Шумо бо муваффақият обуна шудед Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бузург! Баъд, санҷиши пурра барои дастрасии пурра Сомонаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бозгашт муборак! Шумо бомуваффақият ворид шудед.
Муваффақият! Ҳисоби шумо пурра фаъол аст, ҳоло шумо ба ҳама мундариҷа дастрасӣ доред.
Раиси ПМТ: Аз нигоҳи Раҳмон ҳар марди ҷавон дар дохили кишвар сарчашмаи хатар аст.

Раиси ПМТ: Аз нигоҳи Раҳмон ҳар марди ҷавон дар дохили кишвар сарчашмаи хатар аст.

Матни мусоҳибаи М. Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (қисми аввал)

Маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” (Central Asia Program) дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА, яке аз қавитарин ва бонуфузтарин марказҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ дар мавриди Осиёи Марказӣ, рӯзи 12-уми майи 2021 матни мусоҳибаи муҳаққиқ Себастиян Пейруз бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ-ро нашр кард.

Дар муқаддимаи ин матлаб омадааст: “Агарчи мақолаҳои зиёде дар мавриди ҲНИТ навишта шудааст, ба вежа аз он ҷое, ки ин ҳизб тавассути ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 мамнуъ шуд ва бо иттиҳомоти террористӣ рубарӯ шуд, оқои Кабирӣ ва ҲНИТ фурсати маҳдуде барои ироаи мустақими дидгоҳҳои худ доштаанд. Онҳо дар ин кор танҳо нестанд; солҳои ахир фурстаҳои мухолифин барои баёни мавқеъҳои худ дар дохили Тоҷистон коҳиш ёфтааст. Кишваре, ки “оппозитсияи сиёсӣ тавассути ҳамлаҳои бардавом саркуб шудааст.” Ҳамон тавре, ки чанди созмони ҳуқуқи башарӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар зумраи худкоматарин кишварҳои дунё қарор гирифтааст ва раисҷумҳуи феълӣ, Эмомалӣ Раҳмон, дар пайи интихоботҳое, ки ба назари нозирони байналмилалӣ бар меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намешаванд, чандин бор аст, ки интихоб мешавад.”

Дар идомаи муқаддима ҳамчунин навишта шудааст: “Оқои Кабирӣ бо иттиҳомоте мисли иттиҳомот алайҳи ҲНИТ рубарӯ шудааст. Ҳарчанд, мурофиаҳо дар Тоҷикистон тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ ё созмонҳои байналмилалӣ мисли САҲА, ки Тоҷикистон узви он аст, эътироф нашудаанд. Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди мамнуъияти ҲНИТ натиҷаи раванди шубҳанок дар кишваре будааст, ки дар он тақсими қудрат тақрибан вуҷуд надорад ва ҳукумати Тоҷикистон шавоҳид ва далелҳои малмусе аз фаъолиятҳои террористии иддаошуда ироа накардааст. Бинобар ин, оқои Кабирӣ ва дигар намояндагони ҲНИТ мушорикати худ дар платформаи байналмилалӣ, мисли нишасти солонаи ҳуқуқи башарии САҲА-ро идома медиҳанд.”

Ин мусоҳиба аввалин мушорикати Муҳиддин Кабирӣ дар барномаҳои маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА набуда, балки то кунун ӯ ду мусоҳиба, як мақола ва ду суханронӣ дар ин маркази бонуфузи таҳқиқотӣ доштааст, ки феҳрасти он ба таври зайл аст:

  1. “Чолишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кунунӣ дар Тоҷикистон”, мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ, маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (матн), 12.05.2021, https://www.centralasiaprogram.org/current-political-economic-social-challenges-tajikistan
  2. “Чолишҳои кунунии Тоҷикистон дар миёни интихобот ва COVID-19“, суханронии онлайнии Муҳиддин Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (навор), 16.09.2020, https://www.centralasiaprogram.org/current-challenges-tajikistan-muhiddin-kabiri-video
  3. “Мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар табъид”, мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ, маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (матн дар шакли pdf), 16.01.2016, https://www.centralasiaprogram.org/interview-muhiddin-kabiri-leader-islamic-renaissance-party-tajikistan-exile
  4. “Таваллуд ва марги демократия дар Тоҷикистон: хотирот ва таҳлил дар бораи интихоботҳо аз соли 1990 то соли 2016”, мақолаи Муҳиддин Кабирӣ хос ба маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (матн дар шакли pdf), 26.09.2016, https://www.centralasiaprogram.org/birth-death-democracy-tajikistan-memories-reflections-elections-1990-2016
  5. “Ислом ва сиёсат дар Тоҷикистон: Дидгоҳе аз дохил”, суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (матн дар шакли pdf), 16.10.2012, https://www.centralasiaprogram.org/transcript-mr-kabiris-speech-discussion-central-asia-program-george-washington-university-october-16-2012

Матни мусоҳиба бо М. Кабирӣ:

— Дар 30 соли истиқлол, ҳеч гузинаи воқеии сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамроҳ бо соири гурӯҳҳои мухолиф монанди гурӯҳи 24 хостори тавсеъаи гузинаҳои воқеии сиёсӣ ҳамчун гоми асосӣ дар ростои демократиясозии кишвар аст. Ҳамон тавре, ки дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркманистон ва ахиран Қазоқистон, шоҳиди он будем, ки ҷонишиниҳои раёсатҷумҳурӣ лузуман ба тағйири сиёсии қобили таваҷҷуҳе мунҷар намешавад. Чӣ мароҳиле барои дастрасӣ ба тағйири воқеъии система лозим аст?

