Бобоҳидо Ҳайдаров омӯзгори мактаби миёна, шахсияти фарҳангӣ ва адабиётчӣ аст. Ӯ солҳои зиёде кудакону навҷавононро ба роҳи росту дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ карда аст. Хурду калони Исфара ӯро ҳамчун як муаллими хушгуфтору хушахлоқ мешиносанд.
Вақте бори аввал ба Исфара меҳмон шудам аз меҳмоннавозиву суханҳои муҳаббатомезаш самимияту садоқаташро комилан эҳсос мекардам. Аксари мардуми ин ноҳияи гуҳархези кишварамон чунин меҳмоннавозу хушгуфтору бомуҳаббатанд. Инро ҳамаи дӯстоне, ки бо мардуми ин минтақа рафтуомад доранд хуб медонанд.
Бобоҳидо Ҳайдаров на танҳо дар миёни мардуми Исфара, балки дар миёни ҳамаи мардуми кишвар, ки ӯро мешинохтанд бо лафзи ширину нутқи буррояш шинохта мешуд ва мешавад. Ӯ яке аз аъзоёни фаъоли ҲНИТ буд, ки соли 2015 ноҷавонмардона ва бо иттиҳоми сохта ҳамроҳи чандин ҳамҳизбиҳояш ба зиндон андохта шуд.
Зиндонро маъмулан дар кишварҳои пешрафтаи дунё ҷои ислоҳи инсонҳо медонанд ва кушиш бар он мешавад, ки зиндонҳо ё аз байн бурда шаванд ё ҳадди ақал кам карда шаванд.
Аммо дар кишварҳои диктаторӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистони мо зиндон ҷои саркуби дигарандешону мухолифони ҳукумат ҳаст, то ҷои ислоҳи ҷинояткорон. Барои исботи ин гуфта худи шумо фикр кунед, ки як инсони шариф ва фарҳехтае мисли Бобоҳидоро зиндон чигуна бояд ислоҳ кунад? Чиро дар ӯ бояд ислоҳ кунад?
Мутаассифона зиндонҳои ҳукумати Раҳмонов имрӯз пур аз шахсони донишманду фарҳехтае мисли Бобоҳидо аст.
Аммо дирӯз Бобоҳидо аз зиндон озод шуд. Ӯ ба 6 сол зиндон маҳкум шуда буд ва ин 6 солро дар зиндон гузаронду билохира озод шуд. Бо сари баланд ба назди хонаводааш баргашт.
Оё фикр мекунед, ки чаро мақомот дар авфҳои сохтаашон ҳам чунин афроди фарҳехтаро озод намекунанд? Ҳатто муҳлати онҳоро кам ҳам намекунанд? Чаро ҳамеша дуздону раҳзанону гераинфурушонро озод мекунанду инсонҳои бегуноҳро не?
Бале ҳукумате, ки тафаккури ҷангталабонааш бар ақлу мантиқаш ғолиб аст, ҳамеша аз мардуми худаш душман метарошад. Аммо худоро шукр, ки Бобоҳидо бо сари баланд озодӣ баромад.
Ин хушхабар ба он хотир аламовар аст, ки 6 соли умри як инсони бегуноҳро барбод доданд. Агар ӯ дар озодӣ мебуд ба чандин нафар дарси хондану навиштану ахлоқу ватандӯстӣ медод.
Ба ҳар ҳол озодӣ муборак Бобоҳидои азизу гиромӣ! Худо кунад, ки дигар ҳамсафони бегуноҳатонро низ ҳарчи зудтар дар озодӣ бубинем!
Бобоҷони Қаюмзод
Сухангӯи ҲНИТ