Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораи ҳукми зиндони пирамарди 87 сола

Изҳороти ҲНИТ дар бораи ҳукми зиндони пирамарди 87 сола

Муддати чанд моҳ буд, ки яке аз  аъзои собиқи ҲНИТ Набиев Донаёр маъруф ба бобои Дона собиқ раиси камиссияи тафтишотии ҲНИТ –ноҳияи Рӯдакӣ дар боздошт қарор дошт.

Набиев Донаёр 87 сол дошта яке аз собиқ фаъолони ҳизб ба шумор мерафт. Дар моҳи сентябри соли 2020 бо иттиҳоми расондани кумаки молӣ ба хонаводаи аъзои зиндонии ҲНИТ  боздошт гардид.

ҲНИТ борҳо таъкид кардааст, ки аъзои собиқи ин ҳизб дар дохили кишвар барои мақомот ҳукми гаравгонро доранд ва ҳар вақте бихоҳанд ҳар яки онҳоро бо иттиҳомҳои бофта боздошт ва бо шиканҷа водор ба “эътироф” мекунад, ки бобои Дона ҳам яке аз ин ҳолатҳост.

Аз тарафи дигар хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ дар дохили кишвар магар чӣ гуноҳе доранд ва бояд чигуна рӯзашонро бигзаронанд, агар хешу наздикону ёру дӯстонашон ба онҳо кумак накунанд? Оё ин амал худ гаравгонгирии хонаводаи зиндониёни сиёсӣ ва шиканҷаи онҳо нест? Хонаводаҳои бесарпаноҳи онҳо, ки бархе аз онҳо ноновар надоранд бояд чигуна зиндагӣ кунанд?

Пирамарди 87 сола ҳам танҳо хостааст ба чанд хонаводаи ниёзманди зиндониёни сиёсӣ кумак кунад ва боздошту зиндонӣ шудааст. Бинобарин аз тамоми созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дархост менамоем, ки барои озодии Набиев Донаёри 87 сола ва беҳбуди вазъияти хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ бетараф набошанд.

Раёсати Олии ҲНИТ ин иқдоми ҳукуматро маҳкум намуда, аз ҳамаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ хоҳиш мекунад, ки барои озодии ин пирамард талош кунанд.

Раёсати Олии ҲНИТ

04.01.2021