— Тағйири вазъият дар кишварҳои мо бидуни тағйири бунёдии низоми давлатдорӣ имкон надорад. Падидаҳое мисли коррупсия, худкомагӣ ва авлодмеҳварӣ то ҳадде дар баданаи ҳокимият реша давондааст, ки бо рафтани як нафар ва омадани нафари дигар бо ҳамон тарзи тафаккур ва шеваи мудирият ҳеҷ тағйире ворид нахоҳад кард. Нафари нав аз ҳамон система метавонад як умеди кутоҳмуддате ба мардум бидиҳад, аммо мушкилотро ҳал намекунад. Бисериҳо бар он умеданд, ки шояд омадани писар ё духтари Раҳмон вазъиятро каме тағйир диҳад. Ҳатто, чанд сол пештар бархе ба ислоҳпазир будани ҳукумати худи Раҳмон ҳам умед доштанд ва барои ҳамин, ҳамеша ӯро ба шуруъи ислоҳот ва риояти меъёрҳои байналмиллалӣ даъват мекунанд, ки ин як умеди холӣ ва илюзия беш нест. Бояд бигӯям, ки то 10 сол пеш ман ҳам ба ислоҳпазирии Раҳмон каме умед доштам. Имруз мавқеъи ман хеле равшан аст: Раҳмон ва низоми шаклдодаи ӯ дигар ислоҳпазир нестанд ва раванди бадшавии вазъият рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Қадами аввал барои тағйири вазъ ин эътироф кардани ҳамин воқеъият аст. Ҳам мардуми тоҷик ва ҳам дустони хориҷии миллати мо бояд ба ин нукта бирасанд, ки таҳаммули бештари ин вазъият маънии тан додан ба ин воқеъияти талх ва ё розӣ будан ба он аст. Қадами дуюм, истифодаи ҳамагуна василаҳои машруъи байналмиллалӣ барои додани шанс ба миллати тоҷик, ки аз панҷаи ин низоми диктотурӣ раҳо ёбаэад ва як ҳукумати масъулиятшиносро сари қудрат биеёрад. Ҳукумате, ки ирода ва барномаи сохтани як ҷомеъаи воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёдро дошта бошад. Агарчӣ ин ҳарфҳо як миқдор радикалӣ ва шояд ормонгароёна намоянд, аммо ман роҳи дигареро намебинам ва аз нигоҳи ман ин як барномаи комилан амалишаванда ва зарурӣ аст. Аз нигоҳи мо, вақти бозӣ бо калимаҳо ва мафҳумҳои абстактӣ гузаштааст. Вақти амал кардани сиёсатмадорон ва нерӯҳои масъул фаро расидааст. Вагарна, ташаббус ба дасти мардуми маҳрум ва норозӣ  мегузарад, ки метавонад оқибатҳои фоҷеабор барои ҳамагон дошта бошад.

-Ҳар сол бекорӣ ва камбуди чашмгири шуғлӣ чанд ҳазор тоҷикро маҷбур ба муҳоҷират мекунад. Ҳукумат аз муҳоҷират, ки даричаи муҳим барои иқтисоди кишвар аст, ҳимоят кардааст. Бо ин ҳол, ин даричаи эминӣ, кт ба авомили хориҷӣ такя кардааст, шикананда мебошад ва далелаш таъсири таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ва бемории ҳамагири COVID-19 ҳаст, ки ба таври қобили таваҷҷуҳе бозори кор дар Русия ва кишварҳои дигарро заиф кардааст. Раҳмон барои рафъи бекорӣ чӣ иқдомоти умдаеро метавонад анҷом диҳад? Оё фикр мекунед, ки бояд муҳоҷират ҳамчун дармоне барои рафъи бекорӣ ташвиқ шавад?

— Мушкилӣ дар он аст, ки Раҳмон дар ҳама солҳои ҳукмрониаш ҳеҷ барномае барои таъмини ҷои кор барои ҷавонон дар дохили кишвар надошт. Зеро, аз нигоҳи ӯ, ҳар марди ҷавон дар дохили кишвар сарчашмаи хатар аст. Ҳар чи қадар мардони ҷавон дар хориҷ ҷои кор ва зиндагӣ пайдо кунанд, ҳамон қадар ҳукумати ӯ чолиши камтар хоҳад дошт. Бинобар ин, ӯ ба ҷои сохтани заводу корхона ва сектори реалии иқтисод, бештар пулҳоро ба сохтани биноҳои боҳашамат ва ҷашну маросимҳо харҷ мекунад. Бояд гуфт, вазъи иқтисодии Русия ва Қазоқистон ҳам барои нерӯи ҷавони тоҷик ҷаззобияти бештар дошт ва ҳанӯз ҳам дорад. Агар вазъро соддатар шарҳ бидиҳем, он чунин аст: Раҳмон неруйи кориро ба хориҷ мефиристад, онҳо маблағҳои коркардаи худро тавассути бонкҳои хонаводаи Раҳмон ба хонаводаҳояшон равон мекунанд. Раҳмон 3 фоида мегирад аз ин сиёсат:1) Чун ҳама бонкҳо ва низоми интиқоли маблағҳо комилан дар ихтиёри хонавода аст, садҳо миллион доллар солона аз фоизи интиқоли пули муҳоҷирон. 2) Маблағҳои муҳоҷирон иқтисоди кившарро аз фурупошӣ нигаҳ медоранд (иттифоқан, Тоҷикистон ҷои аввалро дар ҷаҳон аз руйи таносуби маблағи муҳоҷирон ба буҷаи кишвар ишғол мекунад) ва 3) неруйи ҷавони кишвар ва потенсиали эътирозӣ ҳамеша дар берун боқӣ мемонад ва пиронсолону занҳо ва тифлон барои ҳокимияти Раҳмон хатари ҷиддие маҳсуб намешаванд.

Ҳоло, ки Русия таҳти таъсири коронавирус ва таҳримҳои ғарбӣ дигар шароити кории хубро ба муҳоҷирин пешниҳод карда наметавонад, чӣ таъсире ба вазъияти Тоҷикистон хоҳад дошт? Пешбинии мо ин аст, ки Раҳмон ҳамчунон талош мекунад ин нерӯро ба ҳар шакле бошад дар берун нигаҳ бидорад. Бадшавии вазъи иқтисодии кишвар вазъияти сиёсиро ҳам буҳронӣ хоҳад кард, вале контрол кардани аҳолии норозӣ хеле осон аст, вақте ки ин аҳолӣ аксаран аз калонсолон ва ё тифлон иборатанд. Нерӯи муътаризи ҷавон эътирози худро танҳо дар шабакаҳо баён хоҳад кард, ки дар саҳнаи воқеъӣ чандон таъсире нахоҳад дошт.

Тарҷумаи мусоҳибаи М. Кабирӣ бо маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА (қисми дуввум)

Маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” (Central Asia Program) дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА, яке аз қавитарин ва бонуфузтарин марказҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ дар мавриди Осиёи Марказӣ, рӯзи 12-уми майи 2021 матни мусоҳибаи муҳаққиқ Себастиян Пейруз бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ-ро нашр кард.

