Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ оиди суханони ахири Э. Раҳмон (03.09.2016)

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ оиди суханони ахири Э. Раҳмон (03.09.2016)

Изҳороти Раёсати Олии ҲНИТ 

«Рӯзи 1- сентябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати рӯзи сулҳ дар бораи ҳодисаҳои солҳои 90- ум сӯҳбат карда, талош кард, ки масъулияти ҷанги шаҳрвандиро бар души масҷид, рӯҳоният ва ҲНИТ бор кунад. Агарчи борҳо зимни сӯҳбатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ солҳои охир ишораву кинояҳое аз тарафи ӯ дар ин бора сурат мегирифт, вале бори аввал аст, ки ба таври расмӣ мавқеъи худро баён кард.

Раёсати Олии ҲНИТ, ин суханонро туҳмат ба масҷид, рӯҳоният ва ҲНИТ дониста, онро нишонаи дуруягии сиёсӣ ва хиёнати ошкор ба Созишномаи сулҳ ва санади ҳамдигарбахшӣ меҳисобад ва онро шадидан маҳкум мекунад.

Тӯли солҳои пас аз имзошавии Созишномаи сулҳ дар суханрониҳои Раҳмон ҳамеша “қувваҳои бегона ва дасти хориҷӣ“ омилҳои аслии ҷанги шаҳрванди нишон дода мешуданд. Ин баёнгари дуруягии ошкор ва таҳрифи таърихи ин ҳодисаҳои начандон дур аст. ҲНИТ аз замони имзои Созишномаи сулҳ ва санади ҳамдигарбахшӣ то имрӯз ҳеч маротибае тарафи дигари низоъро ошкору пинҳон ба шуруъи ҷанг ё гунаҳкори аслӣ будан муттаҳам накардааст. Чун, ҳангоми имзо гузоштан ба ин санадҳои таърихӣ тарафҳо назди Парвардигор ва миллат аҳду паймон карда буданд, ки дигар якдигарро ба ҷанги гузашта муттаҳам накунанд ва он ҳодисаҳоро ҳамчун далел алайҳи якдигар истифода насозанд. Ва ҳар кас ин корро анчом диҳад, “лаънати Худо ва нафрини халқ бар ӯ бод”. Агарчи ин аҳду паймон қаблан борҳо аз тарафи мақомот ва расонаҳои расмӣ шикаста шуданд, ҲНИТ пойбанд ба аҳди худ монд ва боре ҳам ҳукумати имрӯза, шахсиятҳо ё ҳизбу гурӯҳҳоеро ҳамчун омилони аслии ҷанг эълон накард. Инак, бо аҳду паймон бори дигар дар болотарин сатҳ хиёнат шуд ва бар хилофи ҳама санадҳову аҳду паймонҳо ва ҳатто суханҳои қаблии худаш, Эмомалӣ Раҳмон масҷид, рӯҳоният ва ҲНИТ-ро гунаҳгори аслии ҷанг донист.

Омилҳои аслии низоъҳои рухдода дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки ҷанги Тоҷикистон мудҳиштарин, вале яке аз онҳост, аз тарафи доираҳои коршиносӣ ва олимон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст ва ҳанӯз идома дорад. Ҷанбаи идеологӣ, қавмӣ ва динӣ гирифтани ин низоъҳо дар аксари ҳолатҳо, сари вақт ҳал нагаштани рақобати дохилии номенклатураи собиқ барои соҳиб шудани қудрат ва ҷойгоҳ дар шароити нав буд. Мутаассифона, ҳар кадоме аз ин гурӯҳҳои рақиб тавонистанд, қисме аз оммаи мардум, аз ҷумла, рӯҳоният ва муассисаҳои динии минтақаи худро ба доми фиреб бикашонанд ва ҳамчун васила барои расидан ба қудрат истифода намоянд. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали ҷанг яке аз силоҳбадастон буд, ба чунин баҳодиҳии сарсарӣ ва туҳматангез, мехоҳад диққати ҷомеаро аз донистани сабабҳои аслии ҷанг ва гунаҳкорони он ба самти дигар бикашонад.

