вокеъии ин ҷиноятро надорад ва талош мекунад онро ҳамчун василаи навбатии мубориза алайҳи гуногунандешон ва мухолифини сиёсии худ истифода намояд.

Ҳанӯз соли 2015 раҳбарияти ҲНИТ эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар дохили кишвар катъ намудааст ва ҳеч кас ҳақ надорад аз номи ҳизб амалеро анҷом диҳад ва ҳизбро намояндагӣ кунад. Бинобар ин, ҳабсу бозҷӯии шаҳрвандон ҳамчун аъзои ҲНИТ ва муттаҳам кардани онҳо барои анҷоми фаъолиятҳои ҳизбӣ як амри ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ мебошад. ҲНИТ фаъолияти мусолиҳатомези худро дар хориҷи кишвар идома дода, танҳо бо равишҳои дур аз хушунат ва зӯроварӣ истифода хоҳад кард.

Раёсати Олии ҲНИТ қаблан талаб карда буд, ки барои таҳқиқи дурусти ин ҷиноят як гурӯҳи тафтишотии байналмилалӣ бо ширкати кишварҳои марбут ташкил шавад. Оғози парванда аз тарафи Прокуратураи Генералии Швейтсария ва инчунин, шурӯъи фаъолияти мутахассисони Амрико дар Душанбе қобили дастгирӣ буда, умедро барои ошкор кардани ҳақиқатҳо бештар мегардонад.
ҲНИТ бори дигар омодагии худро барои ҳамкорӣ барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҷиноят изҳор медорад.

Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
06. 08. 2018