Қаблан мо қисмати аввали ин мусоҳибаро нашр карда будем. Инак, қисмати дуввуми он:

— Кишварҳои ҳамсоя мисли Қазоқистон сармоягузории исломӣ ва сармоя аз созмонҳои исломӣ, аз ҷумла Бонки рушди исломӣ, бонкҳои исломии хусусӣ ё маблағҳои ҳукуматҳои Халиҷи Форсро ташвиқ кардаанд. Оё фикр мекунед, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон бояд аз ин кор пуштибонӣ шавад?

— Дар истифода аз имконияти институтҳои молиявии исломӣ ва кишварҳои халиҷи Форс Раҳмон талошҳое дорад ва ҳатто қонунгузории кишварро то ҳадде барои чунин ҳамкорӣ омода кардааст. 5 — 10 сол пештар таваҷҷуҳи созмонҳои молиявии исломӣ ва дар умум, кишварҳои Халиҷ ба Тоҷикистон бештар буд ва таҳаррукоте дар ин замина эҳсос мешуд.

Аммо, бар хилофи Қазоқистон, кишвари мо чандон ҷаззобияте барои сармоягузории калон надорад. Рушди баланди фасод, адами шаффофияти бонкӣ ва набуди муҳити солим барои сармоягузорӣ роҳро барои тарҳҳои ҷиддӣ бастааст. Дар чунин шароит танҳо сармояи сиёсӣ вориди кишвар мешавад, мисли Чин.

Як саволи марбут ба мушкили бекорӣ соҳаи маориф аст, ки вазъияти ин соҳа ба таври чашмгире дар тамоми кишвар ба шиддат вахим аст. Гомҳои аслӣ барои беҳбуди соҳаи маориф чист? Оё беҳбуди соҳаи маориф шомили рушди муассисаҳои таълимии исломӣ, монанди мадрасаҳо ё донишгоҳҳои исломӣ мебошад ҳамчуноне ки дар бархе дигар аз кишварҳои мусалмоннишин аст?

Раҳмон илова бар тазъифи инфраструктураи соҳаи маориф боз онро аз ҳад зиёд идеологӣ кард. Албатта, мо низоми маорифи идеологишударо аз Шуравӣ мерос гирифтем, аммо шароити нисбатан хуби кормандони соҳаи маориф, таъмини молии соҳа аз тарафи давлат ин камбудиро то ҳадде ҷуброн мекард. Ҳукумат вазифаи маорифро имрӯз дар масъалаи парвариши инсон тақрибан чунин мебинад: 1)  Тарбияи шаҳрванди «дуруст», ки аз лиҳози фикрӣ ва идеологӣ комилан тобеъи дидгоҳҳои Раҳмон бошад ва ҳатто, либосу намуди зоҳириашро ҳам ба ин дидгоҳҳо мутобиқ намояд. 2) Касоне, ки дар ин қолаб намеғунҷанд, бояд аз синни мактабӣ худро барои кор ва зиндагӣ дар хориҷ омода кунанд. Ба ибораи дигар, низоми маорифи мо ҳоло 2 категория инсон парвариш мекунад, муҳоҷир ва ё «пайрави пешво». Муаллим дар ивази маоши ночиз назди низоми маориф 2 масъулияти асосӣ дорад: 1) назорати мағзу зоҳири хонандагон, ки мутобиқ ба хостаҳои «пешво» бошад; 2) назорат ба сандуқҳои интихобот, ки раъйи лозим ба «пешво» аз он берун биеяд. Чун интихоботҳо аксаран дар бинои мактабҳо баргузор мешаванд ва муаллимон узви комиссияиҳои  интихоботӣ ҳастанд. Тарбияи як инсони мустақил ва пуё (чолишгар) дар барномаи низоми маорифи имрӯза намеғунҷад, чун ин гуна инсонҳо барои ҳар низоми диктотурӣ хатар маҳсуб мешаванд.

Вазъ дар маорифи динӣ боз ҳам бадтар аст, зеро на танҳо зербинои низоми таълимии тақлидии динӣ тахриб шуд, балки дар ивазаш бадили муносибе натавонист ба вуҷуд биёяд, ки ин халоро пур кунад. Албатта, низоми тақлидии таълими динӣ, ки дар ОМ садсолаҳо шакл гирифта буд, на танҳо идеалӣ набуд, балки камбудиҳои зиёде дошт ва ҳанӯз ҳам дорад. Аммо, бояд эътироф кард, ки маҳз ҳамин низоми таълимӣ метавонист садди бузург ва коршоями маънавӣ ва фикрӣ дар муқобили андешаҳои тунд ва радикалии мазҳабӣ бошад, ки солҳои охир фазои минтақаро пур кардаанд. Нигаҳ доштани институтҳои мазҳабӣ ва таълимии тақлидӣ ҳамчун ниҳодҳои мустақил, қавӣ ва бообрӯ барои давлат ҳамчун шарик дар бисёре аз барномаҳои сатҳи миллӣ муҳим буданд. Аммо, ҳукумат хост ин соҳаро ҳам мисли маорифи дунявӣ комилан таҳти контрол бигирад ва аз он ҳамчун василаи муборизаи идеологӣ истифода намояд. Яке аз сабабҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав, мисли ДОЪИШ, Ал-Қоъида ва дигарон, маҳз фалаҷ шудани низоми таълимии динӣ, назди мардум машруъияти  динии худро аз даст додани имомҳо ва ниҳодҳои расмии динӣ (масъалаи «муллоҳои ҳукуматӣ) ва ҷавобгуйи талаботу ниёзҳои динии мардум набудани ин ниҳодҳо мебошад.

Ва бадтар аз ҳама, ҳукумат ҳеҷ ирода ва барномае барои ислоҳи вазъ чӣ дар самти маорифи умумӣ ва чӣ таълимоти динӣ надорад. Идомаи ин раванд дар паҳлуйи омилҳои буҳронзои иқтисодӣ ва сиёсӣ вазъияти умумиро дар оянда бадтар мекунанд.

— Амнияти энергетика як мавзуъи доғ аст. Чандин сол аст, ки Раҳмон барномаи амнияти энергетикаи кишвар, бахусус сохти обанбори Роғунро ба яке сутунҳои сиёсатҳои худ табдил додааст. Оё ин барнома аз нигоҳи иқтисодӣ пойдор аст ва бояд аз он ҳимоят кард? Оё фикр мекунед, ки интиқоди ин барнома муносиб аст ва агар чунин аст, оё роҳҳои ҷойгузоние барои беҳбуди соҳаи энергетикаи кишвар вуҷуд дорад?