Пас аз баргузории Сессияи 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ, шароити мусоид барои ҳалли мушкилоти кишвар дар ҳамон марҳалааш ба вуҷуд омад. Тамоми нерӯҳои сиёсии кишвар, бо шумули ҳизбу ҳаракатҳое, ки пойтахти кишварро дар ихтиёр доштанд, ба Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикӣ барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ, ки он замон болотарин мансаби давлатӣ буд, фиристоданд. Инчунин, омодагии худро барои ҳамкорӣ эълон намуданд, ки ин ҳама дар санадҳои таърихӣ сабт шудааст. Вале, баҷои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ, ӯ ба кишвари ҳамсоя рафта, бо машварати хадамоти ҷосусии кишварҳои бегона ва гирифтани танку ҳавопаймои ҷангӣ аз онҳо, тарҳи ҳуҷум ба ватани худро кашид. Касе бовар надошт, ки роҳбари як кишвар метавонад, бо истифода аз танку ҳавопаймоҳои кишвари дигар болои миллати хеш ҳуҷум кунад. Ин буд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрвадони бегуноҳ ва ғафлатзада дар чанд рӯзи аввали даромадани Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахт ва манотики дигар аз тарафи артиши бегона ва муздурони маҳаллии онҳо ба шаҳодат расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо беруии бесобиқа аз мусибати мардуми Хатлон он солҳоро ёдоварӣ кард. Мусибате, ки пас аз роҳбари давлат шуданаш ба истифода аз силоҳу сарбозони бегона болои мардум овард, даҳҳо ҳазор хонаҳоро сухта, сокинонашро шаҳид ва ё муҳоҷир кард. Ёдоварӣ кардан аз мусибати мардуми Хатлон бори дигар намак пошидан ба ҷароҳати онҳост, ки аз танку тупи  Э. Раҳмон ва хоҷагони хориҷии ӯ руди Омӯро дар зимистон гузаштанд ва садҳо зану кудакашон ғарқ шуд. Нафаре, ки болои рустоҳои кишвари худаш аз ҳавопаймоҳои хориҷӣ бомба меафканд ва аз танку тупи бегонагон мағрур гашта буд ва то “нафари охирин решакан кардан” ҷангидан мехост, имрӯз худро “асосгузори сулҳ” эълон карда, сулҳофаринони воқеиро сабабгори ҷанг медонад.

Раёсати Олии ҲНИТ борҳо аз душмантарошиҳои роҳбарияти кишвар дар симои кишрҳои гуногуни ҷомеа ва миллат изҳори нигаронӣ мекард, ки инак он табдил ба сиёсати давлатӣ гашт ва дар болотарин сатҳ эълон шуд. Ин маънои онро дорад, ки роҳбарияти кишвар дар чеҳраи як қишре аз миллат, на шаҳрвандон балки душманони худро мебинад ва то рӯзе, ки ҳаст аз ин мавқеъ даст кашиданӣ нест. Бо надоштани роҳи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳбарияти имрӯза талош мекунад, ки мардумро дар ҳолати тарсу ҳарос ва таҳти фишори доими нигоҳ бидорад, то аз ҳуқуқҳои поймолшудаи худ суол накунанд. Пас кишвар ва миллати мо то рӯзе, ки ин нигоҳ ва сиёсат вуҷуд дорад ҳамеша дар ҳолати низоъ, душманӣ ва буҳронҳои паи ҳам қарор хоҳад дошт.

Раёсати Олии ҲНИТ ин вазъиятро фоҷеабор дониста талош хоҳад кард, ки пеши роҳи интиқоли кинаву душманӣ ба наслҳои баъд гирифта шавад ва фазои ҳамгароӣ, тафоҳум ва дустӣ дар зеҳну равони миллат рушд ёбад.  Инчунин, раҳонидани миллат аз ин вазъиятро масъулияти аввалиндараҷаи худ ва тамоми нерӯҳои солим ва созандаи кишвар медонад.

Раёсати Олии ҲНИТ

03.09.2016