Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти ҲНИТ оиди талаби озодии 11 узви Раёсати ин ҳизб аз тарафи СММ

Изҳороти ҲНИТ оиди талаби озодии 11 узви Раёсати ин ҳизб аз тарафи СММ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз талаби Созмони Милал дар бораи озодии 11 узви Раёсати ин ҳизб истиқбол намуда, онро як қадами мусбат дар ростои озодии зиндониён ва раҳоии мардуми кишвар аз истибдоду диктотурӣ медонад.

Гурӯҳи кории Созмони Милал оиди боздоштҳои худсарона, ҳамчун бонуфузтарин ниҳоди байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон, имрӯз 11-уми феврали 2020 баъд аз баҳсу баррасӣ ва таҳқиқи парвандаҳои зиндонии 11 нафар аз аъзои аршади ҲНИТ ба хулоса расид, ки боздошт ва маҳкум шудани ин 11 зиндонӣ ба муддатҳои дароз дорои ангезаи сиёсӣ буда, бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Ин Гурӯҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, ки ин 11 зиндонии сиёсӣ (Сайдумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳори Давлат, Қиёмиддини Аваз, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Воҳидхон Қосиддинов, Муҳаммадшариф Набиев, Абдусамад Ғайратов ва Саъдиддини Рустам) фавран озод карда шуда, ба онҳо хисорот пардохт карда шавад.

Гурӯҳи кории СММ ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки фавран як гурӯҳи таҳқиқотӣ ташкил намуда, қазияи онҳоро баррасӣ намояд ва касонеро, ки дар зиндонӣ кардани онҳо даст доштанд, муҷозот намояд.

Ин ҳукм бори дигар собит мекунад, ки тамоми аъзои ҲНИТ дар зиндонҳои кишвар бегуноҳ буда, қурбонии сиёсатҳои хонаводагӣ ва қудратталабии элитаи ҳукмрон шудаанд.

Гурӯҳи кории мазкур аз Гузоришгари вижаи СММ дар умури судӣ ва адвакатҳо, ҳамчунин аз Гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар ва терроризм ва Гузоришгари вижаи СММ дар умури шиканҷа дархост намудааст, ки иқдомоти лозимро дар ин маврид анҷом диҳанд.

Ҳамчунин, Гурӯҳи кории СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки ин қарори Гурӯҳи кориро дар расонаҳои кишвар нашр ва таблиғ намояд.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ин ҳам СММ аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии Маҳмадрузӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадалӣ Ҳаитро низ талаб карда буд, ки то ҳол ҳукумати Тоҷикистон ин дархостро иҷро накардааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсиятҳое, ки дар ин замина талош намудаанд, ибрози сипос ва қадрдонӣ мекунад. Зеро онҳо бо ин заҳамот ва кушишҳои хастанопазирашон ба миллати тоҷик дар муборизаи мусолиматомезашон барои озодӣ ва демократия умед медиҳад.

Раёсати Олии ҲНИТ низ аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб менамояд, ки ҳарчӣ зудтар ин 11 нафар ва ҳамчунин М. Искандаров, З. Саидов, Б. Ёров ва М. Ҳаит, ки СММ озодии онҳоро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, фавран озод намояд ва омилони зиндонӣ шудани онҳоро ҳарчӣ зудтар муҷозот кунад ва бо ин роҳ уҳдадориҳои қонунӣ ва байналмилалии худро анҷом диҳад.

Илова бар ин, РО ҲНИТ аз Иттиҳодияи Аврупо, САҲА, Хонаи Озодӣ ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои иҷрои ин ҳукм водор кунад.

РО ҲНИТ ҳамчунин аз кишварҳои демократӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дархост мекунад, мақомотеро, ки дар зиндонӣ шудани ин афроди бегуноҳ даст доштаанд, вориди листи таҳримҳо намоянд.

Раёсати Олии ҲНИТ
11.02.2020