— Болотар калимаи «идеологизатсия» ва ё«сиёсӣ кардан»- ро дар дигар соҳаҳо, мисли муҳоҷират, дин ва маориф зиёд истифода кардам. Боиси таассуф аст, ки ҳеҷ соҳае дар кишвари мо аз ин мушкилӣ наҷот наёфтааст. Аз ҷумла, энергетика ҳам. Сохтани Роғун ҳамчун калонтарин неругоҳи минтақа ва «расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» дигар як барномаи сирф иқтисодӣ нестанд, балки як идеология ва шиор ҳастанд, ки Раҳмон ҳадди ақал 20 сол боз зеҳни мардумро бо он машғул медорад. Дар сурате, ки Раҳмон кайҳо боз метавонист кишварро ба истиқлолияти энергетикӣ бирасонад, агар тамаркуз болои сохани неругоҳҳои хурду миёна мекард ва аз ҳама муҳим, монополияи давлатӣ (дар шароити Тоҷикистон, хонаводагӣ)-ро дар ин соҳа аз байн мебурд. Аммо, барои Раҳмон тарҳи «сохтани калонтарин неругоҳ» муҳимтар аз ҷанбаи иқтисодӣ, экологӣ ва перспективии масъала  аст. Ин идомаи ҳамон маризии бузургманишӣ аст: бузургтарин неругоҳ, баландтарин парчам, калонтарин чойхона, калонтарин китобхона ва ғайра. Тасаввур кунед, ки Тоҷикистон бо ин ҳаҷми хурдаш 8-умин потенсиали гидроэнергетикии ҷаҳонро дорад! Мо метавонем солона 500 млрд мегават барқ тавлид кунем, ки ҳамаи минтақаро бо энергияи экологӣ таъмин мекунад. Имрӯз танҳо 4 % — и ин потенсиал истифода мешавад ва ин ҳама ба хотири сиёсати нодурусти иқтисодӣ. Ҳукумат мехоҳад мисли ҳама соҳаҳои дигар монополияи худро дар ин соҳа ҳам нигаҳ дорад ва аз он ҳамчун фишанги сиёсӣ ва молиявӣ истифода намояд.

Роҳи ягонаи ислоҳи вазъ ва рушди соҳаи энергетикаро ман дар он мебинам, ки 1) ҳарчи зудтар реформа ба хотири демонополизатсия ва рақобатпазирии соҳа роҳандозӣ шавад,2) Ба сармояи хусусӣ, аз ҷумла сармояи хориҷи иҷозат дода шавад, ки вориди соҳа шаванд ва дар муайян кардани сиёсатҳои тавлид ва фуруши барқ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ истиқлолият дошта бошанд. Роҳи дигари ҷалби сармояи ғайридавлатӣ ба соҳаи энергетика вуҷуд надорад. Ҳамин аст, ки ҳеҷ ниҳоди мустақил ва ҷиддии молиявӣ омодаи ширкат дар маблағгузории Роғун нест, чун касе намехоҳад ба як тарҳи сиёсӣ сармоя гузорад. Набояд фаромуш кард, ки компанияи давлатии «Барқи Тоҷик», ки монополисти соҳа мебошад, ва  аз тарафи хонаводаи Раҳмон мудирият мешавад, бузургтарин  ширкати қарздори кишвар мебошад, ки наздик  ба 3 млрд доллар аст (буҷаи солонаи кишвар 2.6 миллиард доллар аст).

Дар сурате, ҳеҷ гузорише аз қарздории аҳолӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон назди ин ширкати монополист вуҷуд надорад. Пас, адами шаффофият, фасоди густарда ва дар контроли хонаводаи ҳоким қарор доштани ин ширкати монополисти барқ боиси фалаҷ гаштани тамоми соҳа гаштааст. Саволи калидӣ ҳам ин аст, ки оё Раҳмон иродаи чунин ислоҳотро дорад ё не? Ман хеле пессимист ҳастам дар ин масъала.

— Буҳрони COVID-19 заъфи хосси системаи беҳдоштии Тоҷикистонро барҷаста кардааст. Масоили аслӣ дар мавриди системаи беҳдошт ва дармони кишвари шумо чист ва чӣ иқдомоте мутафовит аз сиёсат Раҳмон дар ин мавриди бояд анҷом шавад?

Илова бар заъфи системаи тиббии кишвар, Раҳмон тақрибан 2 моҳ вуҷуди вирус дар кишварро пинҳон намуд.  Чандин чорабиниҳои серодам баргузор кард, ки боиси паҳншавии бошиддати вирус гашт. То имрӯз ягон маълумоти воқеъӣ дар бораи шумораи беморон ва фавтигон вуҷуд надорад. Раҳмон эълон кард, ки 13 000 мубтало шуданд ва ҳамагӣ 90 нафар фавтиданд, ки бовар накарданист. Зеро, дар кишвар карантин эълон нашуда буд. Сиёсаташ бар он буд, ки бояд аҳолӣ саросар «иммунитети коллективӣ» пайдо кунад ва аз руйи мантиқи ӯ, ҳар чи қадар мардум зудтар ва бештар мубтало шавад, ҳамон қадар беҳтар аст, зеро зинда мондаҳо иммунитет хоҳанд дошт ва ниёз ба карантин ва дигар чораҳо намемонад. Шумораи зиёди калонсолон фавтиданд ва диагнози онҳо «пневмания» эълон шуд, на вирус.

Раҳмон эълон кард, ки аз 15 январи 2021 Тоҷикистон ба коронавирус пирӯз шуд ва дигар он вуҷуд надорад. Метавон гуфт, ки шумора кам шудааст, аммо комилан нест шудани он аз кишвар бовар накарданист. Барои мисол, Русия то ҳол омода нест дари худро барои парвозҳо аз Тоҷикистон боз кунад, агарчӣ ин корро бо чанд кишвари минтақа алакай кард. Бо вуҷуди он, ки ин кишварҳо аз «пирузӣ» болои корона ҳарф назадаанд.

