Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти РО ҲНИТ ба хотири муҷозоти ду зиндонии сиёсӣ дар пайи ирсоли нома ба Президент

Изҳороти РО ҲНИТ ба хотири муҷозоти ду зиндонии сиёсӣ дар пайи ирсоли нома ба Президент



Раёсати Олии ҲНИТ қазияи ду узви зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ, Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқро бо нигаронӣ пайгирӣ намуда, муҷозоти онҳоро ба хотири навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, шадидан маҳкум мекунад.

ҲНИТ аз вазъияти саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ва Зубайдуллоҳи Розиқ, ки баъди ирсоли номае ба Президент ба ШИЗО бурда шуданд ва мавриди шиканҷа қарор гирифтанд, сахт нигарон буда, масъулияти саломатӣ ва ҳифзи ҷони ин ду зиндониро бар уҳдаи шахси Э. Раҳмон медонад.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ чунин талаб мекунад:

- Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон қазияи ба ҷаримагоҳ (ШИЗО) фиристодани ин ду нафарро пайгирӣ намояд ва ба ин амали мақомот баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва мушаххас намояд, ки чаро муроҷиат ба Раисҷумҳури кишвар ҷиноят маҳсуб мешавад;

- Омбудсмени кишвар барои пайгирии қазия ва ҳимоят аз ҳаққи қонунии онҳо вориди амал шавад ва ба ин масъала равшанӣ андозад;

- Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сарқонун масъаларо равшан намояд ва эълон кунад, ки кадом гурӯҳи шаҳрвандон ҳаққи муроҷиат кардан ба ӯро доранд ва кадом гурӯҳ аз чунин ҳуқуқ маҳрум ҳастанд.

Раёсати Олии ҲНИТ аз созмонҳои зидди шиканҷа ва ниҳодҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар дохили кишвар ва хориҷ аз он даъват мекунад, ки нисбат ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ бетараф набошанд ва ба ин қазия дахолат намоянд.

Раёсати Олии ҲНИТ
12. 11. 2021