Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораи интиқоли Зубайдуллоҳи Розиқ ба ШИЗО ва боздошти фарзандаш

Изҳороти ҲНИТ дар бораи интиқоли Зубайдуллоҳи Розиқ ба ШИЗО ва боздошти фарзандаш

Суханронии кинатузона ва нафратовари ахири Раҳмон ва амалҳои ғайриқонунии мақомот дар чанд рӯзи ахир фазои кишварро комилан шабеҳи фазои даврони оғози ҷанги шаҳрвандӣ кардааст. Ба хусус, бо таҳдиду фишор наздикону пайвандони мухолифон ва зиндониёни сиёсиро маҷбур ба мусоҳиба кардан ва ё бо шиканҷаи пайвандону наздикон аз зиндониёну гумонбарон эътироф гирифтан яке аз шеваҳои аслии кори мақомоти кишвар шудааст.

Боздошти Асрориддин Розиқов, фарзанди Зубайдуллоҳи Розиқ, яке аз бузургсолтарин зиндонии сиёсӣ, ҳам маҳз ба хотири водор кардани ин пирамарди 76-сола ба шаҳодат додан алайҳи ҲНИТ ва раҳбарияти он мебошад.  Мақомот домулло Зубайдуллоро баъди боздошти фарзандаш ба ШИЗО ё утоқи ҷаримаи зиндон фиристоданд ва дар муддати 5 рӯз бидуни далелу мадрак ва бидуни адвакат фарзандашро дар КДАМ нигоҳ медоранд.

Раёсати Олии ҲНИТ ин амали мақомотро ғайриқонунӣ ва зидди тамоми меъёрҳои конститутсионӣ ва байналмилалӣ дониста, онро шадидан маҳкум мекунад.

Маҷбур кардани духтари зиндонии сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода барои суҳбат бар алайҳи падари худ ва ҲНИТ ва водор кардани хоҳарзодаи раиси ПМТ ва бародари ҳамсару ронандааш барои суҳбат алайҳи ӯ ба он далолат мекунад, ки мақомот аз ин роҳ дар ҷомеа буғзу кина корида, талош мекунанд, ки ҳатто байни хешовандон ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надошта бошад, чӣ расад ба умуми миллат.

Агарчӣ СММ дархости озодии чандин зиндонии сиёсиро карда бошад ҳам, ҳукумати Раҳмон ба ҷои таваҷҷӯҳ ба он, фишорҳо болои зиндоноиён ва хонаводаҳояшонро бештар кардааст.

Раёсати Олии ҲНИТ зимни маҳкум кардани ин шеваи бархурд бо зиндониён ва пайвандонашон, аз тамоми созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар даъват мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистонро водор ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалиаш намояд ва ҳамчунин алайҳи мақомоти Тоҷикистон, ки дар шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва пайвандони ишон даст доранд, таҳримҳо ҷорӣ намоянд.
Агарчӣ имрӯз хабар расид, ки домуллоро аз ҷаримагоҳ озод кардаанд, аммо фарзандаш ҳанӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Раёсати Олии ҲНИТ
02.07.2020