Бар хилофи аксари кишварҳои минтақа, Тоҷикистон дар ягон самт ягон сиёсати хоссе дар замони коронавирус пеш нагирифт. На карантин эълон кард, на маблағи иловагӣ барои соҳаи тиб ва кормандони он ҷудо шуд ва на сабукиҳои хоссе барои соҳибкорон ва мардум эълон шуд.

Дар сурати пайдоиши вариянти нави ин вирус, мавҷи дигари он дар кишвар аз эҳтимол дур нест. То ҳол ваксинатсия оғоз нашудааст ва ҳукумат ягон маблағе барои харидории он ҷудо накардааст. Раҳмон мунтазири расидани ваксинаҳои бепул хоҳад монд ва табиист, ки ин раванд хеле тулонӣ хоҳад буд. Агарӣ қонуни асосӣ табобати бепул барои шаҳрвандонро кафолат додааст, он на танҳо дар амал иҷро намешавад, балки коррупсия дар ин соҳа хеле рушд кардааст.

Барҳам задани оқибатҳои сиёсати тибии Раҳмон ва ислоҳи ин соҳа яке аз душвортарин корҳо дар оянда хоҳад буд. Сиёсати имрузаи тиббӣ табобатӣ- тиҷоратӣ аст, на пешгирӣ — солимгардонӣ. Барои ислоҳи вазъ бояд фалсафа ва сиёсати соҳаи тибро комилан муосир ва коршоям кард. Пеш аз ҳама ниёз ба барномаи чунин ислоҳот ва кадрҳои идоракунандаи соҳа мебошад, ки мутаассифона тақрибан вуҷуд надоранд. Аммо, дар сурати мудирияти хуби захираҳои кадрӣ ва инфраструктураи тиббӣ ва бо назардошти ҷавон будани аҳолии кишвар, ин вазифа амалишаванда мебошад. Вале, на барои ҳукумати имрӯза, чун иродаи чунин ислоҳот дар он вуҷуд надорад.

— Радикализм баҳсҳои мукаррареро дар Осиёи Марказӣ барангехтааст. Бархеҳо иддао мекунанд, ки радикализм як афсона аст ва бархеи дигар онро ҳамчун тарспароканӣ истифода мекунанд. Оё шумо радикализмро ҳамчун як хатар ба Тоҷикистон мепиндоред?

Бешак, репрессия ва маҳдуд кардани мухолифин, дигарандешон ва диндорон сабаби аслии рушди радикализм дар кишвари мост. Мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷират ва коррупсия омилҳои кумакрасон дар масъалаи радикализм мебошанд. Ман ки худ дар доираи мазҳабӣ бузург шудаам ва ҳама фаъолияту кори илмӣ ва сиёсиам ба дин рабт доштааст, раванди радикализатсия шудани ҷомеъаро дар ин муддат бо тамоми паҳлуҳояш ва марҳалаҳояш аз наздик мушоҳида ва ҳис кардаам. Бо камоли масъулият метавонам бигӯям, худи дин дар рушди радикализми динӣ дар Тоҷикистон поёнтарин нақшро дорад. Агар мардуми кишвар мусалмон ҳам намебуданд, маҷмуъи ин омилҳо ҷавононро ба самти радикализм тела медод. Фақат он радикализм ҷеҳраи динӣ не, балки дигар навъи он мебуд. Аммо, чун мардум мусалмон ҳастанд, ва шиорҳову арзишҳои динӣ ба онҳо ошнотар аст, дар чунин ҳолат дастрасттарин ва ошнотарин хитоба барои баёни эътироз хитобаи динӣ қарор мегирад. То мамнуъ шудани ҳизби мо ва саркуб гашатани дигар мухолифин (аз 2013 то 2015), Тоҷикистон камтарин шумораро дар ҳайати гуруҳҳои мусаллаҳ, мисли Алқоъида ва Доъишро дошт. Ҳатто камтар аз Қирғизистон ва Қазоқистон. Аммо, баъдан ин шумора якбора боло рафт ва дар муқоиса бо шумораи аҳолӣ ҷои аввалро байни кишварҳои ғайриарабӣ гирифт.

Ҳукумат ҳам аз чунин шакл гирифтани вазъият 2 истифода мекунад: 1) мухолифини худро саркуб ва саҳнаро аз рақибон пок кардан, 2) худро қурбонии радикализм ва экстремизми динӣ ҷилвагар додан. Аз ин рӯ, вуҷуди радикализм ва гурӯҳҳои экстремистии динӣ дар минтақа ва кишвар дар ҳадди идорашанаванда, ҳамеша ба манфиатҳои тактикии мақомот хидмат кардаанд. Аммо, ин раванд метавонад дар дарозмуддат ба зарари ҳамагон анҷом шавад. Ман мутмаинам, ки бо роҳандозии як сиёсати мантиқӣ ва ҳисобишудаи динӣ дар кишвар, динро аз як омили хатарзо ва амниятӣ ба як омили кумакрасон ба субот ва рушд метавон табдил дод. Мо ин ирода, барнома ва аз ҳама муҳимаш, таҷрибаро дорем.

— Оё фикр мекунед, тавофуқномаи сулҳ, ки тавассути Доналд Трамп ва Толибон имзо шуд, пойдор аст ва ин барои Тоҷикистон ба чӣ маъност? Оё Афғонистон ҳанӯз метавонад таҳдиде барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бошад?

