Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Изҳороти  сухангуи ҲНИТ дар робита ба боздошти Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Изҳороти сухангуи ҲНИТ дар робита ба боздошти Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боздошти узви собиқи Раёсати Олии ҳизб Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро бо нигаронӣ пайгирӣ намуда, онро хилофи тамоми меъёрҳои инсониву қонунӣ ва дониста маҳкум мекунад.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад  соли 2015 қабл аз баста шудани ҲНИТ фаъолиятҳои сиёсиро канор гузошт ва аз ҳизб хориҷ шуда, барои кор ба Русия ҳиҷрат намуд. Ӯ шаҳрвандии Русияро дарёфт намуда дар ин кишвар дар соҳаи тиб фаъолият дошт.

Ба иттилоъи “радиои озодӣ” ӯ барои зиёрати пайвандонаш ба Тоҷикистон сафар карда, дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Бинобарин ҲНИТ бори дигар таъкид мекунад, ки на дар дохили кишвар ва на дар  кишварҳои муштаракулманофеъ  ҳеҷгуна фаъолияти сиёсӣ надорад ва ин боздоштро як навъ интиқомҷӯӣ аз аъзои собиқи ҲНИТ дониста, шадидан маҳкум мекунад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба тамоми собиқ аъзо, ҷонибдорон ва дар умум мухолифоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, тавсия медиҳад, ки ба ваъдаҳои мақомот бовар накарда ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба кишвар сафар накунанд. Боздошти Мирзои Ҳоҷимуҳаммад бори дигар нишон дод, ки ҳеҷгуна ваъдае аз ҷониби мақомоти як кишвари худкома қобили эътимод нест.

Бобоҷон Қаюмзод

Сухангӯи ҲНИТ