Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ дар бораи шарҳи ВКД ба қазияи бобои Дона

Изҳороти ҲНИТ дар бораи шарҳи ВКД ба қазияи бобои Дона

Раёсати Олии ҲНИТ шарҳи ВКД дар бораи бобои Донаро баррасӣ намуда, онро комилан беасос ва туҳмати ошкор медонад ва маҳкум мекунад.

Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки:

- Дар  ҷанги шаҳрвандӣ бобои Дона аслан ширкат надошт ва ҳатто ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд.

- Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт бинобарин иддаои ВКД ҳақиқат надорад.

- ҲНИТ баъди имзои созишномаи сулҳ дигар ҳаргиз неруи низомӣ надошт ва надорад. Бори дигар таъкид мекунем, ки “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳеҷ замоне бо ҲНИТ робита надошт ва ҳоло ҳам надорад. На танҳо  “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба ҲНИТ ҳеҷ рабте надорад, балки ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие дар ҳеҷ кишваре, ба хусус Афғонистон надорад.

- Ирсоли  маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона агар кумаке карда, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.

Бинобарин Раёсати Олии ҲНИТ ин иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ ва ҲНИТ медонад ва талаб мекунад, ки Набиев Донаёр фавран озод карда шавад.

Раёсати олии ҲНИТ

08. 01. 2021