Созишномаи Трамп бо Толибон танҳо роҳро барои қадамҳои баъдӣ боз мекунад ва агар қадамҳои баъдии ҷиддӣ аз тарафи идораи нави Амрико Толибону ҳукумати Афғонистон бардошта нашавад, ҷуз чанд саҳифа коғаз чизе нахоҳад буд.  Шакке нест, ки расидан ба сулҳу субот дар ин кишвар барои Тоҷикистон хеле аҳаммият дорад. Боқӣ мондани вазъи бесуботӣ ва парокандагӣ дар Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамаи минтақа таъсири манфӣ дорад. Аммо, вазъи бади Афғонистон ба танҳоӣ наметавонад таъсири манфии ҷиддӣ дар кишвари мо ва минтақа гузорад, агар заминаи чунин бесуботӣ дар дохил вуҷуд надошта бошад. Барои мисол, тамоми омилҳои бесуботӣ ва таркиши вазъият дар дохили Тоҷикистон имрӯз вуҷуд дорад. Аз бекорӣ сар карда то коррупсия ва маҳдуд кардани озодиҳо. Вазъият метавонад ҳар лаҳза аз контрол берун шавад. Бесуботӣ ва вуҷуди минтақаҳои дур аз контроли ҳукумати марказӣ дар Афғонистон рискҳоро дар кишвари мо каме бештар мекунанд. Аммо, дар ҳар сурат, ман таъсири мушкилоти кишвари ҳамсоя ба вазъияти минтақаи моро камтар аз он мебинам, ки роҳбарони кишварҳои минтақа ва бархе коршиносон даъво мекунанд. Таҳдидҳои марбут ба вазъи Афғонистон дар хеле мавридҳо барои амалӣ кардани аҳдофи сиёсӣ аз тарафи масъулини кишварҳои мо муболаға мешаванд. Ба хусус дар ин шароит, ки ягон неруйи бонуфузи афғонӣ, ҳатто Толибон ҳам, ҳеҷ барномае барои кашонидани низоъ берун аз марзҳои Афғонистонро надоранд. Ин маънои онро надорад, ки мо хатари гурӯҳҳои мусаллаҳ ва имкони амалиётҳои фаромарзиро комилан нодида бигирем.

Моро имрӯзҳо бояд дигар чиз бештар нигарон кунад. Ҳукуматҳои фасодзада ва худкомаи минтақа дар масъалаи қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, пул ва сарватҳо ҷои гурӯҳҳои ҷиноятии мусаллаҳи фаромарзиро танг карда, ин каналҳоро доранд дар ихтиёри худ мегиранд. Маълумотҳои зиёде мерасад, ки хонаводаи ҳоким ва мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бархе доираҳои расмӣ ва ғайрирасмии Афғонистон тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва интиқоли маблағу сангҳои қимматбаҳоро дар ду тарафи марз ба роҳ мондаанд. Ва ин ҳамкориҳо рӯз ба рӯз ба  сатҳ ва ҳаҷми калонтар мерасанд. Моҳи ноябри 2020 хабар дар бораи боздошти маблағи чандмиллонаи доллар ва садҳо кило тилло дар фурудгоҳи Душанбе нашр шуд. Мақомоти ҳарду кишвар талош карданд ва ҳанӯз ҳам талош доранд, то ҷузъиёти ин парванда ошкор нашавад, вале моҳи феврал он боз дар расонаҳо бо ҷузъиёти бештар пайдо шуд. Аммо, бо шарҳу тафсирҳо ва рақамҳои гуногун аз ду тараф. Ин баёнгари решадор ва калонҳаҷм будани ингуна ҷиноятҳои фаромарзӣ аз тарафи мақомоти фасодзадаи ин ду кишвар аст. Ногуфта намонад, ки дар муддати пайдоиши ин маблағи бузург дар фурудгоҳи Душанбе Раиси КДАМ Ятимов ду маротиба ба Кобул сафари нимрасмӣ дошт. Ва ахиран, яке аз намояндагони амниятии Афғонистон зимни як нишасти матбуоти номи ҲНИТ-ро ҳам дар қатори созмонҳое ном бурд, ки дар хоки ин кишвар гурӯҳҳои мусаллаҳ доранд. Чизеро, ки мақомоти  Тоҷикистон солҳо боз талош доранд ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ исбот кунанд. Коршиносон ин баёнияи мақомоти Афғонистонро натиҷаи сафарҳои Ятимов ва марбут ба парвандаи маблағҳои ҳабсшуда дар Душанбе медонанд. Ба назари мо, хатари ҳамкориҳои мақомоти ду кишвар дар заминаи фасод ва пулшуйи аз хатари гурӯҳҳои мусаллаҳ барои минтақа ва ҷаҳон камтар нест.

— Оё сармоягузориҳои иқтисодии қобили таваҷҷуҳи Чин дар Тоҷикистон ва «Тарҳи камарбанд ва ҷода» як омили рушди мусбат барои кишвари шумо нест? Раҳмон ба далели адами шаффофияти сиёсати худ дар қиболи Чин, ки мунҷар ба афзоиши қарзҳои Тоҷикистон ва нуфузи сиёсии Чин бар истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳатто сиёсии Тоҷикистон шудааст, ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст. Оё фикр мекунед, сиёсати Раҳмон дар қиболи Чин бояд таҷдиди назар шавад ва агар чунин аст, чӣ гуна?

Чин дар кишвари мо ҳамон сиёсати тиҷоратӣ- иқтисодиро пеш гирифтааст, ки дар кишварҳои дигари заиф ва ҳамзамон фасодзада вуҷуд дорад. Додани қарзҳо дар ивази имтиёзҳои вежа дар  зерсохтори иқтисодӣ, сарватҳои зерзаминӣ ва бозор. Қарз гирифтан аз Чин барои ҳукуматҳои фасодзада хеле роҳаттар аст, чун барои Чин шаффофият ва самаранокӣ дар истифодаи маблағҳо чандон аҳаммият надорад. Ворид шудани Тоҷикистон ба тарҳи глобалии Чин бо номи «the Belt Road Initiative” метавонист барои мардуми мо  нафъи бештаре бидиҳад. Аммо, фоидаи асосиро то ин лаҳза ҳукумати Чин ва хонаводаи Раҳмон, ҳамчун истифодабарандагони асосии қарзҳои чинӣ, мебинанд. Қарзҳо бошад болои шонаҳои ҳар шаҳрванди кишвар бор мешавад ва дер ё зуд онро бояд баргардонд.

Оне, ки имрӯз нисфи қарзҳои хориҷии кишвар ба Чин рост меояд ва истиқлолияти  иқтисодии мо тақрибан зери суол рафтааст, бештар ба сиёсатҳои Раҳмон рабт дорад, на ба Чин. Ҳар ҳукумате пас аз Раҳмон биояд, ҳатман бо Чин ҳамчун бо як ҳамсояи бузург бояд робитаҳои хуби иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ дошта бошад, аз ҷумла, мо ҳам.

Аммо манфиатҳои кулли мардуми Тоҷикистон бояд дар мадди назар қарор бигиранд, на як хонаводаи ҳоким ва гурӯҳҳои наздик ба онҳо. Ҳукумати оянда ҳатман бояд дар сиёсати қарзӣ ва иқтисодии худ ислоҳот ворид кунад ва тавозунро байни шарикони аслӣ тарзе  риоят кунад, ки ҳеҷ кадоме аз ин шарикон натавонанд ҳолати доминантӣ (тасаллутӣ) дар иқтисод ва сиёсати кишвари мо  дошта бошанд.

