Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Кабирӣ аз намояндагони 60 кишвари ҷаҳон даъват кард барои раҳоии зиндониёни тоҷик пофишорӣ кунанд

Кабирӣ аз намояндагони 60 кишвари ҷаҳон даъват кард барои раҳоии зиндониёни тоҷик пофишорӣ кунанд

Раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байналмилалии “Парлумониҳо барои Қудс”, ки рӯзҳои 8 ум то 10 уми феврал дар Куоло Ломпур, прйтахти Малайзия баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ кард.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин дар ҳошияи ин конфронс бо ҳайатҳои мухталифи кишварҳои ширкаткунанда дидор ва гуфтугӯ кардааст.

“Дар ин конфронс ҳайатҳои зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд. Ба ҷуз ҳайатҳои ширкаткунанда, раиси ПМТ бо раисони аҳзоби сиёсии Малайзия низ дидору гуфтугӯ намуд” – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии ПМТ.

Меҳвари аслии гуфтугӯҳо, ба навиштаи манбаъ, вазъияти ҳуқуқи башар, озодиҳои маданӣ ва демократия дар Тоҷикистон будааст.

“Раиси ПМТ дар ин суҳбатҳо дар бораи ҳамкорӣ ва пофишории дастаҷамъона барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ суҳбат намуда, аз ҳайатҳо хостааст, дар ин замина ҷиддитар амал намоянд. Ҳамчунин нусхаи қарори СММ дар бораи талаби озодии аъзои зиндонии РО ҲНИТ ба онҳо тақдим гардид” – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дафтари матбуотии Паймони миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки “ҷузъиёти бештари ин сафар дар яке аз суханрониҳои қарибулвуқуъи раиси ПМТ матраҳ хоҳад шуд”.