Раёсати Олии ҲНИТ аз иқдоми Додситони кулли Русия барои террористӣ эътироф намудани ҲНИТ дар ин кишвар нигарон буда, инро як иштибоҳи бузурги сиесӣ ва мухолифи манфиъатҳои ду миллат, амният ва сулҳу истиқрор дар минтақа медонад.
Русия як кишвари кафил ва мизбони чандин даври гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буда, созишномаи умумии Сулҳ соли 1997 дар пойтахти он - Маскав аз тарафи президенти Тоҷикистон ва роҳбари ҲНИТ ба имзо расидааст. Сулҳи тоҷикон яке аз дастовардҳои муҳими миллати мо ва кишварҳои дӯст мебошад, ки дар таъмини амният ва истиқрори минтақа саҳми бузурге гузоштааст.
Саҳми ҲНИТ дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва минтақа борҳо аз тарафи мақомоти баландпояи Русия, коршиносон ва доираҳои илмӣ қадрдонӣ шудааст. Вале ин иқдоми носанҷидаи мақомоти Русия метавонад дастоварди бузурги дипломатӣ ва сиёсии кишвари худ ва миллати тоҷикро комилан аз байн бибарад.
Раёсати олии ҲНИТ бар ин бовар аст, ки Эмомали Раҳмон аз вазъи ногувори Русия суйистифода карда, ин хостаи деринаи худро билохира тавонист болои Маскав таҳмил кунад.
Мо нигарон аз он ҳастем, ки ин иқдом боиси тақвияти радикализм, рушди руҳияи зидирусиягӣ, нобоварӣ ба раванди сулҳ, муколама ва мехонизмҳои мусолаҳатомези ҳали мушкилот дар минтақа мегардад.
ҲНИТ бори дигар таъкид мекунад, ки новобаста аз ин иттиҳомот ва фишорҳо, равиши интихоб кардаи худро тағйир надода, танҳо бо роҳҳои мусолаҳатомез муборизаҳои сиёсии худро идома хоҳад дод. Ҳамзамон даъват мекунад, ки мақомоти Русия аз ин иқдоми Додситони кулли кишварашон пешгирӣ намояд, то нақши Маскавро ҳамчун кафили сулҳ ва кишвари манфиатдор ба сулҳу истиқрор дар минтақа ҳифз кунад.
Раёсати Олии ҲНИТ
27.07.2022