— Оё фикр мекунед, равобит бо Русия, ки Раҳмон онро тавсеъа додааст, бояд таҷдиди назар шавад? Оё Тоҷикистон бояд Иттиҳодияи Евро-Осиё бипайвандад?

— Ду сол пеш ҷавоби ман ба ин савол мусбат метавонист бошад. На ба хотири он, ки «Eurasian Economic Union” як созмони минтақавии бонуфуз ва ояндадор барои Тоҷикистон мебошад. Баръакс, узвият дар иттиҳоди иқтисодӣ бо кишварҳое, ки комилан фасодзада ва авторитарӣ мебошанд, аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ шояд зарараш аз фоидааш бештар  бошад. Ягона бурди мо он солҳо ба хотири як миллион муҳоҷири корӣ дар Русия буд, ки бархе имтиёзҳоро соҳиб мешуданд, мисли арманиҳо ва қирғизҳо.

Аммо, имрӯз ин мавзуъ чандон актуалӣ нест, зеро коронавирус ва таҳримҳои воридшаванда алайҳи Русия аз тарафи Ғарб ҷаззобияти ин кишварро  барои муҳоҷирини мо камтар мекунад. Пештар ҳам Раҳмон рағбати зиё барои ворид шудан ба ин созмон надошт, ҳоло худи Кремл ҳам дигар зиёд пофишорӣ нахоҳад кард. Чун иқтисоди Русия чизе барои пешниҳод кардан ба кишварҳои узви  ин иттиҳод нахоҳад дошт. Аммо, ворид нашуани Раҳмон то имрӯз иллатҳои дигаре дошт, якум ҳузур ва нуфузи истисноии Чинро дар Тоҷикистон каме поинтар мекард, ки на Чин ва на худи Раҳмон инро намехоҳанд. Дуюм, шаффофият ва ҳисоботҳои интиқоли мол ва маблағҳо ба/аз Тоҷикистон бояд назди ҳама кишварҳои узви иттиҳод таъмин шавад, ки барои ҳукумати фасодзадаи Тоҷикистон, бахусус, хонаводаи монополисти Раҳмон ин баробар ба ошкор кардани схемаҳои пинҳонии тиҷораташон мебошад. Аз ин хотир, то имрӯз талош карданд аз воридшавӣ ба ин созмон ва созмонҳои дигари молиявӣ- иқтисодии минтақа худдорӣ кунанд.

— Шумо аз Ғарб интиқод мекунед. Чӣ тағйироте дар сиёсатҳои ИМА ва Аврупо дар қиболи Тоҷикистон лозим аст? Аз Ғарб чӣ интизоре доред? Оё таомули ғарбиҳоро каму беш дуст доред?

— Ман борҳо гуфтаам, ки мо дигар аз кишварҳои ғарбӣ таваққуъи зиёде надорем.  Ҳоло ҳамон ҳарфҳоеро мезанам, ки борҳо дар бораи нақши кишварҳои ғарбӣ гуфтаам. Ҳамоне, ки ба мо, қурбониён ва мухолифини режимҳои диктотурӣ, дар кишварҳои худ паноҳандагӣ медиҳанд, кори каме нест. Иваз кардани вазъият ва низомҳои диктотурӣ дар минтақа вазифаи Амрико ва Аврупо нест, ин масъулияти худи миллатҳои мост. Ягона дархости мо аз Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ин аст, ки ба диктотурҳои минтақаи мо кумак накунанд. Шояд ҷавоб ин бошад, ки робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиву техникӣ байни кишварҳои ғарбӣ бо диктотуре мисли Раҳмон маънии пуштибонӣ аз ӯро надорад. Балки ин як таҷрибаи маъмулии ҷаҳонӣ ва ба нафъи миллатҳо ҳам ҳаст. Дар ин шакке нест ва аслан мавзуъи мо ин навъ робитаҳо ҳам нестанд. Бузургтарин кумак ба диктотурҳо ин истифодаи меъёрҳои дугона дар муносибат бо онҳост ва инчунин, ҷудо кардани диктотурҳо ба «худӣ ва бегона». Меъёр барои чунин баҳогузорӣ чист? Барои мисол, Раҳмон, ки ҷузъи 10 роҳбари диктотурии аввали ҷаҳон аст ва болотар аз Путину Лукашенко дар раддбандии созмонҳои байналмллалӣ қарор дорад, чаро мисли ин ду мавриди таҳримҳо ва фишорҳои кишварҳои ғарбӣ қарор намегирад? Агар Ғарб Путину Лукашенкоро барои саркуби мухолифин, поймол кардани ҳуқуқи башар ва шеваи худкомагии роҳбарӣ муҷозот мекунад, чаро Раҳмонро ки чандин маротиба бадтар аз ин ду аст, ба пойтахтҳои аврупоӣ давъват мекунанд? Ва шомили  ҳеҷ таҳриме нест?  Агар ин кумак ба Раҳмон нест, пас чист? Барои Раҳмон кофист, ки Чин ва Русия дар ҳимояти мустақимаш бошанду Ғарб бетафовут.

Қаблан ҳам гуфта будам, ки бархе диктотурҳо равиши таомул бо Ғарбро хуб омухтаанд ва медонанд чигуна рафтор кунанд, то ҳам сиёсатҳои ваҳшиёнаи худро нисбати миллатҳои худ амалӣ кунанд ва ҳам бо барои Ғарб «худӣ» боқӣ бимонанд: 1) Аз худ як роҳбари қавӣ ва пархошгар дар баробари кишварҳо ва арзишҳои ғарбӣ натарошонанд ва 2) худро ҳамеша қурбонии терроризм ва ифротгароӣ ҷилва бидиҳанд ва мухолифини худро ба иртиҷоъӣ ва ё исломгароӣ муттаҳам намоянд. Дигар ҳар мусибат ва ҷинояте болои миллатҳои худ биёваранд, Ғарб онҳоро таҳаммул хоҳад кард ва нисбатан «худӣ» медонад, чун сухан дар бораи «интихоб байни баду бадтар» меравад. Табиист, ки инҷо бад ҳукуматҳои диктотурӣ, вале «дунявӣ»-и минтақа, аммо бадтар ҳамон «ифротгароҳо» ҳастанд, ки ҳукуматҳо муаррифӣ мекунанд.

