Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз даргузашти Ниҳолбӣ Маҳмадова модари сухангӯи ҲНИТ, Бобоҷони Қаюмзод сахт андӯҳгин буда, ба хонавода ва наздикони марҳума таслияти худро иброз менамояд.
Ниҳолбӣ Маҳмадова аз ҷумлаи модарони ранҷдида ва озордидае буд, ки тайи чанд соли охир ба хотири фаъолиятҳои фарзандонаш аз ҷумла Бобоҷони Қаюмзод, таҳти фишори мақомоти режими Тоҷикистон қарор дошт. Дурии фарзандон ва фишори пайдарпайи мақомот, ҳеҷгоҳ сабаб нагашта буд, ки ӯ ба фарзандонаш лаб ба шикоят барад. Балки аз тарбияи чунин фарзандоне ба худ меболид ва дар ҳақашон дуои нек мекард.
Марҳума Ниҳолбӣ Маҳмадова 5 – уми марти соли 1953 дар деҳаи Кули ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, имрӯз 8 – уми августи соли 2021 дар фироқи фарзандони ҷигарбандаш, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Раёсатии Олии ҲНИТ аз даргоҳи Худованд барои марҳума биҳишти ҷовидон ва барои бозмондагонаш сабри ҷамил талаб менамояд. Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бошад.
Раёсати Олии ҲНИТ
08.08.2021