Вақти он расидааст, ки Ғарб дар муносибат бо ингуна диктотурҳо қотеъонатар амал кунад ва бо ҳамаи онҳо тибқи меъёрҳои ягона рафтор намояд. Раҳмонро шомили листи таҳримҳо накардан фақат ба хотири он, ки Тоҷикистон дар қисмати осиёӣ ва мусалмоннишини собиқ Шуравӣ қарор дорад, на дар қисмати аврупоӣ, ин маънии онро дорад, ки Ғарб хоста ё нахоста миллатҳои моро ҳанӯз сазовор ба озодиҳо ва ҳуқуқҳои баробар бо белорусҳо, русҳо, гурҷиҳо ва дигарон намедонад.  Бояд талош кард, то ин табақабандиҳо шикаста шаванд ва сокинони кишварҳои мо, аз ҷумла Тоҷикистон дарк намоянд, ки Амрико ва Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи башар, демокртия ва озодиҳои умумибашарӣ  меъёрҳои духураи «аврупоӣ-осиеӣ», «масеҳӣ ва мусалмонӣ»- ро намешиносад. Иттифоқан, яке аз «далелҳое», ки гурӯҳҳои ифротӣ барои рушди андешаҳои зидлиғарбӣ дар байни ҷавонон истифода мекунанд, маҳз ҳамин пуштибонии ғайримустақим ваё бетафовутии кишварҳои ғарбӣ дар баробари диктотурҳои минтақа аст. Умедворам, ки ба зудӣ номи чанде аз поймолкунандагони ашаддии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шомили таҳримҳои амрикоӣ ва аврупоӣ хоҳанд гашт.

— Чӣ гуна ҳизби шумо ва соири ҳизбҳои мухолиф метавонанд таъсири воқеъӣ дар кишвар дошта бошанд? Ба назари шумо, чӣ гуна гурӯҳҳои мухолиф дар табъид метавонанд таъсири воқеъӣ дар Тоҷикистон дошта бошанд?

Ягона роҳи таъсиррасонӣ ба дохили кишвар ин кор бо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ аст. Мо ба хотири зиндонӣ ва шиканҷа нашудани тарафдорон ва хешу табор  тамосҳои мустақимро бо дохил қатъ кардаем. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ тамос мегирем. Ду соли охир кори мо дар шабакаҳо натиҷа доданд ва имрӯзҳо мо тамосҳои зиёде аз дохил дорем, ки ҳамаашон бо ташаббуси онҳо сурат мегиранд. Ин танҳо мардуми оддӣ нестанд, ки аз мушкилоти худ ва ҷомеъа мегӯянд. Коршиносон, сиёсатмадорон ва ҳатто, бархе кормандони давлатӣ ҳам талош барои барқарор кардани робита мекунанд. Маълумот мефиристанд, назар мегӯянд ва тавсияҳо мекунанд. Ин маънии онро дорад, ки суханҳо ва барномаҳои мо дар дохил тағйироти зеҳниро ба вуҷуд овардааст.

Албатта, мо ҳамеша дар дохил тарафдор доштем ва онҳо аксаран ба ҳолати ғайрифаъъол гузаштаанд. Инҷо сухан атрофи гурӯҳҳо ва аудиторияи нав меравад, ки қаблан ё бетараф буданд ва ё зидди мо. Бо назардошти репрессия, тарси мардум ва инчунин гаронии нархи интернету сустии суръати он, як даста аз рузноманигорони мустақил тасмим гирифтанд,  то телевизиони моҳвораиро роҳандозӣ кунанд. Зеро дар Тоҷикистон телевизионҳо ҳанӯз ҳам ҷойгоҳи худро аз даст надодааст, дар сурате, ки дар кишварҳои пешрафта интернет кайҳо ҷойгоҳи тв- ро танг кардааст. Агарчи, шабакаи моҳвораи як тарҳи гарон аст, аммо барои мардуми дохил комилан харҷе надорад, чун аксари аҳолии минтақа бинандаи  каналҳои моҳвораӣ мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон пас аз чанд моҳи фаъоияти ин моҳвора бо фиристодани «паразитҳо» кори шабакаи моҳвораӣ дар HOTBIRD-ро халалдор намуд ва феълан талош барои барқарор кардани он идома дорад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки 70 то 80 дарсади бинандагон ва шунавандагони  барномаҳои итернетии мо дар Русия қарор доранд, яъне, муҳоҷирон мебошанд. Таҳқикоти дигари мо нишон дод, ки  аксарияти сокинони Тоҷикистон дар бораи фаъолияти мо  тавассути муҳоҷирон огоҳ мешаванд. Ба ибораи дигар, муҳоҷирони тоҷик дар Русия на танҳо аудиторияи аслии мо ҳастанд, балки интиқолдиҳандаи муҳими афкор ва барномаҳои мо низ мебошанд. Бояд як нуктаро қайд намоем, ки қаблан бо муҳоҷирон бештар мақомоти давлатӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ, мисли ДОЪИШ ва дигарон кор мекарданд. Ин буд, ки сафи пайвастагон ба ДОЪИШ аз ҳисоби муҳоҷирон болои 90 % буд. Ин як холигие буд, ки пас аз мамнуъияти мо дар дохил ба вуҷуд омад. Ҳоло мо мехоҳем аз нав ин вакумро бо афкор ва барномаҳои созандаи муътадил пур кунем. Ва ҳамзамон паём бифиристем, ки дар иваз кардани вазъияти кишвар ва амалӣ кардани барномаҳои худ қатъӣ ва ҷиддӣ ҳастем. Вақте мо омодагии худро барои гирифтани масъулият дар дохили кишвар нишон додем,  ҳам муҳоҷирин ва ҳам мардуми дохил ба суи мо ҳаракат карданд.

Дар умум, мо аз он ҳолати шок ва карахтӣ берун баромадем ва фикр мекунем, ки тамоми омилҳо барои оғози фаъолияти ҷиддӣ дар дохили кишвар доранд фароҳам мешаванд. Муҳимтарин омил ин иртиботи мо бо мардуми дохил буд, ки ба таври табии он барқарор шуд ва рӯз ба рӯз қавитар мешавад.